Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Восеъ: "Тоҷиксодиротбонк" $15 ҳазори манро намедиҳад


Хуршед Маҳмадиев.
Хуршед Маҳмадиев.

Як сокини 32-солаи ноҳияи Восеъ мегӯяд, ки аз ду моҳ ба ин тараф наметавонад 15 ҳазор доллари худ аз "Тоҷиксодиротбонк" бигирад.

Хуршед Маҳмадиев, як сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, ки аз ду моҳ ба ин тараф сарсону саргардон аст ва наметавонад ҳудуди 15 ҳазор доллари амрикоии худро аз "Тоҷиксодиротбонк" бозпас бигирад.

Хуршед Маҳмадиев, ки сокини деҳаи Гулободи ҷамоати Абди Авазови ноҳияи Восеъ мебошад, рӯзи 15-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ моҳи августи соли 2015, 25 ҳазор доллар дар ин бонк тариқи шартномавӣ гузошта буд. Хуршед Маҳмадиев афзуд, ки моҳи феврал ин шартномаро қатъ кард ва барои ин, тақрибан 600 доллар ҷарима супурд. Ӯ мегӯяд, баъди супоридани ҷарима, 10 ҳазор долларашро бозпас гирифт аммо боқимондаи пулашро аз бонк дарёфт карда наметавонад.

Хуршед Муҳаммадиев мегӯяд, ки "вақте шартномаро қатъ кардам, даҳ ҳазор долларро гирифтам ва масъулини ин бонк ваъда доданд, ки 7-уми март пули боқимондаро бармегардонанд, аммо ҳудуди ду моҳ мешавад, онҳо маро "имрӯз биё фардо биё гуфта", фиреб доранд ва пули маро барнамегардонанд, Баъди ин қазия ба прокуратура ва суд муроҷиат кардам, аммо онҳо ба ин қазия расидагӣ накарданд."

Робия Отаева
Робия Отаева

Ҳоло Хуршед Маҳмадиев ва хонаводааш аз надоштани пул ду ҳафта боз гуруснанишиниро интихоб кардаанд. Робия Отаева, модари Хуршед дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ худро гунаҳгор меҳисобад, ки писарашро тавсия дод, то пулашро ба бонк супорад ва ҳоло аз аз ин кораш ҳазор бор пушаймон аст. Ӯ мегӯяд, намедонист, ки рӯзе ин бонк писарашро то ин ҳад саргардон мекунад.

"Дар телевизион дидем, ки мегуфтанд, дар бонк пул гузоред ва соҳиби туҳфа шавед ва ман низ ба писарам гуфтам, ки рафта дар бонк пулатро мон, ки аз хона гум нашавад. Аммо имрӯз ман аз ин тавсияи додаам ҳазор маротиб пушаймонам. Гушна нишастаем, бонк пули худашро намедиҳад. Ду ҳафта шуд, ки чизе дар хона нест хӯрем, дирӯз ҳамсоя чанд дона кардошка овард, то хӯрок омода кунем",--гуфт Робия Отаева.

Хуршед Маҳмадиев дар ҳоле барои гирифтани маблағи худ даъво дорад, ки аз моҳи январ ба ин тараф муштариёни "Тоҷикисодиротбонк" барои гирифтани маоши худ ба мушкил рӯбарӯ шудаанд ва ҳатто баъзе омӯзгорон дар минтақаи Кӯлоб, то ҳол маоши семоҳаи худро аз ин бонк гирифта наметавонанд.

Бинои "Тоҷиксодиротбонк" дар Восеъ.
Бинои "Тоҷиксодиротбонк" дар Восеъ.

Нуриддин Ганҷалов, сардори филиали "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Восеъ рӯзи 15 апрел дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки рӯзҳои наздик пули Хуршед Маҳмадиевро барқарор мекунад. Аммо ҷаноби Ганҷалов иллати дар ду моҳ пардохт нашудани пули ин муштариро шарҳ надод. Ӯ гуфт, ки ҳоло барои кори Маҳмадиев банд аст ва дар ин маврид чизе гуфта наметавонад.

"Тоҷиксодиротбонк" яке аз бонкҳои сермуштарии Тоҷикистон буда, маоши аксари пизишкон, омӯзгорон ва дигар кормандони ниҳодҳои давлатӣ аз тариқи ҳамин бонк пардохт мешавад. Аммо аксари муштариёни бонк се моҳи ахир дар гирифтани маошашон ва депозитҳояшон мушкилӣ доранд.

Дастрас накардани маош, гирифта натавонистани депозитҳо аз "Тоҷикисодиротбонк" дар ҳолест, ки баъзе хабаргузориҳои Тоҷикистон

иттилоъ дода буданд, ки се бонки Русия - “Новикомбонк”, “Промсвязбонк”, “ТрансКапиталБонк” аз “Тоҷиксодиротбонк” ба Бонки миллӣ шикоят оварда, дар номаҳои расмӣ изҳор доштанд, ки чанде боз ин бонк ҳудуди 15 миллион доллар қарзи онҳоро баргардонда наметавонад. Ин се бонки Русия аз Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳалли қазия мусоидат хостаанд.

"Тоҷиксодиротбонк" яке аз чор бонки бузурги кишвар аст, ки 20-30 дарсади низоми бонкии кишварро дар даст дорад. Моликони аслии "Тоҷиксодиротбонк" чор ширкат -- ҶСК "Евразия", "Мелодиён " ва "Эҳсон" мебошанд, ки аввали беш аз 58 дарсади саҳмияҳои бонк ва дуи дигар дар алоҳидагӣ 11 фоизи саҳмияҳои бонкро дар ихтиёр доранд. Моликони ширкати "Евразия" Тоҷиддин Пирзода ва шахсе бо номи Забҳулло Нуруллоев ҳастанд.

Сокини Восеъ:$15 ҳазори манро "Тоҷиксодиротбонк" намедиҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

XS
SM
MD
LG