Пайвандҳои дастрасӣ

Як сокини ноҳияи Бохтар, ки худро "генерал-майор" муаррифӣ намуда ва аз тариқи қаллобӣ пулҳои мардумро аз худ менамуд, ба даҳ сол зиндон маҳкум шудааст.

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Маҳмадалӣ Давлатшоев, сокини 36-солаи ҷамоати "Заргар"-и ноҳияи Бохтарро, ки худро худро генерал-майори Кумитаи федеролии мубориза бо фасоди Русия муаррифӣ карда ва аз сокинони минтақа маблағҳои калон ба даст меовардааст, барои даҳ сол равонаи зиндон кард.

Як манбаъ аз Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 30-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати Маҳмадалӣ Давлатшоев ҳафтаи гузашта содир шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҳукми додгоҳ дар нисбати Маҳмадалӣ Давлатшоев то кунун ба ҳолати иҷро надаромадааст ва наздикон ва вакилони дифони маҳкумшуда ҳақ доранд, ки аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ, шикояти кассатсионӣ баранд.

Маҳмадалӣ Давлатшоев дар таърихи 10-уми сентябри соли 2015 ва тибқи шикояти 8 нафар аз сокинони вилоят аз сӯи Оҷонсии мубориза бо фасод боздошт шуда буд. Мақомоти Оҷонсии мубориза бо фасод он замон гуфта буданд, ки пули ба таври қаллобӣ рӯёнидаи Маҳмадалӣ Давлатшоев аз 8 сокини вилояти Хатлон 15 ҳазор доллар амрикоиро ташкил медиҳад.

Алайҳи Маҳмадалӣ Давлатшоев тибқи моддаи марбут ба қаллобӣ, тасарруфи амволи ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба амволи ғайр бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварии Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Он замон гуфта мешуд, ки дар сурати исбот шудани иттиҳом алайҳи Маҳмадалӣ Давлатшоев, қонун барои ӯ ҷарима дар ҳадди аз 500 то 800 андозаи маоши ҳадди ақал ва ё то се сол маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. Аммо ҳоло додгоҳ Маҳмадалӣ Давлатшоевро ба даҳ соли зиндон маҳкум кардааст.

Маҳмадалӣ Давлатшоев барои бори дувум аст, ки барои қаллобӣ боздошт мешавад. Ӯ дар моҳи марти соли гузашта низ аз сӯи маъмурони пулиси ноҳияи Бохтар боздошт шуда буд. Он замон Маҳмадалӣ Давлатшоев худро корманди Оҷонси зидди фасоди вилояти Хатлон муаррифӣ намуда ва бо ваъдаи додани қитъаи замин, аз ниёзмандон аз 3 то 20 ҳазор доллар гирифта буд. Маблағи рӯёнидаи ӯ ҳудуди 400 ҳазор сомониро ташкил медод. Гуфта мешуд, он замон пас аз ҷарима ва ҷуброн кардани пулҳои аз мардум гирифтааш, ӯ афв шуда буд.

Вале маълум нест, ки ин фард чӣ гуна санади "генерал-майорӣ"-ро ба даст овардааст ва ҳамин тавр чигуна мардум ба ин содагӣ ба доми ӯ афтодаанд. Як манбаъ қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Маҳмадалӣ Давлатшоев корманди Комиссияи ҷамъиятии зидди фасод умумирусиягӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа будааст. Аммо Азизуллоҳ Қурбонов, як масъули Оҷонсии мубориза бо фасод дар Хатлон рӯзи 30-юми январ инро рад кард ва гуфт, ин ҷамъият солҳост, ки бо қарори додгоҳ дар Тоҷикистон фаъолият намекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG