Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як сокини ноҳияи Шаҳритус бо таҳияи санади тақаллубӣ худро корманди Оҷонсии мубориза бо фасод муаррифӣ карда ва 20 ҳазор доллари сокини дигари ин минтақаро ба яғмо бурдааст.

Мақомот дар ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ки як сокини ин минтақа бо номи Мусулмон Сатторов худро корманди Оҷонсии зидди фасод муаррифӣ карда, тариқи қаллобӣ 20 ҳазор доллари як сокини ноҳияро аз худ намудааст. Баъди соҳиб шудан ба 20 ҳазор доллар дубора аз Момагул Абдуллоева 400 доллари дигар талаб карда, ҳангоми гирифтани ҳамин маблағ боздошт шудааст.

Мусулмон Сатторов, сокини 30-солаи деҳаи Свердлов, ки дар ҷойе кор намекард, ба мақомоти тафтишот гуфтааст, ки муқоваи санади корманди Оҷонсии зидди фасодро аз дӯконе дастрас кардааст. Ҳарчанд дохили санад навиштаҷоте надошт, аммо Момагул Абдуллоева бо дидани ин санад ба ҳарфи ҳамсӯҳбаташ, ки замини боғчаи бачагонро ба ӯ ваъда додааст, бовар кард. Момагул Абдуллоева, ки дар гузашта раиси ҷамоати деҳоти 20-солагии истиқлолият будааст, мехост дар ин замин бизнеси тозае оғоз кунад.

Олимҷон Ҳақназаров, сардори шӯъбаи Оҷонсии мубориза бо фасод дар ин минтақа рӯзи 23 июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки алайҳи Мусулмон Сатторов тибқи моддаи 247, қисми 4, яъне қаллобии хафнок ва бо миқдори махсусан калон, парванда боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Шаҳритус фиристода шуд.

Мусулмон Сатторов дар як мусоҳибаи видеоии бо кормандони Оҷонсии мубориза бар фасоди молии Хатлон гуфтааст, ки аз як шиносаш хоҳиш кардааст, ки ӯро ба корафтода Момагул Абдуллоева ҳамчун корманди оҷонси муаррифӣ кунад. Сатторов дар ин мусоҳиба мегӯяд, ки барои боварии комилтари Момагул Абдуллоева, ӯ замини боғчаи кӯдаконро наворбардорӣ намуд ва вонамуд кард, ки муҷаввизи замин дар ҳоли омодашавист.

“Ҳуҷҷатҳоро гирифтам, пулро дод, гуфтам, ки зиқ нашав, корат ҳал мешавад, пеши Ғуфрон Асоев, сардори шуъбаи ҷустуҷӯи фаврӣ рафтам, бо ман маслиҳат карда 7 ҳазор долларро додам, ки гуфт корҳо ҳал мешавад"- гуфтааст Мусулмон Сатторов ба ходимони оҷонсӣ.

Аммо Момагул Абдуллоева - зане, ки аз содагӣ як маблағи бузургро дар ихтиёри як шахси ношинос гузошт, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз он нигарон аст, оё пулеро, ки барои замин ба Мусулмон Сатторов додааст, гирифта метонад ё не. "Ба ман гуфтанд, ки пулатро гирифта медиҳем, вале рӯзҳо гузаштанд, намедонам, ки пуламро мегирам ё не? Ҳозир дар назди идораи коррупсия ҳастам, ки ба ин саволам ҷавоб бигирам"- гуфт Момагул Абдуллоева.

Бори аввал нест, ки сокинони соддаи вилояти Хатлон ба доми “полконик” ва “генаралҳои тақаллубӣ меафтанд. Сокини ноҳияи Бохтар Маҳмадалӣ Давлатшоев “генерали Хадамоти зидди фасоди Русяи дар вилояти Хатлон” муаррифӣ карда аз сокинони зудбовари ин вилоят 400 ҳазор сомонӣ ва ё 80 ҳазор доллар ба даст овард.

Давлатшоев аз соли 2013 барои худ шаҳодатаномаи генерали Хадамоти зидди фасоди Русия дар вилояти Хатлонро таҳия кард ва бо сафарҳое ба деҳкадаҳои вилоят анҷом медод. Ӯ ба корафтодаҳо ваъда медод, ки дар гирифтани замини наздиҳавлигӣ ба онҳо кӯмак мекунад.

Чанд моҳи пеш, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки мехост писарашро аз қисми ҳарбӣ ба бемористон интиқол диҳад, ба доми як “полковник”-и тақаллубӣ афтод ва 700 долларашро аз даст дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG