Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як сокини Душанбе ба иттиҳоми таҷовуз ба 2 фарзандаш


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як марди сокини Душанберо ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси ду фарзандаш, боздошт кардааст. Аз ин мард мухтасаран Ҷ.М ном бурда мешавад.

Як сокини шаҳри Душанбе, ки аз ӯ мухтасар Ҷ.М. ном бурда мешавад, ба ҷурми “таҷовуз ба номус” ва “ҳаракатҳои зӯроварӣ нисбат ба фарзандонаш” боздошт шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин сокини 47-солаи Душанберо ҳафтуми феврал, ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир кардааст.

“Муайян карда шуд, ӯ моҳи декабри соли 2014 бо роҳи зӯроварӣ ба номуси духтараш Ҷ.Ш. (соли таваллудаш 1993) таҷовуз намуда, бо ин қонеъ нашуда, нисбаташ ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ намудааст,” - омадааст дар иттилоияи вазорати умури дохилӣ.

Дар идома гуфта шудааст, ин мард дар моҳи марти соли гузашта низ нисбат ба писари 14-солааш, ки хонандаи яке аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ будааст, чунин амалро раво дидааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин маврид ҳоло парванда боз шуда ва тафтишот идома дорад.

Ба иттилои масъулони ВКД, Ҷ.М. қаблан бар асоси моддаи 228, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Русия( қочоқи маводи мухаддир ба ҳаҷми бузург) маҳкум шудааст.

Дар Тоҷикистон барои аввалин бор аст, ки ҳодисаи таҷовузи фарзанд аз сӯи падар ба таври расмӣ эълон мешавад. Дар гузашта ҳодисаҳои таҷовузи духтар аз сӯи падарандар ва ё дастдарозӣ ба номуси наздикон ё маҳорим сабт шуда буд, вале ҳоло барои нахустин бор аст, ки зӯроварии ҷинсии фарзандон аз сӯи падар, сабт мешавад.

Дар Тоҷикистон таҷовуз ба номус ҷинояти сангин ҳисоб меравад. Дар қисми 3 банди “а”-и моддаи 138-и Қонуни ҷинои Тоҷикистон барои таҷовуз ба номуси ноболиғи то 14-сола аз 12 то 25 сол ва ҳатто ҳабси якумрӣ пешбинӣ шудааст. Бар пояи қонунҳои исломӣ, шахсе, ки бо маҳорим ё наздикони худ чунин амалро раво мебинад, ӯро ҳукми қатл интизор аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG