Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номаи 55 маҳбуси сиёсии Эрон ба Барак Обама


Панҷоҳу панҷ маҳбуси сиёсии собиқ ва кунунии Эрон дар як нома ба унвони президенти Амрико навиштаанд, ки интихоби Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури нави Эрон як фурсатеро эҷод кардааст, ки ду кишвар як фасли нави тафоҳуми дуҷонибаро боз намоянд.

Дар ин нома аз раиси ҷумҳур Обама тақозо шудааст, ки аз ин фурсат истифода карда ва таҳримоту дигар иқдомотро, ки дурнамои музокироти босамарро ба хатар меандозад, лағв намояд. Дар ин нома аз таҳримоти “нафасгиркунанда” алайҳи Эрон интиқод шудааст, ки ба гуфтаи муаллифони нома, бар асари онҳо бештар аз ҳама мардуми оддӣ ранҷ мекашанд.

Дар нома омадааст, ки “таҳримҳо на фақат ба муҷозоти ҳукумат, балки ба муҷозоти ҷамъии мардуми Эрон табдил шудааст”, ки дар ниҳоят роҳро барои тақвияти ифротгароӣ ҳамвор мекунад. Панҷоҳу панҷ имзокунандаи ин нома бо ишора ба тарҳи як санади нави Маҷлиси Намояндагони Амрико барои ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон гуфтаанд, ки дар сурати иҷро ин санад, боиси муҳосираи комили Эрон мешавад, ки гоми аввали шурӯъи як ҷанги воқеъӣ аст.

Санади мазкур ҳафтаи гузашта дар палатаи поёнии порлумони Амрико қабул шуд ва дар сурати тасвибаш дар Сенат дар моҳи сентябр ҳукми иҷро мегирад. Дар номаи мазкур, ки аз ҷумла Абдулло Мӯъминӣ, раҳбари собиқи шинохтаи донишҷӯёни Эрон имзо гузоштааст, ҳушдор додаанд, ки сиёсати фишор ба ин кишвар идома ёбад, ин ақида дар байни бахши аъзами мардуми Эрон тақвият мешавад, ки Амрико алоқаманд нест, бӯҳрон байни ду кишвар рафъ шавад.

Дар нома омадааст: Ҷаноби раис, мо ба ин назар ҳастем, замони он расида, ки таҳримҳо ба кӯшишҳо барои расидан ба тафоҳум дар мавриди як роҳи ҳалли қобили қабули масъалаи ҳастаии Эрон табдил шавад.” Дар номаи мазкур Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури нави Эрон ҳамчун сиёсатмадоре тавсиф шудааст, ки ба муколама ва музокироти босамар мӯътақид аст ва онҳое, ки ба Рӯҳонӣ раъй додаанд, хоҳони “тағйироти воқеъӣ” дар тамоми ҷанбаҳои сиёсӣ, аз ҷумла сиёсати хориҷӣ ҳастанд. Дар нома аз ҳукумати Барак Обама ва ҳукумати нави Эрон тақозо шудааст, ки аз тамоми абзору имконоти мавҷуд барои эҷоди эътимод ва дипломатияи босамар истифода кунанд.

Баъди адои савганди расмӣ, Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар нахустин конфронси хабариаш гуфт, Теҳрон омодаи музокироти ҷиддӣ бо Амрико дар мавриди барномаҳои атомии Эрон аст. Дар посух ба ин суханони Рӯҳонӣ, Амрико ҳам гуфт, агар Эрон ба таври ҷиддиву воқеъӣ дар мавриди барномаҳои баҳсбарангези атомиаш баҳс кунад, як “шарики роғиб” ба музокирот пайдо мекунад. Иёлоти Муттаҳида ва муттафиқонаш мегӯянд, ки Эрон саъй дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, иддаъое, ки Эрон пайваста онро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG