Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Козлов шартан озод мешавад


21 июли соли 2015, зиндони Заречний

21 июли соли 2015, зиндони Заречний

Додгоҳи шаҳри Қапчағаи Қазоқистон дар мурофиае, ки рӯзи 4 август дар ҳудуди зиндони рустои Заречнии вилояти Алмаато баргузор шуд, ҳукм кард, ки Владимир Козлов, раҳбари ҳизби мухолифи “Алға” шартан озод шавад. Владимир Козлови 55-сола соли 2012 бо иттиҳоми барангехтани адовати иҷтимоӣ ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд. Бахши қазоқии радиои Озодӣ менависад, ки озодии Козлов дар пасманзари музокироти вазирони хориҷаи ИМА ва Қазоқистон – Ҷон Керрӣ ва Ерлан Идрисов дар Вашингтон сурат гирифт.

Козлов то имрӯз 4,5 соли умрашро дар зиндон сипарӣ кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш ҳукми 8 октябри соли 2012-и додгоҳро дорои ангезаҳои сиёсӣ меномад. Козлов баъди он боздошт шуд, ки полис дар пахши эътирозҳои коргарони ширкати нафти шаҳраки Жанаозен дар ҳодисаҳои декабри соли 2011 аз силоҳ истифода кард. Дар он ҳодисаҳо 16 нафар кушта ва беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Барои озодии Козлов на танҳо сиёсатмадорону фаъолони ҳуқуқи башар дар дохили Қазоқистон, балки созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои хориҷӣ садо баланд карданд. Шароити будубоши ӯ дар зиндон ҳам осон нагузаштааст. Борҳо дар матбуот шикоятҳо аз шароити нигаҳдорӣ, муҷозоти ӯ дар зиндон барои итоат накардан ба зиндонбонҳо ва маҳрумиятҳо аз мулоқот бо наздиконаш зиёд нашр шудаанд. То замони додгоҳи охир Козлов дар режими махсус нигаҳдорӣ мешуд.

Ҳукми зиндони Козловро дар баробари Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин департаменти давлатии ИМА ҳам шадидан маҳкум кардаанд. Як фаъоли ҳуқуқи башар дар Қазоқистон Евгений Жовтис, ки хабари озодшавии шартии Козловро ба матбуот додааст, гуфт, “ба шарофати интиқодҳои байналмилалӣ ҳукумати Қазоқистон фишорро болои мухолифон ва фаъолон андаке коҳиш дод”.

Жовтис аз ҳукми додгоҳ ва Қапчағай ҳамчун як “аломати хубе аз берун” истиқбол кард ва гуфт, ҳоло обрӯи Қазоқистон ҳам дар арсаи байналмилалӣ бояд беҳтар шавад. Як фаъоли дигари ҳуқуқи башар дар шарҳаш дар ин мавзӯъ гуфт, ки эҳтимолан Козловро “имрӯз ё фардо озод накунанд”, чунки қарори додгоҳ бо гузашти 15 рӯз аз замони содир шуданаш иҷро мешавад. Хабарнигорон мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд, озодшавии Козлов яке аз талабҳои мақомоти амрикоӣ буд ва ба хотири беҳбуди равобит бо Вашингтон Остона омода шуд як сиёсатмадори маъруфи мухолифинро озод кунанд.

XS
SM
MD
LG