Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айнаки "сеҳрнок" барои "Айфон" (ВИДЕО)


Як ихтироъкори курд барои "Айфон" як рӯйкаши махсусе офаридааст, ки фақат ба соҳибаш имкон медиҳад, бо айнаки махсус ҳарчиро, ки дар "Айфон"-аш ҳаст, бибинаду бихонад.

Бисёре аз мо ҳангоми истифодаи телефони худ дар берун ё дар нақлиёт як мушкил дорем. Аз он метарсем, ки касе номаи моро нахонад. Ҳоло як ихтироъкор дар Туркия иддао дорад, ки ин мушкилро ҳал кардааст.

Ҷалол Гӯгар барои "Айфон" як лавҳе офаридааст, ки мӯҳтавои рӯи онро ноаён мекунад ва барои дидану хондани "Айфон" ҳамин айнакро бояд дошта бошед. Сеҳри ихтироъ як чип ҳаст, ки байни айнак ва телефон иртибот барқарор мекунад.

"Ман аввалин айнакро дар шаш моҳ сохтам, дуввумашро дар чаҳор моҳ. Барои сохтани саввумаш 2 моҳ даркор шуд. Ҳоло яктоашро дар даҳ рӯз месозам," – мегӯяд Ҷалол Гӯгар. Ҳамшаҳриёни Гӯгар дар зодгоҳи ӯ шаҳри Бисмил аз ин ихтироъ ба ваҷд омадаанд ва баъзе умедворанд, рӯзе онро дар бозор бибинанд.

"Ман умед дорам, тавлиди саноатӣ шурӯъ мешавад ва мо аз ин ихтироъ баҳра мебарем. Чунки мардум метавонанд, аксҳои хусусии Шумо, паёмакҳо ва номаҳои Шуморо бибинанд. Баъзе чизҳое ҳаст, ки мо намехоҳем дигарон бинанд. Ҳоло паёмҳои хусусии худро аз тарс хонда наметавонем," – мегӯяд Аҳмад Гӯгар, сокини Бисмил.

Ҷалол Гӯгар мегӯяд, қабл аз фурӯш бояд ҳаққи муаллифии айнак барои "Айфон"-ро ба номаш сабт кунад. Нақшаи ояндаи ӯ офаридани чип аст, ки дар ҳамаи айнакҳо ҷой дода шавад ва бо як фишор додан, мӯҳтавои ноёни телефонро аён кунад.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАРРО ДАР ИН ВИДЕО БИБИНЕД:

Айнаки махсус барои Айфон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

XS
SM
MD
LG