Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо гузашти як моҳ аз куштори ваҳшиёнаи 5 узви хонаводаи Бобоевҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳанӯз шахсияти ҷинояткорон ошкор нашудааст.

Додситонии вилояти Суғд, ки тафтиши парвандаи ин қазияро пеш мебарад, мегӯяд, ҳанӯз дар робита ба ин ҷиноят касе дастгир нашудааст. Шӯҳрат Солиҷонов, сардори шӯъбаи тафтишот дар додситонии вилояти Суғд ба Озодӣ гуфт, тафтиш ва тадобири фаврию ҷустуҷӯӣ идома дорад. Дар бораи куштори аҳли хонаводаи тиллофурӯши Бобоевҳо додситонии вилояти Суғд парванда боз карда, ба тафтиши он як гурӯҳи махсуси тафтишоти фаврӣ машғул аст.




Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар суҳбат бо "Озодӣ" гуфт, дар ҳоли ҳозир ба хотири халал нарсонидан ба ҷараёни тафтиш дар бораи ҷузъиёти он чизе гуфтан наметавонад: “Тафтиши ин ҷиноят дар зери назари раҳбарияти вазорат ва ҳукумат ҷараён дорад, аммо дар сурати натиҷаҳо ба даст омадан ва ошкор шудани ҷиноят, ҳатман дастраси матбуот хоҳем кард.”

Шаби 1-ум ба 2-юми июни соли 2013 шахсони ношиноси мусаллаҳ аз болои девор ба манзили зисти Аҳмадхӯҷа Бобоев, воқеъ дар канори шаҳраки Ғафуров ворид шуда, бо истифода аз силоҳи мусалсали "Калашников" Бобоев Аҳмадхӯҷа, ҳамсараш Бобоева Ҳаётхон, духтари 16-солаи онҳо Бобоева Рухшона ва писарашон Бобоев Сӯҳробро, ки 15 сол дошт, ба қатл расонидаанд.

Ҳамлагарон фарзанди дигари ин хонавода Санҷарбек Бобоеви 6-соларо дар ҳаммоми манзил маҳкам карда, сандуқи оҳанини Бобоевҳоро мешикананд ва тахминан ба маблағи 30000 доллар ҷавоҳироти тиллоиро бо худ бурданд. Ба гуфтаи мақомоти милиса, ғоратгарон баъди ин ҳама бо мақсади рӯйпӯш намудани амали худ манзили Бобоевҳоро оташ мезананд, ки дар натиҷа Санҷарбеки 6 сола аз дуди оташ низ ба ҳалокат расид.

Дар пайи ин куштори даҳшатнок мақомоти интизомӣ эълон карданд, ки бо ташаббуси соҳибкорони вилояти Суғд барои нафароне, ки ҷинояти мазкурро ошкор менамоянд ва ё барои кушодани он мусоидат мекунанд, 30 000 доллари амрикоӣ мукофот таъин шудааст. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 уми июн зимни мулоқоташ бо раҳбарон ва фаъолони Суғд дар Хуҷанд ба ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амнияти шаҳрвандон таъкид кард, тамоми нерӯву имконоти худро ба кор баранд ва қотилони оилаи Бобоевҳоро ошкор ва дастгир кунанд.

Баъд аз ин ҳодиса ҷавоҳирфурӯшони Хуҷанд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қатли аҳли хонаводаи ҳамкасби худ ба хотири ғорати пулу тиллои онҳо аз ҷониби ҷинояткорони номаълум онҳоро дар ҳаросу таҳлука андохтааст.
Ва ин дар ҳоле ки моҳи декабри соли 2011 ду сарроф, падару писар, Юлдош ва Фарҳод Бурҳоновҳо, вақте ки аз дӯкони саррофии худ бармегаштанд, дар назди манзили зисташон дар маркази Хуҷанд ҳадафи тири афроди номаълум қарор гирифта буданд. Ба думбол раёсати корҳои дохилии Суғд эълон дошт, ки омилони эҳтимолии куштори ин ду саррофро маълум намуда, таҳти пайгарди қонунӣ қарор додааст.

Фирӯзаи Ҳомид, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, то ҳанӯз дастгир нашудани қотилони саррофони Хуҷанд ва такрори ҷинояти монанди он дар ноҳияи Ғафуров эътимоди мардумро то андозае аз мақомот дар таъмини амнияти худу дороиашон костааст. “Агар аз натиҷаи корашон дар ҷустуҷӯи қотилони падару писари сарроф мардумро огоҳ ва ба ҳамкорӣ даъват мекарданд, он гоҳ сокинон ҳам шердилтар ва барои ҳамкорӣ бо мақомот барои дастгир кардани ҷинояткорони мусаллаҳ роғибтар мешуданд, ” - афзуд вай.

Зимнан, эълони додани мукофотпулӣ ба маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ ба касоне, ки ба ошкор намудани ҷинояти қатли аҳли хонаводаи Бобоевҳо мусоидат мекунанд, аз ҷониби мақомот ҳодисаи дар Суғд ҳодисаи нодир аст. Ва бозгӯи он ҳам ҳаст, ки мақомот мехоҳанд ба ҳар қимате бошад, қотилонро пайдо карда, дар курсии ҷавобгарӣ бинишонанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG