Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Подполковники гумонбар ба “бачабозӣ” бо ҷарима ва ихроҷ “халос” шудааст


Боздошти гумонбари педофилия дар Санкт-Петербург
Боздошти гумонбари педофилия дар Санкт-Петербург

Як афсари 31-сола, ки бо иттиҳоми "бачабозӣ" дар Санкт-Петербурги Русия боздошт ва шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ шудааст, бо 50 000 рубл ҷарима ва ихроҷ аз қаламрави Русия “халос” хӯрдааст.

Як афсари 31-сола, ки матбуоти Русия дар поёни ҳафтаи гузашта хабари боздошташро бо иттиҳоми “бачабозӣ” нашр карда буданд, рӯзи 15 июн аз сӯи додгоҳи маҳаллӣ бар асоси моддаи 6.21-и Кодекси қонунвайронкуниҳои маъмурии Русия бо ҷурми “таблиғи равобити ҷинсии ғайримуқаррарӣ дар байни ноболиғон” ба 50 000 рубл ҷарима маҳкум шудааст. Ин нафар, ки расонаҳои Русия ӯро афсари баландпояи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва унвони низомиашро подполковник мегуфтанд, ҳамчунин бо ҳукми додгоҳ иҷборан аз қаламрави Русия берун (выдворение) карда шуда, 5 соли оянда ҳаққи вуруд ба ин кишварро нахоҳад дошт.

Аммо дар сомонаи пулиси нақлиёти ҳавзаи Шимолуғарбии Русия, ки ин афсарро маҳз маъмурони ҳамин ниҳод шоми 11 июн дар вокзали “Москва”-и шаҳри Санкт-Петербург дастгир карда буданд, дар хабари расмиаш дар ин бора дар мавриди аз кадом кишвар будани ӯ чизе нагуфтаанд. Нафари маҳкумшуда дар сомонаи расмии пулис танҳо “як сокини 31-солаи хориҷаи наздик” муаррифӣ шудааст.

Аммо гуфта мешавад, ки ин мард ба Петербург барои таҳсил дар яке аз давраҳои такмили ихтисос омада, “дар вақти холиаш мехост фароғати худро бо мулоқотҳо бо ноболиғон обуранг диҳад.” Тафтиши пулиси нақлиёт маълум кардааст, ки ӯ бо як наврас дар яке аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ алоқа барқарор кардаааст: “Аз мукотибаи хусусӣ ин мард синни ҷавони ин писарро медонист, вале бо ин вуҷуд ба ташвиқи кӯдак барои амалҳои фаҳши ҷинсӣ идома дод.” Дар ниҳоят, ӯ бо ин ноболиғ дар вокзали роҳи оҳани “Москва” мулоқот таъин мекунад, вале маъмурони пулиси нақлиёт вайро дастгир кардаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия қаблан гуфт, хабари гӯё боздошти афсари калони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба иттиҳоми "педофилия" онҳоро низ такон додааст ва ҳоло пайи таҳқиқи қазия ҳастанд. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорат, рӯзи 14 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, консули фахрии кишвар дар Санкт-Петербург бо дастури сафир Имомуддин Сатторов вазифадор шудааст, дурустӣ ё нодурустии ин хабарро мушаххас кунад.

"Дар сурати ба даст омадани иттилои дақиқ, ки воқеан ин хабар то куҷо дуруст ва то куҷо дурӯғ мебошад, расонаҳоро огоҳ хоҳем кард," -- афзуд Эгамзод.

Ӯ гуфт, "ҳанӯз мушаххас нест, ки оё ин фарди боздоштшуда аз Тоҷикистон аст, ё аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ. Вале матбуоти Русия ҳоло ӯро афсари калони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон муаррифӣ карда, ба "педофилия" ҳам муттаҳам намуданд. Ин тӯҳмати андак нест."

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон афзуд,"бисёр ҳолатҳое шудааст, ки матбуоти Русия пеш аз пода чанг бардошта дар чунин амалҳо тоҷиконро муттаҳам кардаанд, ҳарчанд дар охир исбот шудааст, ки афроди муттаҳам тоҷик набуданд. Матбуот дубора ба ин мавзӯъ барнамегарданд, вале номи шаҳрвандони Тоҷикистон доғдор мемонад."

Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон ҳам гуфтанд, дар ин бора иттилои расмӣ нагирифтаанд ва сӯҳбат дар бораи қазияе, ки барояшон дақиқ нест, мушкил аст.

XS
SM
MD
LG