Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як ҷавони бадахшӣ, ки боздошти ӯ рӯзи 12 сентябр боиси таҷаммӯъи як гурӯҳи ҷавонон дар назди бинои раёсати кумитаи амнияти вилояти Бадахшон шуд, баъди бозпурсӣ раҳо ёфтааст.

Сангалӣ Носиров дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маъмурони амниятӣ иштибоҳан ӯро ба ҷои дигаре дастгир кардаанд. Пас аз раҳоии Сангалӣ, ҷавонони дар назди бинои раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Бадахшон ҷамъомада, ки шумораи онҳо, ба гуфтаи манобеъи Озодӣ, камокон ба 100 нафар наздик мешуд,пароканда шуданд.

Сабаби таҷаммӯъи ин ҷавонон боздошти ҷавоне бо номи Сангалӣ Носиров, сокини ноҳияи Роштқалъа будааст. Гуфта мешавад, ки ӯро кормандони раёсати амният дар либоси мулкӣ дар роҳ боздошт карда ва ба идораи амният овардаанд.

Як намояндаи раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон ба назди эътирозгарон омада, гуфтааст, ки Сангалӣ Носиров аз сӯи маъмурони амниятӣ ба гумони тирандозии шабона боздошт шудааст. Шараф Азизуллоев, намояндаи раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон ба ҷамъи ҷавонони таҷаммӯъкарда дар назди бинои амнияти вилоят гуфтааст, "ин ҷавон дар тирандозӣ ба ҳаво, ки чанд шаби пеш рух додааст, гумонбар дониста мешавад ва аз ин рӯ боздошт шудааст."

Гуфта мешавад чанд шаби пеш садои шиллик шудани чанд тир ба ҳаво дар Хоруғ шунида шудааст.ит Аммо ҷавонони таҷаммӯъкарда гуфтанд, Сангалӣ аз як деҳаи дурдаст аст, ки рабте ба ин тирпаррониҳо надорад ва боздошти вай ба эҳтимоли зиёд иштибоҳӣ сурат гирифтааст.

Хорса Хоҷабеков, дӯсти Сангалӣ Носиров, мегӯяд, Сангалӣ дар ошхонаи назди бозори шаҳри Хоруғ кор мекунад ва онҳо ба хотири гирифтани телефони мобилӣ ба таъмиргоҳ омада буданд, ки аз рӯ ба рӯяшон маъмурони амниятӣ бо либоси мулкӣ баромада, ӯро боздошт карданд ва ба раёсати амният оварданд.

Хоруғ дар моҳи июли соли 2012 шоҳиди амалиёти нирӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ дар ин минтақа шуда буд, ки ба гуфта мақомот, мунҷар ба ҳалокати 21 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ, 2 тан аз сокинони давлатӣ ва 23 нафар аз нирӯҳои давлатӣ шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG