Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳе аз устодони донишгоҳи Кӯлоб ба додгоҳ шикоят бурдаанд, то музди кори думоҳаашонро аз ҳисоби "Тоҷиксодиротбонк" биситонад.

Даҳ нафар аз устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба сабаби нагирифтани музди кори думоҳа "Тоҷиксодиротбонк"-ро ба додгоҳ кашидаанд. Бонке, ки бинобар мушкилоти молӣ, мудирияташро Бонки миллии Тоҷикистон ба даст гирифт.

Бахтиёр Сафаров, яке аз ин устодон рӯзи 19-уми май зимни ба Радиои Озодӣ гуфт, “намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” дар Кӯлоб маоши моҳи январ ва феврали иддае аз устодонро пардохт накард ва маҷбур шудем ба додгоҳи шаҳри Кӯлоб барои бозпас гирифтани пуламон муроҷиат кунем”.

"Як гурӯҳ аз устодон бо тағабозӣ маошашонро гирифтанд, аммо нафароне, ки тағо надоштанд, пулашон дар кортҳо мондааст ва аз ягон банкомат гирифта наметавонем. Вақте ба бонк муроҷиат

Бахтиёр Сафаров

Бахтиёр Сафаров

мекунем, мегӯянд, пул надорем, аз куҷо диҳем. Барои ҳамин ба додгоҳ мактуб навиштам ва дигар аз ҳамкорон низ бо ман ҳамроҳ шуданд.” –гуфт, Бахтиёр Сафаров.

Бори аввал аст, ки иддае аз устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хотири дарёфт накардани пули маоши ду моҳаи худ ба додгоҳ шикоят бурда ва мехоҳанд, то аз тариқи қонунӣ мушкилашонро ҳал кунанд. Масъулони намояндагии "Тоҷиксодиротбонк" дар шаҳри Кӯлоб хабари пардохт накардани пули як идда аз устодони донишгоҳро тасдиқ карданд.

Як намояндаи бонк гуфт, набуди пули нақд имкон надодааст, музди кори муаллимон пардохта шавад, вале ибрози умедворӣ кард, ки бо иваз шудани раҳбарияти “Тоҷиксодиротбонк” вазъи молии бонк беҳтар шавад ва устодону муштариён битавонанд дар ояндаи наздик пули худро бигиранд.

"Худатон вазъияти бонкро медонед. Бовар кунед ҳар рӯз 10-20 устод меояд. Лекин дар хазина пул бошад чаро мо намедиҳем. Ҳоло роҳбарияти муввақатӣ омадааст, эҳтимол аз моҳҳои июн пул шавад ва ҳатман пули муштариён, аз ҷумла устодони донишгоҳ пардохт карда мешавад”- гуфт мусоҳиби мо.

Шаҳбози Рустамшоҳ

Шаҳбози Рустамшоҳ

Шаҳбози Рустамшоҳ, яке дигар аз устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мегӯяд, ки мушкили гирифта натавонистани пули маоши худро борҳо тариқи матбуот матраҳ кардааст, аммо ин роҳ низ натиҷаи муассир надод. Ҳарчанд пас аз саргардониҳои зиёд каме аз пулашро бонк додааст. Чун қисмати зиёди пулаш дар бонк мондааст, маҷбур шудааст, ба додгоҳ шикоят барад.

“Рӯзе шуд, ки то бегоҳ дари бонкро гирифтем, аммо масъулони бонк як ҳарф доранд, пул надорем. Танҳо чанд бор 50 сомонӣ гирифтем ва аз 1, 5 ҳазор сомонӣ ҳудуди ҳазор сомонии дигараш мондааст, ки сарсону саргардонем”. –мегӯяд ин устоди донишгощ.

Ду рӯз қабл Бонки миллии Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъи “Тоҷиксодиротбонк” мудирияти онро ба даст гирифт. Дафтари матбуоти бонк рӯзи 19-уми май хабар дод, ки ҳадаф аз ташкили мудирияти муваққатӣ дар ин бонки бузург, ​"ҳимояи манфиатҳои соҳибони пасандозҳо ва қарздеҳон гирифта шудааст."

Бонки миллӣ ба маъмурияти муваққатӣ дастур додааст, ки "фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда", барои беҳтар кардани вазъи молиявии "Тоҷиксодиротбонк" чораҳои зарурӣ андешанд.

Номаи устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба додгоҳ.

Номаи устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба додгоҳ.

Мирҳаёт Ёқубов, раҳбари гурӯҳ, ба ҷойи Тоҷиддин Пирзода мудирияти "Тоҷиксодиротбонк"-ро бар ӯҳда гирифтаааст. Мирҳаёт Ёқубов ба тозагӣ муовини раиси Департаменти идораи захираҳои байналмилалии Бонки миллӣ таъин шуда буд.

“Тоҷиксодиротбонк” дар ҳоли ҳозир, баъди “Агроинвестбонк” дувумин бонки бузурги Тоҷикистон ба шумор меояд ва аз лиҳози ҳаҷми гардиши маблағ дар раддабандии бонкҳои бузург аз “Ориёнбонк”-у “Амонатбонк” болотар меистод. Аммо пас аз таъсири манфии бӯҳрони иқтисодӣ вазъи “Тоҷиксодиротбонк” якбора бад шуд ва муштариён ҳам натавонистанд, аз банкоматҳои он пул бигиранд. Мақомот мегӯянд, масъалаи ба Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд додани саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” баррасӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG