Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яке аз размандаҳои Иттиҳодияи мухолифини пешини тоҷик, пас аз сипари намудани 11 соли зиндон, аз маҳбас раҳо шудааст.

Парвина Ализода, ходими Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 28-уми ноябр ба "Озодӣ" гуфт, ки Олимхон Иброҳимов, сокини шаҳри Кӯлоб, тибқи қарори Додгоҳи олӣ, бо адои давраи ҷазо аз маҳбаси рақами аввали пойтахт озод карда шуд.

Олимхон Иброҳимов дар авохири соли 2000-ум дар Душанбе боздошт шуд ва Додгоҳи пойтахт 31-уми январи соли 2001 ӯро барои амалҳои роҳзанӣ, омодагӣ барои анҷоми сӯиқасд, тибқи моддаи 249, қисми 4 ва барои кӯшишҳои ретсидивистона бо мақсади ба дастовардани маблағи махсусан калон, 15 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Бар пояи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2011 ва тибқи қонуни афв, чаҳор соли давраи ҷазои Олимхон Иброҳимов кам ва мебоист озод карда мешуд. Аммо Додситонии кулл бо эътирози худ дар мавриди маҷмуи гуноҳҳои Олимхон Иброҳимов, ӯро аз афв шудан маҳрум кард.

Намояндагони мухолифини собиқ мегӯянд Олимхон Иброҳимов воқеан дар сафи размандаҳо буд, аммо ҳамчун ҷангии мухолифини пешин ба додгоҳ кашида нашудааст. Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, даҳҳо размандаҳои собиқ мухолифин бо вуҷуди борҳо афв шуданашон, бо ҷурмҳо ва баҳонаҳои мухталиф дигарбора зиндон шудаанд.

Наздикони Олимхон Иброҳимов мегӯянд, даҳҳо зиндониёни маҳбаси рақами аввал аз тарафи Додсиитонии кулл дар амнистияи соли гузашта, аз афв маҳрум шуданд.
Додитонии кулл барои маҷмуи ҷурмҳои содирнамуда, як қатор маҳбусҳоро аз афв шудан боздошт. Тавре наздикони Олимхон Иброҳимов мегӯянд, дертар асноду аризаи онҳо аз тариқи Раёсати маҳбасҳо ба Додситонӣ пешниҳод шуд. Бо таъсиси як комиссияи вижаи Додситонии кулл ва ниҳодҳои дигари додгоҳии Тоҷикистон, асноди маҳбусҳо, аз ҷумла Олимхон Иброҳимов омӯхта ва мавриди тафтиш қарор гирифт.

Парвина Ализода, ходими Раёсати маҳбасҳои вазорат адлия тасдиқ кард, ки воқеан комиссияи махсуси Додситонии кулл санадҳои чанд маҳбусро мавриди санҷиш қарор дода ва Додгоҳи олӣ бар асоси ин санадҳо қарори афви соли 2011-ро дар нисбати Олимхон Иброҳимов татбиқ кард ва бо назардошти чаҳор сол кам карда шудани муҳлати ҷазо, вай рӯзи душанбе аз маҳбаси рақами аввал озод шудааст.
XS
SM
MD
LG