Пайвандҳои дастрасӣ

Баъд аз зӯҳри рӯзи сешанбеи 28 август дар бинои нӯҳтабақаи рӯ ба рӯи фурӯшгоҳи марказии Душанбе сӯхторе сар зад.

Бар асар ин оташсӯзӣ дар манзили дуутоқаи ошёнаи чаҳорум панҷ метри мукабб манзил ва ҷиҳози хона ба коми оташ рафт. Мавриди оташсӯзӣ дар он манзил касе набудааст ва сӯхторхомӯшкунон барои фурӯ нишондани оташ панҷараҳои тирезаи он манзилро шикаста ва вориди утоқҳо шудаанд. Дар ин ҳодиса касе кушта ё захмӣ нашудааст.

Гуфта мешавад сабаби ин оташсӯзӣ расиши ноқилҳои барқии кондитсионер будааст, вале ҳанӯз ин фарзия расман таъийд нашудааст.


Соҳиби ин манзил, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт, дар манзилаш шаҳрвандони Афғонистон иҷора менишинанд. Ҳанӯз баъзе ҷиҳози соҳибхона низ аз он сӯхтор зарар дидааст. Хисороти молии ин оташсӯзии манзил ҳанӯз мушаххас нест.
XS
SM
MD
LG