Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бахшида ба 90-солагии маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» дар бинои “Шарқи озод” барои ҳаводорони ҳунари ҳаҷв дарс ё “Мастер-класс” бо ширкати ҳаҷвнависони шинохтаи тоҷик баргузор шуд. Дар ҷараёни он карикатуристон ба тамошобинон, ки асосан ҷавонон буданд, чанд дарси ҳунари ҳаҷвнигориро омӯзонданд.

Маҷаллаи ҳазлу танзи «Хорпуштак» аз бонуфузтарин нашрияҳои чаҳор даҳсолаи даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон буд. Собиқадорони ин маҷалла мегӯянд, як муддат, ки ин маҷалла аз нашр бозмонда буд, каме фаромӯш шуд. Таъсири матолиби ҳаҷвии ин маҷалларо ҳам нисбати солҳои шуравӣ камтар арзёбӣ мекунанд.

Шералӣ Мусо, шоир ва собиқадори ин маҷалла мегӯяд: “Вокуниш албатта дар давраи Шуравӣ беҳад хуб буд. На танҳо дар байни мардум, балки дар ниҳодҳои партиявӣ, ҳатто дар сатҳи комитети марказии ҳизби коммунист вокуниш ба амал меомад ва чораҳо ҳам дида мешуд. Албатта, имрӯз ҳам дар сатҳи ниҳодҳои ҳукуматӣ кам-кам вокуниш мешавад”.

Масъулони маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” мегӯянд, бо вуҷуди он ки умдатан ин маҷалла ба таври обуна ба дасти хонанда мерасад, дар чанд соли ахир ҷалби рассомони ҳаҷвнигор сифат ва мӯҳтавои онро беҳтар кардаанд. Ашрафи Афзал, сардабири "Хорпуштак" мегӯяд: “Дар як давра ин маҷалла аз нашр монда буд ва шӯҳрати пешинаашро аз даст дод. Вале шукри Худо, ду-се соли охир обрӯи аввалаашро барқарор карда истодааст.”

Маҷаллаи “Хорпуштак” ҳоло бо сарпарастии вазорати фарҳанг ва гурӯҳи эҷодии ин маҷала чоп мешавад. Нахустшумораи маҷаллаи ҳаҷвӣ соли 1926 бо номи "Мулло Мушфиқӣ" аз чоп баромад ва солҳои баъдӣ чандин бор тағйири ном кард: "Калтак", "Бигиз", "Мушфиқӣ", "Хоҷа Насриддин" ва аз соли 1953 бо номи "Хорпуштак"-ро ба худ ихтисос дод.

Дар давраи Шӯравӣ ин маҷалла аз шӯҳрати хосе бархурдор буд. Мансабдорон аз нашри маводе дар бораашон дар ин маҷалла ҳамеша ҳарос доштанд. Нашри ҳаҷве дар “Хорпуштак” нисбати ягон нафар ҳатто то хориҷ шудан аз ҳизб оварда мерасонд. Шералӣ Мусо мегӯяд, “Ҳатто як дуо ҳам буд, ки дуои бад мекарданд, мегуфтанд номат дар хорпуштак барояд. Яъне дуои бадтарин буд, чунки баромадани ном дар хорпуштак маънои танқиди сахтро дошт.”

Маҷаллаи Хорпуштак ҳоло бо тиражи 2000 нусха, дар ҳаҷми 12 саҳифаи ранга, бо тасвриҳои гуногун моҳе як маротиба ба табъ мерасад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG