Пайвандҳои дастрасӣ

Муттаҳам дар марги Мумтоз афв шуд


Мумтоз Ширинбекова тобистони соли ҷорӣ дар бемористон даргузашт.

Мумтоз Ширинбекова тобистони соли ҷорӣ дар бемористон даргузашт.

Додгоҳи шаҳри Хоруғ пизишк Зарина Қурбонмаҳмадова -- аз муттаҳамони марги Мумтоз Ширинбековаи 26 соларо, ки баъди таваллуд фавт карда буд, афв намуд.

Додгоҳ яке аз табибони зоишгоҳи шаҳри Хоруғро, ки дар марги Зарина Қурбонмаҳмадова муттаҳам дониста мешуд, афв намудааст. Эҳсон Шогунов, шавҳари Мумтоз Ширинбекова рӯзи ҷумъаи 28 ноябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳи шаҳри Хоруғ, ин тасмимро дар чорчӯби иҷрои “Қонуни афв” содир кард. Чун иттиҳоме, ки ба пизишк Зарина Қурбонмаҳмадова нисбат шуда буд, ба қонуни афв афтод ва додгоҳ низ ӯро афв карда ва аз ҷавобгарӣ озод намуд. Эҳсон мегӯяд, "дар ҳақиқат ман ва пайвандони Мумтоз аз ин тасмим розӣ нестем, аммо коре карда наметавонем.”

Муфаттишони додситонии шаҳри Хоруғ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҳақиқат Заррина гуноҳи худро ба дӯш гирифт ва аз додгоҳ талаб кард, ки дар нисбати ӯ қонун афв татбиқ шавад ва додгоҳи ин талаби ӯро пазируфт.

Мумтоз Ширинбекова тобистони соли ҷорӣ дар пайи таваллуди фарзанд, дар зоишгоҳи шаҳри Хоруғ даргузашт. Зарина Қурбонмаҳмадова, ки он рӯз масъулияти пизишки навбатдорро бар ӯҳда дошт, дар марги Мумтоз бо иттиҳоми “хунукназарӣ” айбдор дониста шуд ва тафтишот алайҳи вай ҷараён дошт. Аммо бо ин ҳам дар оғоз Зарина Қурбонмаҳмадова, худро дар марзи Мумтоз айбдор намедонист, вале пайвандони Мумтоз мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба мувофиқ омадани ин иттиҳом ба Қонуни афв, дар ниҳоят вай гуноҳро бар дӯш гирифту афв шуд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Эҳсон Шогунов, шавҳари Мумтоз ҳодисаи таваллуди ҳамсарашро ба ёд оварда мегӯяд, «шоми 24 июн дардаш сар шуд, беморхона бурдем. Зарина Қурбонмаҳмадова навбатдор буд ва ӯро қабул кард. Рӯзи 25 июн ӯро ба утоқи таваллуд буданд. То соати 4 таваллуд карда натавонист. Гуфтанд ки ҷарроҳӣ мекунем. Баъди 20 дақиқа Зарина баромад ва гуфт, ҳама хуб аст ва рӯзи дигар ӯ пурра ба по мехезад. Мо ҳама хушҳол ба хона рафтем. Баъди чанде ба мо занг заданд ва гуфтанд, ки хун даркор, ман таваллудхона омадам ва донор ёфта, хун гузарондем. Як муддат ҳолаш хуб шуд, вале бегоҳ боз бад шуд. Зарина ҳама табибонро даъват кард ва ӯро дубора ҷарроҳӣ карданд. Мо боз хун кофтем. Баъдтар ба мо гуфтанд, ки ҳангоми ҷарроҳӣ рӯдаи ӯро захмӣ кардаанд. Ҳамин тавр, ҷарроҳии сеюму чорум шуд. Дар рӯзи охирин ҷарроҳӣ Мумтоз даргузашт.»

Марги Мумтоз Ширинбековаи 26-сола баъди таваллуд мавҷи норозигиҳо аз кори табибонро ба бор оварда, ба як мавзӯи баҳсҳои тунд дар Интернет ва ҳам дар шаҳри Хоруғ табдил ёфт. Як ҳайат аз вазорати тандурустии Тоҷикистон барои баррасии шикоятҳо аз хатои пизишкони зоишгоҳи шаҳри Хоруғ ба маркази маъмурии вилояти Бадахшон сафар кард.

Сафари ҳайати махсуси вазорати тандурустии Тоҷикистон таҳти сарварии Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва модару кӯдаки ин вазорат ба Хоруғ дар ҳоле ҷараён гирифт, ки фавти Мумтоз, модари ҷавон ҳангоми таваллуд шабакаҳои иҷтимоиро такон доду рӯзи 14 июл наздикони ин зан ва беш аз 10 нафар ҷабрдидаи дигар дар назди додситонии шаҳри Хоруғ ҷамъ омада ҷазои пизишк Зарина Қурбонмаҳмадоваро талаб кардаанд.

Аммо масъулони раёсати тандурустӣ дар Вилояти Бадахшон рӯзи 15 июл ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки модари ҷавон Мумтоз Ширинбековаи 26-сола рӯзи 8 июл дар пайи ҷарроҳӣ ва хунравии зиёд фавтидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG