Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мастона: "Ман дар Вазиристони Покистон набудам". ВИДЕО


Мастона Насруллоева
Мастона Насруллоева

Як ҷавондухтари тоҷик, ки ба гуфтаи мақомоти Кӯлоб дар хориҷ ба таҳсили ғайриқонунӣ машғул буд, ахиран ба Тоҷикистон баргашт ва ҳама овозаҳоро нисбати худ рад кард.

Мастона Насруллоева ҷавондухтарест, ки баъди хатми Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, барои зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ сафар карда, тайи чанд соли охир дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ дошт. Давоми се соли дар хориҷ буданаш нисбати ӯ овозаҳое паҳн шуд, ки гӯё ӯ ба Вазиристони Покистон барои таҳсил ба мактабҳои экстремистиву террористӣ рафтааст. Мақомот исми Мастонаро дар рӯйхати 11 донишҷӯе ворид карданд, ки бидуни иҷозатномаи расмӣ ба мактабҳои исломии Арабистони Саудӣ ва Покистон барои таҳсил рафтааст. Зимнан, ӯ танҳо духтаре буд, ки дар нисбаташ чунин хабар аз ҷониби мақомоти дини Кӯлоб пахш шуд.


Ҳоло, баъди бозгашташ ба Тоҷикистон, Мастона Насруллоеваи 31-сола дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақаш вақтҳои охир ҳарфи зиёди беасосу дурӯғин пахш шудааст. Мастона мегӯяд, се соли охир тамоми муддат дар Туркия бо тиҷорат машғул шудааст:

- Ҳамаи ин овозаҳое, ки гӯё ман бе ягон суроғаи муайян будам, ё ин ки шавҳар карда бошам, дурӯғ аст. Баъди хатми Донишгоҳи исломӣ дар Душанбе, ман ба шаҳрҳои хориҷа ба мақсади зиёрат ва идомаи таҳсилам рафтам. Аммо дар Тоҷикистон нисбати ман овозаҳои дурӯғеро паҳн карданд, ки гӯё ман шавҳар карда бошам, таҳсилоти ғайрирасмӣ мегирифта бошам ва гӯё ки дигар ба Тоҷикистон барнамегардам. Ин овозаҳо асос надоранд, зеро агар шавҳар мекардам дигар ба Тоҷикистон омада наметавонистам. Ман бо бародари калониам ҳама вақт дар сӯҳбат будам аз аҳволи хонаводаам хабардор мешудам, вале ин дафъа, ки занг задам, ба ман гуфтанд, ки нисбати ту овозаҳои зиёд паҳн шудааст. Ба хотири аз байн бурдани ин овозаҳо дар аввалин фурсат ман ба Тоҷикистон баргаштам. Ҳоло ба мақомоти дахлдор ҳуҷҷат ва дигар асноди худро супоридам, онҳо бо ман сӯҳбат карданд ва дар ин сафари кардаам ягон амали ғайриқонунӣ дарёфт накардаанд. Ба ман ягон фишор наоварданд, ё ягон гапҳои пасту баланд нагуфтаанд, фақат мехоҳам мардум фаҳманд, ки овозаҳо нисбати ман ва хонаводаам дурӯғ аст, - таъкид кард ин сокини Кӯлоб.

Модари Мастона мегӯяд, хоҳиши бозгашти духтарашро ба ватан дар аввалин фурсате, ки бо ӯ телефонӣ дар тамос шудааст, расонд: "Мастона гапи моро рад накард ва шукрона, ки бе ягон мушкилӣ имрӯз духтари мо баргаштааст ва зиндагиамон орому осудааст."

Мастона мегӯяд, дар оянда ихтиёри худро ба дасти бародари калониаш, ки баъди вафоти падараш ҳамчун саробони хонадони онҳост, супоридааст. Вай мегӯяд, ки агар бародараш мувофиқат кунад, дар зодгоҳаш бо кори тиҷорат машғул хоҳад шуд. Ӯ инчунин гуфт, барои барпо кардани оила ҳам омода аст ва ҳеҷ мушкиле дар ин замина вуҷуд надорад.

Эҳтимоли дар мактабҳои ғайрирасмӣ таҳсил доштани донишҷӯён аз шаҳри Кӯлоб дар як ҷаласаи солонаи мақомоти шаҳри Кӯлоб дар охири моҳи январ садо дод. Мақомоти Кумитаи дин дар шаҳри Кӯлоб гуфтанд шумораи онҳо 11 нафар буда, дар миёни онҳо аз танҳо духтаре бо исми Мастона Насруллоева ҳам ном бурда шуд.

Мақомоти Тоҷикистон аз хавфи ба гурӯҳҳои иртиҷоии мазҳабӣ пайвастани ҷавонони тоҷик, маъракаи бозгардони ҳатмии донишҷӯёнро аз кишварҳои исломӣ ба роҳ монданд. Дар натиҷа, беш аз 3000 ҷавони тоҷик аз кишварҳои Покистон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Миср, Яман ва дигар давлатҳо ба ватан баргардонида шуданд. Ҳукумат бар ин аст, ки таҳсили мазҳабиро шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дар кишвари худ, дар мактабҳои расмии исломӣ ва мадрасаҳои маҳаллӣ бигиранд, то ки ба андешаҳои бегонаву хатарзои хориҷии динӣ напайванданд. Айни замон, ҷавонҳои баргашта, ки бо бекориву адами шароити таҳсил дар мактабҳои динии маҳаллӣ рӯбарӯ шуданд, аз поймол шудани ҳақи интихоби озоди таҳсил шикоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG