Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадри журналист…


Носирҷони Маъмурзода дар назди мошини тирбороншудаи журналистони Югославияи собиқ.
Носирҷони Маъмурзода дар назди мошини тирбороншудаи журналистони Югославияи собиқ.

Ин мафҳумро шояд ҳама ҳар хел шарҳ бидиҳад, таърифи ин мафҳум метавонад ҳадди ақал ба даҳҳо саҳифа тӯл кашад.

Аммо ман шояд бори аввал як шарҳи рӯшане ба ин ибора дарёфтам. Ва он ҳам дар Амрико. На дар кишвари худ, ки ман ва ҳатто бисёре аз ҳамкасбони дигар қадру манзалати журналисту журналистикаро (чандон) эҳсос намекунем.

Мардуми мо андарзе дорад, ки “инсонро пас аз маргаш қадр мекунанд”. Дар воқеъ, вақте аз хабари марги инсонҳои забардаст мешунавем, ҳама дар бораи вай зиёд сӯҳбат мекунанд, таъриф мезананд… Ва зуд фаромӯш мекунанд…

Шоҳиди аслии солҳои ҷанги шаҳрвандӣ будам, аммо шоҳиди бетаҳлил, чун кӯдак будам ва хабари кушта шудани журналисте дар ин солҳои мудҳиш, ки аз тариқи телевизион мешунидам, барои мани 8-сола тақрибан маъние надошт…

Ба воя расидам ва шавқи журналистика маро ором намегузошт. Модарам чанд дафъа таъкид кард, ки намехоҳад, ман журналист шавам, мегуфт, ин касби пурхатар аст…

Вале вай монеъ нашуд.

Баъдтар фаҳмидам, ки ҳама хавфу тарси модарам асос доштааст. Вай медонистааст, ки дар зарфи панҷ соли низоъҳои ҳамватанӣ дар Тоҷикистон беш аз 70 (!) журналист кушта шудааст…

Акнун бароям дигар ин рақам, мисли 15 сол пеш, холӣ аз маъно нест. 70 журналист кушта шуд, қурбони ҷанг, ҷанге, ки ҳоло ҳама пушаймонӣ мекашанд. Аммо кӣ буданд онҳо? Кушташудаҳо?

Чанд соли қабл дар бинои маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” ба хотири гиромидошти журналистони ҳалокшуда як лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд. Аммо ин лавҳа низ ба саволи ман посух надод…

…Он чӣ ахиран дар Вашингтон дидам, дубора ба ёдам наворҳои телевизионии солҳои ҷанги шаҳрвандиро зинда кард. Он манзараҳоеро, ки дар кӯдакӣ дида будам.

Дар чаҳорчӯби барномаи ба номи Эдвард Мюрроу барои журналистон, ки ахиран дар Амрико анҷом шуд, сафари амрикоии ман аз Вашингтон, Капитолия, тамошои Қасри Сафед ва… муҳимтарин тамошо бароям – Нюзеум оғоз ёфт.

Даромадгоҳи Newseum


Он ҷо ҳама чизи марбут ба журналистика ёфт мешуд, осонтар аст бигӯӣ, ки чӣ набуд. Ҳам порае аз девори барандохташудаи Берлин, ки имрӯзҳо дар Аврупо 20-солагии вуқӯи он ҳодиса таҷлил мешавад, ҳам нахустин шумораҳои нашрияҳои 200-солаи Амрико, ҳам чархболи нахустини кадом як ширкати телевизионии Иёлоти Муттаҳида…

Аҷиб, дар кишвари ман ҳатто Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (афсӯс) чархболи наҷотбахшӣ надораду дар Амрико хурдтарин ширкатҳои телевизионӣ чархболҳои шахсӣ доранд…

Нав аз назди портрети бузурге, ки дар он лаҳзаи тиркушоӣ ба сӯйи сабукрави журналистон дар низоъҳои маълуми Югославияи собиқ тасвир ёфта буд, мегузаштам, ки… Лавҳаи ҳамчунон бузурги ёдгорӣ!



Рӯйи лавҳае, ки аз шишаи, ба назар, гаронарзиши шаффоф сохта шудааст, номи шояд ҳазорон журналисти дар саросари ҷаҳон дар солҳои гуногун, ғолибан, аз солҳои 90-ум ба баъд, кушташуда ҷой гирифтааст.

Вақте ин номҳои шиносро ди дам, дилам гум зад:


  • Олим Абдулов
  • Муҳиддин Олимпур
  • Ширинҷон Амирҷонов
  • Тоҳирҷон Азимов
  • Мухтор Бугдиев
  • Ҷамшед Давлатмамадов
  • Таваккал Файзуллоев
  • Саидҷон Фахриддинов
  • Хушвахт Ҳайдаршо
  • Ҳамидҷон Ҳакимов
  • Филолишо Хилватшоев
  • Тӯра Қобилов
  • Шарофуддин Қосимов
  • Хушвақт Муборакшоев
  • Виктор Никулин
  • Махсум Олимӣ
  • Эмма Подобед
  • Давлаталӣ Раҳмоналиев
  • Аркадий Рудерман
  • Табаралӣ Саидалиев
  • Пиримқул Сатторӣ
  • Кишварой Шарифова
  • Муродулло Шералиев
  • Зуҳуриддин Суярӣ
  • Зикрулло Валиев
  • Саидмурод Ёров
  • Олимҷон Ёрасонов
  • Олим Заробеков
Чанд қадам онсӯтар акси ҳар яке аз ин журналистони марҳум низ дар пасманзари сиёҳранг овехта шудааст. Қариб ҳама дар ин аксҳо табассум мекунанд.

Беихтиёр, аз худ пурсидам: оё табассуми онҳо гувоҳи он аст, ки эшон дар зиндагӣ ҳам ҳамеша рӯзгори хуш доштанд? Савол, мисле ки, хитобӣ буд. Ҳарчанд мутмаин нестам, аммо умед дорам, ки ҳамин тавр буд.



Онҳо рисолати касбии худро бо сари баланд анҷом доданд, ҳарчанд номардҳо ба сарашон тир кушоданд…

Ман аз дидани ин лавҳа ҳам мамнун шудам ва низ ношод. Шод шудам, ки ҳазорон фарсах дур аз кишвари ман аз тақдири ҳамкасбони марҳуми ман ёд мекунанд, хотираашон пос дошта мешавад…
Аммо чаро ношод шудам?
Эҳсос накардед?
…Қадри журналист…
XS
SM
MD
LG