Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони аъзои «бандаи Мақсадҷон»


Додгоҳи ноҳияи Преображенское дар шаҳри Маскав 6 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми ғоратгарӣ ба мӯҳлати аз 11 то 14 сол маҳкум ба зиндон кард.

Додгоҳи ноҳияи Преображенское дар шаҳри Маскав рӯзи 17 июн якбора 6 шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми ғоратгарӣ маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон кард. Аъзои ин гурӯҳи «налетчик»-ҳо дар маҷмӯъ бар асоси қисми чоруми моддаи 162-юми Кодекси ҷиноии Русия (ғоратгарӣ бо истифода аз зӯрӣ ва силоҳ) аз 11 то 14 сол маҳкум шудаанд.

Додситонии шаҳри Маскав хабар дод, ки Муҳаммад Раҷабов ва Собир Алушиев ҳарду 31-сола, Акмал Ирназарови 27-сола ва Маъруфхоҷа Мирзоеви 50-сола аъзои гурӯҳии ҷиноие буданд, ки таҳти раҳбарии Мақсадҷон Сафарови 28-сола дар байни солҳои 2013 -2014 дар пойтахти Русия бо истифода аз силоҳ даст ба ғоратгарӣ, аз ҷумла ба ҳамла ба интиқолдиҳандагони пул -- инкассаторҳо мезаданд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи додгоҳ, як мард ду дафъа - 29 июл ва 14 ноябри соли 2013 - ҳадафи ҳамлаи ин гурӯҳ қарор гирифта, ғоратгарон дар маҷмӯъ қариб 1 миллион рубли ӯ, ё беш аз 30 000 доллар бо қурби ду сол пешро ба яғмо бурдаанд.

Рӯзи 12 декабри соли 2013 ин панҷгона дар кӯчаи Пермская ба инкассаторҳое, ки пули як ширкати тамизкориро бояд мебурданд, ҳамла оварда, бо тирандозӣ ба тарафи посбонон 230 000 рубли ин ширкатро бо худ бурданд. Охирин мавриди дар додгоҳи собитшудаи ғоратгарии ин гурӯҳ аз моҳи апрели соли 2014 аст, ки Мақсадҷон Сафаров ва шариконаш як мошинро дар километри 1-уми шоҳроҳи Международное гирд карда, 70 000 рубл ва телефони мобили ронандаашро рӯирост аз худ карданд.

Ин нахустин мавриди парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаҳои ғоратгарона ба мошинҳои инкассаторӣ дар Маскав нест. Дар ҳафтаи гузашта ҳамин додгоҳи минтақаи Преображенское ҳукми ҳабси Сӯҳроб Ҳайдаров ном як варзишгари тоҷикро содир кард.

Сӯҳроб Ҳайдаров ҳамроҳ бо ду шарикаш шоми 10 июн дар Маскав дар ҷараёни як амалиёти вижаи пулис дастгир шуданд. Дар ҷараёни таъқиби монанд ба филмҳои Ҳолливудӣ ин гурӯҳ, ки савори як мошини “ҷип”-и “Мерседес” буданд, 7 мошини раҳгузар ва ду мошини пулис осеб диданд. Худи Сӯҳроб Ҳайдаров ҳангоми боздошт тир хӯрд.

Баъдан маълум шуд, ки Сӯҳроб Ҳайдарови 29-сола варзишгари касбист ва ҳатто барандаи нишони нуқраи қаҳрамонии Осиё дар навъи гуштии самбои муҳорибавӣ (боевое самбо) буда, гурӯҳи ҷиноие, ки ба ғорати беш аз 20 мошини инкассаторӣ дар якуним соли охир айбдор мешавад, ӯро маҳз ба далели зӯри бозуяш ҷалб кардааст.

Гуфта мешавад,Сӯҳроб Ҳайдаров ибтидо дар Тоҷикистон гуштии самбо машқ мекард, вале баъди кӯчиданаш ба Русия дар оғози солҳои 2000-ум гуштии самборо партофта, ба навъҳои муҳорибавии варзиш, аз ҷумла бокси касбӣ ва самбои муҳорибавӣ рӯ меорад. Ӯ дар самбои муҳорибавӣ барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё ҳам шудааст.

Як ҳамсӯҳбати мо дар Душанбе гуфт, Сӯҳроб Ҳайдаров аксаран аз номи Лигаи самбои муҳорибавии Тоҷикистон баромад мекард ва машқгоҳаш дар толори "Динамо" дар маҳаллаи Калинини Душанбе буд.

XS
SM
MD
LG