Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулини ширкати “Нури ёвар” ба Додситонии кулл, раиси Оҷонсии мубориза бо фасод ва Дастгоҳи раисҷумҳур нома навишта, хостори расидагӣ ба баҳси ин ширкат ва раҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шудаанд.

Неъматулло Файзуллоев, соҳибкоре, ки қаблан аз талоши ғасби таваққуфгоҳаш дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шикоят карда буд, ин бор мегӯяд бизнеси бағочпечониро аз дасташ кашида гирифтанд.

Вай рӯзи 20-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо дастури раҳбари фурудгоҳ ӯро аз дохили бинои фурудгоҳ берун кардаанд ва таҷҳизотро низ аз худ кардаанд: “Мо ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дорем. Андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро месупорем. Аммо чӣ кунем, ки гапи роҳбари фурудгоҳ ҳоло аз қонун дида болотар будааст.”

Неъматулло Файзуллоев

Неъматулло Файзуллоев

Файзуллоев тавассути ширкаташ “Нури ёвар” ҳамчунин як таваққуфгоҳеро дар наздикии фурудгоҳ дар ихтиёр дорад ва чанде пеш шиква карда буд, ки роҳбари фурудгоҳ мехоҳад ин тиҷоратро аз дасти ӯ бигирад ва бо дастури ӯ барои як муддат роҳи равуо ба таваққуфгоҳ баста шуда буд. Иддаое, ки он замон масъулони фурудгоҳ онро рад карда буданд.

Дар ҳоле, ки худи раҳбари Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои сӯҳбат бо журналисти Радиои Озодӣ омода нашуд, масъулини дигар мегӯянд, ин масъала дар салоҳияти раҳбар аст. Аз ҷумла, Шаҳноза, ҳуқуқшинос ва корманди бахши ҳуқуқии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ вуҷуди баҳси раҳбарият бо Файзуллоевро эътироф кард, вале гуфт, ки дар ин маврид танҳо худи роҳбари фурудгоҳ метавонад сӯҳбат кунад. Масъулони дигари Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз шарҳи бештари ин қазия худдорӣ варзида ва аз сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ конораҷӯӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, Олим Бобошарифов, яке аз кормандони Файзуллоев мегӯяд, фишори масъулони фурудгоҳ муддатҳо боз идома дорад, аммо ахиран бо дастури роҳбари фурудгоҳ кори онҳо қатъ шуд.Вай гуфт, раҳбари фурудгоҳ “дар оғоз гуфтанд, кори мо қонунӣ нест, ҳол он, ки мо то соли 2019 бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ шартнома дорем, ки ҳақ медиҳад дар фуругоҳ корамонро пеш барем. Додситони додситонии нақлиёти Тоҷикистон омада фаъолияти моро қонунӣ арзёбӣ кард. Баъди ин, кормандон фурудгоҳ барқи моро хомӯш карданд, то мо фаъолият карда натавонем.”

Бобошарифов афзуд, бо талошҳои зиёд онҳо тавонистанд барқро пайваст кунанд, аммо шоми 14-уми июл кормандони фурудгоҳ омада гуфтаанд, аз раиси фурудгоҳ фармон доранд, то ки кори онҳо қатъ карда шавад.

Паси таҷҳизоти бағоҷпечонии марбут ба ширкати “Нури ёвар” нӯҳ нафар кор мекардаанд. Ҳоло онҳо бекор мондаанд. Онҳо умедворанд, ки муроҷиати онҳо барои расидагӣ ба ин қазия аз ҷониби ҳеҷ як аз сохторҳои марбута беҷавоб намемонад. Масъулони ин ширкат мегӯянд онҳо аввалин шуда ҳанӯз соли 2007 бо сарфи қариб 30 ҳазор доллар ду таҷҳизоти бағоҷпечониро ба Тоҷикистон оварда буданд. Аммо ҳоло онҳоро аз ҳаққи кор бо ин таҷҳизот маҳрум карданд.

Раиси ширкати "Нури ёвар" моҳи июл аз кӯшишҳои азхудкунии таваққуфгоҳи фурудгоҳ ҳам аз ҷониби раҳбарияти кунунии фурудгоҳ шикоят карда буд. Баъди аз ин макон дидан кардани масъулони додситонӣ ва Оҷонсии зидди фасод ҳоло, ба гуфтаи ӯ, коритаваққуфгоҳ мисли пешина идома дорад. Вале айни замон, аз як ҷониби ин таваққуфгоҳ раҳбарияти фурудгоҳ корҳои сохтмониро шурӯъ кардааст.

Неъматуллоев ин амалҳои роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалиро «як навъ талоши ғасби рейдерии моликияти худ» арзёбӣ мекунад. Вале 10 июл дар робита бо ин қазия масъулини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин иддаоҳои Неъматуллоев асосе надоранд, вале аз шарҳи бештари ин қазия худдорӣ варзида ва гуфтанд, беҳтар аст ин соҳибкор бо роҳбарияти фурудгоҳ сари мизи музокирот биншинад ва роҳи мусолиматомези ин моҷароро пайдо кунад.

Шикваи ин соҳибкори тоҷик аз фишору талоши зӯран аз дасташ гирифтани бизнесаш, ки солҳо онро ривоҷ додааст, ягона нест. Солҳои охир шикваҳо дар мавриди ғасби рейдерии моликият, хонаву манзил ва бизнес дар Тоҷикистон аз ҳарвақта бештар садо медиҳанд.

Умед Соҳибов, як ҳуқуқдони бетараф мегӯяд, ҳарчанд дахлнопазирии моликияти хусусиро дар Тоҷикистон консититутсия кафолат додааст, аммо дар амал ин банди қонун интихобан иҷро мешавад: “Аз як сӯ, фарҳанги ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон чандон рушд наёфтааст ва аз сӯи дигар, додгоҳҳо дар тасмимгириашон чандон мустақил нестанд. Ҳамаи ин омилҳо дар маҷмӯъ боиси сар задани баҳсҳои молумулкӣ мешавад.”

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон шикваҳо аз кӯшиш ва ё ғасби моликият зуд-зуд расонаӣ мешаванд. Матбуоти маҳаллӣ тайи ҳадди ақал панҷ соли охир дар мавриди қазияҳои марбут ба шабакаҳои фурӯшгоҳҳои "Орима", бозори "Ином" дар Шаҳритуз, бозори "Сомон" дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд матлабу гузоришҳо пахш кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG