Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Мошинҳои бе ронанда дар роҳанд


Ширкатҳои мошинсозӣ дар сохтани мошинҳое, ки мисли филмҳои тахаюлӣ бе ронанда ҳаракат мекунанд, пешрафти зиёде кардаанд.

Бовар меравад, ки зуҳури чунин мошинҳо дар ояндаи начандон дур, зиндагии инсонҳову саноати мошинсозиро ба таври фавқуллода тағйир медиҳад. Аммо ба гуфтаи мутахассисон, то истифодаи роиҷи ин мошинҳо роҳи дарозе дар пеш аст, зеро мушкилоти фанниву муқаррароти ҳаст, ки бояд рафъ шаванд.

Тасаввур кунед, ки сари роҳ истодаед ва мехоҳед ба хона равед, нишонии манзилро ба замимаи телефони ҳушманди худ ворид мекунед ва чанд лаҳза баъд мошине назди шумо ҳозир мешавад ва шумо ба он савор мешавед ва ба самти хона ҳаракат мекунед. Вале ин мошин мисли таксиҳои маъмулӣ ронанда надорад.

Шояд ин тасвир ба назар мисли як филми тахаюлӣ ба назар бирасад, вале навовариҳо дар саноати мошинсозӣ сенарияи мазкурро ба зудӣ ба воқеият табдил медиҳад. Қарор аст, зуҳури “мошинҳои беронанда”, дар зиндагии инсонҳо тағйири фавқуллодае биёрад, талафи вақту сӯзишвориашонро камтар кунад, аз садамаҳои нақлиётӣ ҷилавгирӣ намояд, шаҳрҳсозиро дигар кунад ва дастёри хубе барои афроди маъюбу пиронсол шавад.

Ларри Пейҷ, мудири иҷроияи ширкати Гугл, ки барои сохтани чунин мошине кор мекунад, моҳи гузашта дар ин бора гуфт: “Тасаввур кунед, ки мошинҳои бе ронанда зиндагии мову манзараҳоро тағйир хоҳад дод. Минтақаҳои сабз васеътар ва тавақуффгоҳҳои мошин камтар, мешавад, ҳаракат осонтар мегардад, садамаҳо коҳиш меёбанд, озодии бештар меёбед, вақти худро пушти рули мошин талаф намекунед. Як амрикоии миёнаҳол рӯзона тақрибан 50 дақиқаи умрашро дар нақлиёт сарф мекунад. Тасаввур кунед, ки ҳамаи ин вақтро барои корҳои дигар боқӣ мемонад. “



Инқилоби мошинсозӣ айни замон идома дорад. Масалан ҳоло мошинҳои навро бо системаи ёрирасон ба ронанда муҷаҳҳаз кардаанд. Ба шарофати системаҳои компютерӣ, ҳоло мошинҳо худро ба амалкарди ронанда мувофиқ мекунанд ва ба ҷойи онҳое, ки мошинро дуруст гузошта наметавонанд, ин корро худашон анҷом медиҳанд. Раҳнамо, ё навигатор ҳоло ҷузъи ҷудоинопазири мошинҳои нав шудааст. Аммо барои мустақил кардани мошинҳо, бояд кори тамоми ин системаҳо муштарак карда шаванд, ки барои ин камераву, радару абзорҳои дигари лазерӣ лозим аст. Ин ҳама ба нармафзори махсуси мошин нақшаву роҳу, чароғакҳо ва раҳгузарҳоро нишон медиҳанд, то ҳаракати бехатари мошинро таъмин кунад. Аммо бо вуҷуди имтиҳон кардани чунин мошинҳои беронанда, ба гуфтаи мутахассисон як даҳсолаи дигар лозим аст, ки то ингуна мошинҳо ба дасти муштарии оддӣ бирасад.

Ричард Валлас, мутахассиси Маркази Пажӯҳиши Мошинсозӣ дар шаҳри Анн Арбури аёлати Мичигани Амрико мегӯяд: “Бо назардошти пешрафти саноати мошинсозӣ то соли 2018 шояд мошине сохта шавад, ки мустақилона кор мекунад ва шоҳроҳҳои бузургро худаш мепаймояд. Яъне шумо ба он мошин менишинед, тугмаро зер мекунед ва ба роҳи бузург ворид мешавед. Вале вақти тағйири роҳ ва ё гузар ба шоҳроҳи дигар бояд ба идораи дастии мошин бигзаред. Ба фикри ман бо назардошти пешрафтҳо, мумкин аст, ҳаракат бо мошини беронанда ҳадди аққал то соли 2025 кори маъмулӣ шавад. “

Ширкати Гугл мегӯяд, мошини беронандаи худро, озмоиш кардааст ва ин мошин 700 ҳазор километрро мустақилона ва бидуни садама тай кардааст. Моҳи гузашта ширкати олмонии Мерседес Бенз технологияи “ронандаи маҷозии” мошинҳои нави S-Class-ро муаррифӣ кард, ки 100 ҳазор доллар арзиш дорад ва ба гуфтаи ин ширкати маъруфи олмонӣ метавонад бе ронанда дар шаҳру шоҳроҳҳо худро идора кунад ва бо назардошти вазъи шоҳроҳ ва шароит то 200 километр дар як соат ҳаракат кунад. Дар Бритониё Донишгоҳи Оксфорд сари мошине кор мекунад, аз тариқи Айпади ширкати Аплл идора мешавад. Дар сурати роиҷ шудани истифодаи мошинҳои беронанда, ба гуфтаи мутахассисон, мумкин аст, дигар харидани мошинҳо камтар шавад.

Томас Фрей, мудири Пажӯҳишгоҳи Да Винчӣ дар аёлати Колорадои Амрико мегӯяд, мумкин аст, дар оянда мошинҳоро фақат барои иҷора бидиҳанд ва барои ҳар километр аз онҳо пул бигиранд: “Шумо дар он вақт ба мошини хусусӣ эҳтиёҷ нахоҳед дошт. Яъне мисли хидмати таксӣ мешавад, аммо шумо барои ронанда пул намепардозед. Ҳоло аксарияти мошинҳо дар канори роҳ, тавақуфгоҳҳо, гаражҳо меистанд ва 97 дарсади вақт истифода намешаванд. Мо чунин одат дорем, ки мошинро ҳамеша назди худ нигаҳ дорем, зеро баногоҳ лозим мешаванд. Вале ҳангоме, ки шумо метавонед бо телефони ҳушманд ҳар лаҳза мошини лозимро пайдо кунед, дар он вақт одат ҳам дигар мешавад ва шумо фақат дар вақти даркорӣ ба мошин рӯ меоред. “

Аммо ҳоло муқаррароти қонунӣ ҳаст, ки намегузорад, ин мошинҳои беронанда истифода шаванд. Дар Амрико се аёлат истифодаи мошинҳои беронанда иҷоза додаанд, вале моҳи гузашта муқаррароти расмии онро ҳам эълон карданд. Вазорати нақлиёти Амрико ба иёлатҳои кишвар тавсия додааст, ки истифодаи ингуна мошинҳо, ба истиснои озмоиши онҳо мамнӯъ аст, зеро ҳанӯз бехатар будани онҳоро собит накардааст. Дигар тавсияҳое, ки иҷрояш ҳатмӣ нест ин будааст, ки довталабони истифода аз ин гуна мошинҳо бояд иҷозаи махсус бигиранд ва мошинҳои беронанда бояд тугмаи дастрасе дошта бошад, ки мусофир тавонад ҳар лаҳза онро ба идораи худ дароварад.
XS
SM
MD
LG