Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти корҳои дохилии Кӯлоб се сокини ин шаҳрро барои дуздии чорвои мардум боздошт карда, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Мақомоти интизомии Кӯлоб се сокини ин шаҳрро ба иттиҳоми дуздии чорвои мардум боздошт карда, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Ин афрод ҳудуди 4 рӯзи қабл аз сӯи маъмурони пулис дастгир шуда, ба қавли як масъули шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб, дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Аммо ин ҳамсуҳбати мо аз ин бештар ҷузъиёт надод ва нагуфт, ки боздоштшудаҳо чанд сар чорвои сокинонро рабудаанд ва бар пояии кадом банди қонун муҷозот мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, афроди огоҳ аз ин қазия гуфтанд, ки ба гумони даст доштан дар дуздии чорвои сокинон Ҷӯрабек Хоҷамқулов, фурӯшандаи гӯшт дар бозори “Саховат”-и шаҳр боздошт шудааст. Қассобони бозори "Саховат"-и Кӯлоб низ рӯзи 19 май дар суҳбат бо хабарнигори Озодӣ гуфтанд, ки Ҷӯрабек Хоҷамқуловро маъмурони милиса боздошт кардаанд ва ӯ чанд рӯз боз ба маҳалли кораш ҳам наомадааст.

Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб

Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб

Камолиддин, як қассоби бозори "Саховат"-и шаҳри Кӯлоб ба Озодӣ гуфт, “чанд рӯз шуд, ки дари дӯкони Ҷӯрабек Хоҷамқулов бастааст. Ҳоло сарусадое ҳаст, ки ӯро барои дуздии говҳои сокинон боздошт кардаанд.” Идимад, сокини кӯчаи Куйбишеви шаҳри Кӯлоб, ки аз қазияи боздошти Ҷӯрабек Хоҷамқулов огоҳ будааст, гуфт, ин фурӯшандаи гӯшт ҳамроҳ бо ду ҷиянаш дастгир шуда ва аммо ҳанӯз иттиҳоми дуздии онҳо собит нашудааст.

Ба гуфти ин сокини Кӯлоб, "ҳамин хел гап ҳаст, ки гӯё говҳоро хоҳарзодаҳояш медуздидаанд ва ӯ забҳ карда, гӯшташро мефурӯхтааст. Дар ҳамин бозори калон нуқтаи гӯштфурӯшӣ дошт. Ҳоло ҳамин гуна овозаҳо ҳаст, ки гӯё говҳоро дуздида, дар Заводи пахта мекуштаанд.”

Бархе аз сокинони Кӯлоб мегӯянд, ки вақтҳои охир дуздии чорво аз ҳавлӣ ва оғили сокинон бештар шуда, онҳоро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, ҳатто аз баъзе хонаҳо дар як шаб то се гов ба яғмо рафтааст.

Мирзо, як сокини Кӯлоб, ба Озодӣ гуфт, ки яке аз хешовандони ӯ дар кӯчаи Рӯдакӣ ба сар мебарад ва як ҳафта пеш, се говаш аз ҳавлӣ нопадид шудааст. Вай афзуд, то ҷое, ки огоҳ аст, ҳоло хешовандонаш дар ин робита ба пулис шикоят бурдаанд: "Як ҳафта пеш аз хонаи хешовандонамон се гов гум мешавад. Онҳо рафта ба милиса шикоят карданд, аммо намедонам корашон чӣ шуд. Лекин ҳоло милиса ҳамин қассобро бо хешовандонаш боздошт кардаанд. Алакай дар шаҳр овоза аст, ки 20 говро дуздидааст."

Як дӯкони гӯштфурӯшӣ дар бозори "Саховат"-и Кӯлоб

Як дӯкони гӯштфурӯшӣ дар бозори "Саховат"-и Кӯлоб

Аммо ин танҳо ҳолате нест, ки сокинон ба иттиҳоми дуздии чорвои мардум боздошт мешаванд. Ду моҳи қабл мақомоти умури дохилии ноҳияи Ашти вилояти Суғд як сокини ин минтақаро боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифтанд, ки дар дуздии чорво муттаҳам мешавад. Мақомот гуфтанд, ки ин сокини Ашт рӯзона маҳалли чаро ва нигоҳдории чорвоҳоро мушаххас карда, шабона даст ба кор мешудааст. Ҳоло ин қазия ниҳоӣ нашуда, то додгоҳ нарасидааст.

Даст ба дуздӣ задани сокинон тайи як соли охир ва асосан баъди буҳрони моливу баста шудани роҳи бисёре аз муҳоҷирон ба Русия бештар шудааст ва рӯзе нест, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дуздии чорвои сокинон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон хабар надиҳад. Коршиносон даст ба дуздӣ задани сокинонро асосан дар бекорӣ, буҳронӣ молӣ ва ихроҷи аксари шаҳрвандони тоҷик аз Русия медонанд.

Зимнан, минтақаи Кӯлоб ва навоҳии атрофи он аз манотиқи рушднаёфтаи Тоҷикистон аст, ки корхонаҳои саноатии бузург ва ҷойи кори зиёд надорад. Аксар аҳолии ин минтақа ба мардикорӣ ба Русия мераванд ва қисме ҳам ба кишоварзӣ машғуланд. Бархе ҳам аз бозори Душанбе мавод харида ва дар бозорҳои маҳаллӣ ба фурӯш мегузоранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG