Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлагари интиҳории Мосул бандии собиқи Гунатанамо буд


Куба - Симхорҳои зиндони Гуантанамо. 21 марти соли 2016.
Куба - Симхорҳои зиндони Гуантанамо. 21 марти соли 2016.

Марде, ки ҳафтаи гузашта худро дар постгоҳи низомии нерӯҳои Ироқ дар Мосул тарконд, шаҳрванди Британия буд, ки соли 2004 аз Гунатанамо, зиндони низомии Ийолоти Муттаҳида, озод шуд. Дар ин бора манобеи амниятии Ғарб хабар доданд.

Хабаргузориҳо рӯзи 22 феврал навиштанд, ҷангии гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ", ки ба постгоҳ ҳамла кард, Абу- Закариё ал-Британӣ, шаҳрванди Британия буд, ки номи расмияш Роналд Фиддлер аст.

Дар ҳамлаи ӯ ба Мосул, 1 сарбози ироқӣ кушта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шуданд. Гурӯҳи даҳшатафкани ДИИШ акси ин мардро, ки зоҳиран чанд лаҳза пеш аз ҳамла бардошта шудааст, нашр кард. Манобеи амниятии Ғарб мегӯянд, ки ба эҳтимоли қавӣ ҳамлагар Британӣ буд.

Абу -Закариё ал-Британӣ аслан аз Манчестер буда, дар синни 20 солагӣ Исломро қабул кард. Нерӯҳои Ийолоти Муттаҳида ӯро соли 2002 дар Афғонистон боздошт карда, ба Гунатанамо фиристоданд.

Ал-Британӣ соли 2004, дар пайи ташвиқҳои ҳукумати нахуствазири собиқ, Тони Блэр аз зиндон озод шуд. Ба навиштаи The Daily Mail, соли 2010 ал-Британӣ барои бадрафторӣ бо ӯ дар зиндони ИМА, аз ҳукумати Британия $1,25 миллон доллар ҷубронпулӣ дарёфт кард. Ҳукумати Британия пардохти пулро тасдиқ кард, аммо ба хотири маҳрамона будани созиш ҷузъиёт надод.

Ал-Британӣ баъдан ба Сурия рафт ва ба гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" пайваст.

XS
SM
MD
LG