Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанги хоҳару бародар бар сари мероси падар ба марг анҷомид


Бинои пулиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Бинои пулиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Як марди 51-сола дар вилояти Суғд ҳини тақсими хонаву ҳавлии меросии падар хоҳари худро бо зарби табар ба ҳалокат расонидааст.

Холмаҳмад Холматов, сокини 51-солаи ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хоҳари худ Мунаввар Холматоваи 48-соларо дар баҳси тақсими ҳавливу хонаи меросии падар, бо чанд зарби табар ба қатл расонидааст.

Ба гуфтаи пулиси Суғд, ин ҳодиса рӯзи 6-уми май дар ҳавлии мавриди баҳси хоҳару бародар рух додааст. Дар навори фаврии маркази матбуоти пулиси Суғд худи Холмаҳмад Холматов гуфт, ки хоҳараш дар ҳоле гуфт, ки ӯ ба тақсими мероси падар розӣ нашуд. “Ман ба хоҳарам пешниҳод кардам, ки биё, розӣ шав, ҳамин 9 сотих ҳавлии падарро тақсим кунем. Вай розӣ нашуд, “не” гуфт, маро дашном дод, гапҳои носазо зад”- иддао кард ин мард.

Баъди ин, миёни бародар ва хоҳар муноқишаи шадид сар задааст ва Холмаҳмад бо табар ба хоҳараш ҳамла карда ва ӯро ба қатл расонидааст.

Бо шунидани хабари қатли Мунаввар Холматова ба дасти бародараш, кормандони пулис ба ҷои ҳодиса ва манзили Холмаҳмад ҳозир шуда ва ӯро боздошт кардаанд. Дар ҳоли ҳозир, дар робита ба ин куштор мутобиқ ба банди 104 и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – “одамкушӣ” парванда боз шудааст ва тафтиши онро мақомоти додситонӣ пеш мебаранд.

Дар ин авохир мақомоти Суғд аз афзудани ҷиноятҳои куштор дар хонаводаҳо дар пайи муноқишаҳои оилавӣ, аз ҷумла баҳси тақсими мерос, изҳори нигаронӣ мекунанд. Бино ба иттилои пулиси Суғд, соли 2015 дар шимоли Тоҷикистон 43 ҳодисаи куштори ва кӯшиши куштор ба қайд гирифта шуд ва ҳама гумонбарони аслии ин ҷиноятҳо боздошт ва ва муҷозот шудаанд.

Моҳи январи соли ҷорӣ Мулло Ашрафов, омӯзгори 67-солаи литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров арӯси хонавода, ҳамзамон хоҳарзодааш - Лутфинисо Маҳмудоваро корд зада, ба ҳалокат расонд. Лутфинисо бо Мансур -- писартағои худ 15 сол зиндагии якҷоя ба сар бурда, 4 фарзанд -- ду духтару ду писар ба дунё оварда буд.

Вале дар пайи муноқишаҳои оилавӣ ин оила аз ҳам пош мехӯрад ва додгоҳ Лутфинисову кӯдаконашро боз ҳам дар хонаи падари шавҳараш ҷой медиҳад. Оташи ҷанҷолҳои оилавӣ боз боло гашта, билохира ин зани ҷавон аз дасти хусури собиқаш ба қатл қатл мерасад. Додгоҳи вилояти Суғд моҳи феврали соли равон Мулло Ашрафовро барои 20 сол равонаи зиндон кард.

Қабл аз ин, моҳи октябри соли гузашта як марди 65-сола дар Хуҷанд дар пайи ҷанҷолҳои оилавӣ сари соҳиб шудан ба манзили меросӣ, дар ҳолати мастӣ дар маркази шаҳр хоҳари 61-соли худро бо табар ба қатл расонида буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG