Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Писари Асадулло Ғуломов сарпарасти дастаи «Вахш» шуд


Акбар Ғуломов

Акбар Ғуломов

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр», ки ба он Акбар Ғуломов, писари собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон марҳум Асадулло Ғуломов раҳбарӣ мекунад, бошгоҳи футболи “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро дар лаҳзаҳои душвор дастгирӣ намуда, сарпарастии ин дастаро ба зимма гирифтааст. Дар ин бора торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи “Вахш”, гуфтааст, аз кӯмаку дастгирии ҶДММ “Ғаюр” ва раҳбари он Акбар Ғуломов, ки дар давраи вазнин ба даста даст ёрӣ дароз кардааст, хеле миннатдор аст.

"Ман бовар дорам, ки ҳамкории Бошгоҳи футболи “Вахш” бо ширкати “Ғаюр” ба даста имкон медиҳад, ки дар мавсими имсола ба натиҷаҳои нисбатан хубтар ноил шавад," -- иброз доштааст Исроил Шарифов.

Дар доираи ин ҳамкорӣ рамзи ҶДММ “Ғаюр”, ки аслан ба истеҳсоли семент машғул аст, дар давоми мавсим дар либоси футболбозони “Вахш” нақш мебандад.

Дастаи футболи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа

Дастаи футболи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа

Дастаи футболи “Вахш”, ки таърихи бою пуршараф дорад, солҳои охир бо мушкилоти ҷиддии молӣ рӯбарӯ шудааст. Дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон “Вахш”, ки яке аз манбаъҳои кадр барои дастаҳои мунтахаби кишвар аст, се бор - солҳои 1997, 2005 ва 2009 қаҳрамони футболи Тоҷикистон гардидааст.

Дар ҳамин ҳол “Вахш” дар ҷадвали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо 5 имтиёз аз 6 бозӣ дар байни 10 даста дар ҷойи ҳаштум қарор дорад.

Инчунин аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки оғози моҳи июн байни ин Кумита ва ҶДММ “Ғаюр” шартномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад. ҶДММ “Ғаюр” ба ҳайси сарпарасти кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия кӯмаки молӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, Акбар Ғуломови 34-сола, раҳбари ҶДММ “Ғаюр” бо пешниҳоди президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи КМО, ки 30 апрели соли равон дар Душанбе доир шуда буд, муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъин шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG