Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади Рухшонаро баъди 5 сол ёфтанд. ВИДЕО


Ин акси Рухшона аз дафтари аксҳои мактабаш дар хона боқӣ мондааст

Ин акси Рухшона аз дафтари аксҳои мактабаш дар хона боқӣ мондааст

Қисматҳои аз ҳам ҷудои як ҷасаде, ки рӯзи 15-уми ноябр аз чоҳе дар ҳоҷатхонаи хобгоҳи марбут ба корхонаи “Нассоҷии тоҷик” (Тоҷикиекстил) пайдо шуд, модари чашмбароҳеро ноумед ва мотамзада кард.

Қисматҳои аз ҳам ҷудои як ҷасаде, ки рӯзи 15-уми ноябр аз чоҳе дар ҳоҷатхонаи хобгоҳи марбут ба корхонаи “Нассоҷии тоҷик” (Тоҷикиекстил) пайдо шуд, модари чашмбароҳеро ноумед ва мотамзада кард. Баъди панҷ соли ҷустуҷӯву умедворӣ ва интизориҳо ин модар дар ҷасад либосҳои духтари худро шинохт ва дигар ба марги ӯ тан дод.

Рухшонаи Нозимзода моҳи декабри соли 2009, ҳангоме, ки ҳамагӣ 12 сол дошт, ғайб зада буд. Талошу кӯшишҳои зиёди волидон ва насби эълону аксҳои вай дар хиёбону расонаҳо дар ин панҷ сол натиҷае надод. Рӯзи 15 ноябр сокинони хобгоҳи рақами 123 марбут ба корхонаи нассоҷӣ, воқеъ дар кӯчаи Шевченкои Душанбе, ҳангоми тоза кардани чоҳи қубури обгузар, ки дар ҳоҷатхонаи ин бино ҷойгир шудааст, ҷасади пӯсидаеро пайдо карданд ва баъди даъвати мақомоту модари Рухшона, ки дар ошёнаи дуввуми ҳамин бино зиндагӣ мекунад, маълум шудааст, ки ин ҷасади духтари гумшудаи вай - Рухшона аст.

Модар, ки нахост номашро ифшо кунад, мегӯяд, вай тули ин панҷ сол тамоми гушаву канори шаҳр ва берун аз онро бо пойи худаш гаштаву ҷустуҷу кард, аммо ҳеҷ тассавур намекард, ки ҷасади духтараш ин ҳама муддат ҳамагӣ як ошёна аз ӯ поин аст. “8 декабр соати 12 рӯз буд. Гуфтам, “Рухшона либосҳоятро пӯшу мактаб рав”, худам нонпазӣ рафтам. Ба хона омадам, ки вай нест, фикр кардам мактаб рафтааст, вале рӯз бегоҳ шуд, наомад, дигар кофтукоб кардам, аз ҳамсабақонаш пурсидем, ки гуфтанд дар дарс набуд. Ҳамин чанд сол мекофтем, бенатиҷа, вақте қубурҳои обгузар аз ифлосӣ пур ва банд монданд, устоҳои ин ҷо хостанд чоҳро тоза кунанд , аммо сару танеро пайдо карданд. Ҳама медонист, ки ман духтар гум кардаам ва маро даъват карданд. Либосҳое, ки он рӯз Рухшона дар тан дошт, дар ёдам ҳаст ва ман ҳам бо дидани он либосҳо ӯро шинохтам”, гуфт модари Рухшона.

Наздикони Рухшона мегӯянд, хабарҳои зиёде роҷеъ ба гум шудани духтарҳо ва баъдан пайдо шудани онҳоро шунидаву дар дил умед доштанд, ки Рухшона ҳам рӯзе ба хона бармегардад. Онҳо тахмин мезаданд, ки шояд духтарашон дуздида шудааст ва ё ба ягон ҳодисаи дигар гирифтор шудаву зинда аст. Онҳо ҳар сол ба мақомот муроҷиат кардаву ҳар сол баёнот менавиштанд. Исми Рухшонаи Нозимзодаи он замон 12-соларо ҳоло ҳам дар феҳрасти гумшудаҳо дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар дидан мумкин аст. Модари Рухшона гуфт: “Милисаҳо ҳам мегуфтанд, ки ҷустӯҷу дорем. Либосҳои гуногун меёфтанду маро даъват мекарданд, аммо баъдан маълум мешуд, ки вай нест. Ҳеҷ кас намедонад, ки ба ӯ чӣ шудааст. Ин ҳол ду сол давом кард”.

Масъулини раёсати корҳои дохилаи шаҳр ҳам хабари пайдо шудани ҷасад аз чоҳи ҳоҷатхонаи биноро тасдиқ мекунанд. Саид Ҷӯрахонов раҳбари Раёсати корҳои дохилӣ мегӯяд, ин ҷасади духтари 12-13-сола аст, аммо вай гуфт, ҳоло ташхис идома дорад ва сабабҳои марги ӯ маълум нест. ”Ба ҷуз аз устухонҳои бадан дигар чизе мондагӣ нест. Ҳоло ташхис идома дорад ва натиҷаҳоро интизорем”.

Аммо наздикони Рухшона, мегӯянд онҳо бо гузашти панҷ сол аз ин ҳодиса, дигар ба ошкор шудани сабабҳои аслии марги духтарашон чандон бовар надоранд. Фарзияе ҳам ҳаст, ки шояд Рухшона дар чоҳи ҳоҷатхона афтида бошад, аммо бародари Рухшона Ҷумъахон Нозимзода мегӯяд, ин номумкин аст. “Инҷо гуфтанд, ки шояд афтида бошад, аммо ин номумкин аст, агар меафтид, дар ин бино одам зиндагӣ мекунад, садо баланд мекард ва мефаҳмидем. Ин чоҳ, ки дар дохили ҳоҷатхона аст ва як девор онҳоро аз ҳам ҷудо мекунад бӯйи ҷасад эҳсос намешуд”

Модаркалони Рухшона дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вай духтари хеле зирак ва дарқаду қомат ва ҷусса ҳам аз ҳамсолони худ бузургтар ба назар мерасид. ”Вай 18-сола набуд, ки бо ягон кас баромада равад. Духтари баде ҳам нубд. Хубу чолок буд. Намедонем чӣ шуд бо ӯ. Худо медонад”, мегӯяд модаркалон.

Ҳодисаи пайдо шудани ҷасади духтарак ҳамсояҳои атрофро аз воҳимаи фарзандгумкунӣ бештар нигарон кардааст. Як сокини ин бино бидуни ифшои номаш гуфт, ки бисёриҳо дар ин маҳалла ҳаросону нигарон шудаанд ва ходимони милиса аз онҳо тақозо мекунанд, ки ба воҳима дода нашаванд.

Рухшона яке аз 4 фарзанди хонавода будааст. Падари вай 6 моҳ қабл аз ҳодисаи ғайб задани худи ӯ аз дунё гузаштааст ва модар, ки дар корхонаи нассоҷӣ ба ҳайси фаррош кор мекард, ин ҳама солҳо ноумед нашуда ба танҳоӣ дар ҷустуҷӯйи духтари худ буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG