Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷасади Меҳралӣ Назаралиев, иқтисодчии 31-солаи филиали «Ориёнбонк» дар Хоруғ, ки рӯзи 29 июл ғайб зада буд, дар хоки Афғонистон ёфт шуд.

Амирхӯҷа Бахтдавлатов, тағои Меҳралӣ Назаралиев -- корманди "Ориёбонк" дар Хоруғ, имрӯз 22 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади хоҳарзодааш дар онсӯи дарёи Панҷ дар хоки Афғонистон ёфт шудааст. Вай гуфт, ки як ҳамдеҳаҳояшон чӯпон аст ва ӯ ҷасадро дида мешиносад ва ба хешовандон хабар медиҳад. Ба гуфтаи вай, дар бадани Меҳралӣ осори латту шатм дида намешавад ва фақат тайи ин чанд муддат дар зери офтоб сиёҳ шудааст.

Меҳралӣ Назаралиев, корманди шӯъбаи "Ориёнбонк" дар Хоруғ дар авохири моҳи июли соли ҷорӣ нопадид шуда буд ва кормандони умури дохила танҳо мошини ӯро дар канори роҳи даромадгоҳи деҳаи Ёмҷ пайдо кардаанд.

Тағоии Меҳралӣ мегӯяд, охирин маротиба рӯзи 29 июл тақрибан соати 4 – и баъд аз зуҳр ӯ ба модараш занг зада, ҳолпурсӣ кардааст ва пас аз ин дигар дар тамос нашудааст. Аз сабукрави Меҳралӣ Назаралиев 800 сомонӣ пули тоҷикӣ, 700 доллари амрикоӣ ва низ телефонии дастӣ дарёфт шуда буд. Пайвандони Меҳралӣ Назаралиев ин нуктаро зикр мекунанд, ки эҳтимолан ғайб задани ӯ ба муомилаҳои пулӣ рабт дошта бошад.

Ба қавли онҳо, Меҳралӣ чанде қабл аз хоҳараш дар Маскав ҳудуди 40 ҳазор доллар дарёфт карда, онро ба касе бо фоиз қарз додааст. Амирхӯҷа Бахтдавлатов мегӯяд, наздикон дар ин бора ба мақомоти милиса хабар додаанд ва инро ҳам зикр кардаанд, ки шахсияти нафари қарзгирифта ҳам танҳо ба худи Меҳралӣ маълум буд.

Меҳралӣ Назаралиев, зодаи деҳаи Нишуспи ҷамоати Дарморахти ноҳияи Шуғнон, писари халифаи ин деҳа, се сол ба ин сӯ дар филиали «Оринёбонк»- и шаҳри Хоруғ минҳайси иқтисодчии дараҷаи як фаъолият дошт. Факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев хатм кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG