Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷасади хазинадори “Агроинвестбонк” аз дарё пайдо шуд


Пас аз даҳ рӯз ҷасади Ҳусейн Пиров, хазинадори “Агроинвестбонк”-и шаҳри Норак аз дарёи Вахш пайдо шудааст. Як гурӯҳ аз моҳидорон дар наздикии деҳаи Далдахӯрон ҷасади Ҳусейн Пировро пайдо карда ва ба мақомот супурдаанд.

Масъулони Идораи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Норак ҷумъаи 26 август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади Ҳусейн Пиров соатҳои 4-и баъд аз зуҳри рӯзи гузашта аз сӯи моҳидорон аз дохили дарёи Вахш пайдо шуд. Ҷасади Ҳусейн Пиров 19 километр поинтар аз маҳале, ки ӯ худро ба дарё андохт, ёфт шудааст.

Бо он, ки гуфта мешавад, ҷасади Ҳусейн Пировро шинохта мешавад, аммо ангуштонашро моҳиҳо хӯрдаанд. Ба гуфтаи масъулон, ҷасади Пиров худи ҳамон рӯз дар қабристони зодгоҳаш ба хок супурда шудааст.

Ҳусейн Пирови 37-сола рӯзи 15-уми август аз болои пуле дар деҳаи Қибили шаҳри Норак худро ба об андохт. Аз он замон то ба ҳол кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷасади ӯро дар дарё ҷустуҷӯ доштанд.

Сабабҳои худро ба об андохтани Ҳусейн Пирови 37-сола маълум нест ва маъмурони пулиси Норак низ мегӯянд, ки тафтишот ба поён нарасидааст ва наметавонанд, ҷузъиётро ошкор кунанд. Пулис гуфт, ки онҳо бар асоси баёноти шоҳидон қазияро худкушӣ мешуморанд ва онро таҳқиқ доранд. Додситонии шаҳри Норак низ дар ин робита парванда боз кардааст.

Сироҷиддин Маҳмудов, раиси ҷамоати “Пули сангин” дар шаҳри Норак, ки хонаводаи Ҳусейн Пиров дар онҷо ба сар мебаранд, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки гуфт, хазинадори “Агроинвестбонк” панҷ фарзанд дошт ва ин ҳодиса на танҳо хонаводааш, балки аҳли ҷамоатро парешону ғамгин кардааст.

Ҳусейн Пиров чаҳор сол дар шӯъбаи “Агроинвестбонк” дар Норак фаъолият доштааст. Як корманди бонк дар Норак гуфт, ҳамкорияшон бо Ҳусейн Пиров хуб буд ва барои онҳо низ сабабҳои чунин рафтори кормандашон маълум нест. Вале бино ба гузоришҳо моҳҳои ахир вазъи молии "Агроинвестбонк", ки бо кӯмаки давлат аз вартаи муфлисӣ чанд сол пеш раҳо шуд, ҳоло хуб нест.

XS
SM
MD
LG