Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳҳо фурӯшандаи бозори “Шоҳмансур”-и пойтахт аз мақомот талаб доранд, ки ё иллати бастани ин бозорро барояшон фаҳмонанд ва ё бигузоранд, ки ба савдои молашон идома диҳанд. Савсан Давлатова, яке аз фурӯшандаҳо гуфт, бештари тоҷирон аз бонкҳо қарз гирифтаанд ва ҳадди ақалл як соат баста будани дари бозор ба ҷайбашон зарбаи сахти иқтисодӣ мезанад.

Савсан Давлатова ва фурӯшандаҳои дигар гуфтанд, бору маҳсулоташон, бо шумули маводи ғизоӣ, ки эҳтимоли вайрон шудани онҳо вуҷуд дорад, дар дохили бозор мондаанд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

"Шоҳмансур", яке аз бозорҳои маъруфи Душанбе, рӯзи 26 октябр баста шудааст. Раҳбарияти бозор мегӯянд, ин амал ба хотири "корҳои профилактикӣ" сурат гирифтааст, вале тоҷирон иддао доранд, ки шаҳрдорӣ мехоҳад онҳоро ба маҷмааи "Пойтахт-90" интиқол диҳад. Маҷмааи "Пойтахт-90" се соли пеш дар кӯчаи Меҳнат, наздик ба маҳаллаи Сариосиё сохта шудаст.

Иддае аз савдогарон, сабаби расмии ин амрро намедонанд, аммо мегӯянд, ки шаҳрдорӣ мехоҳад, то тамоми тоҷирону савдогарони бозори “Шоҳмансур”-ро ба бозори наву замонавии “Пойтахт-90” интиқол бидиҳад. Аммо Машраб Қараев, муовини раиси бозори "Шоҳмансур" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маъмурият бар асоси пешниҳоди ниҳодҳои зидди сӯхтор ва беҳдоштӣ ва бо ҳадафи корҳои профилактикӣ, дари бозорро бастааст. Вале ин масъули бозори "Шоҳмансур" нагуфт, ки дари бозор барои чанд рӯзи дигар баста боқӣ мемонанд.

Вай танҳо гуфт, ки дар ин бозор бояд маҳсулоти кишоварзӣ ба фурӯш гузошта шавад ва ба фурӯши молҳои дигари саноатӣ иҷозат дода нахоҳад шуд.

Қаблан савдогарони меваҳои хушк ва донагиҳо аз бозори "Шоҳмансур" ба маҷмааи тиҷоратии "Пойтахт-90" кӯч дода шуда буданд, аммо онҳо ба далели набуди муштариён, дубора ба ҷои худ дар бозори “Шоҳмансур” бозгаштанд. Гуфта мешавад, бархе аз бозорҳои дигари шаҳри Душанбе, аз ҷумла, “Зарафшон” дар маҳаллаи Зарафшон ва "Варзоб" дар маҳаллаи "Водонассос" низ баста ва савдогарони онҳо ба маҷмааи тиҷоратии “Пойтахт-90” кӯч дода мешаванд.

Дар баҳори соли 2015, дар пайи як дастури раиси шаҳри Душанбе барои ба танзим даровардани бозори "Шоҳмансур" ва ҷилавгирӣ аз тамбашавии мошинҳо, чанде аз дӯкони атрофи он баста шуданд. Ин тасмим норозигии даҳҳо тоҷири канори бозорро ба бор овард ва онҳо аз мақомот талаб карданд, ки ба ҳарфашон гӯш дода шавад. Ин гурӯҳи тоҷирон то ба идораи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон рафтанд, то ҳарфи дилашонро тариқи оинаи нилгун изҳор доранд.

Шаҳрдорӣ он замон гуфта буд, барои тоҷироне, ки аз ҷойҳои худ дар бозори "Шоҳмансур" маҳрум мешаванд, дар "Маҷмааи савдои Пойтахт-90" нуқтаҳои савдо пешбинӣ шавад. Вале тоҷирони норозӣ гуфтанд, ки шартномаи бозори "Пойтахт 90", ки ба қиммати 40 миллион доллар бунёд шудааст, хеле гарон аст.

Моҳи январи соли 2015 масъулони шаҳрдорӣ дар нишасти хабарӣ иқрор карда буданд, "ними муассисаи давлатии “Маркази савдои Пойтахт 90” холист". "Маркази савдои Пойтахт-90", ки аз буҷаи шаҳри Душанбе дар кӯчаи "Меҳнат" бунёд шудааст, моҳи сентябри соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бозори "Шоҳмансур" аз бозорҳои маъруфи пойтахти Тоҷикистон аст, ки дар он ҷо бештар маҳсулоти ғизоӣ, сабзавоту меваҷот ва либосу матоъ мефурӯшанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG