Пайвандҳои дастрасӣ

Ороста дар маҳбас китоб навишт


Акс аз зиндони занонаи Роғун, соли 2011

Акс аз зиндони занонаи Роғун, соли 2011

Зиндонии 24-солаи маҳбаси занонаи Норак китоби достонҳои худро бо номи “Панҷаи нарми шамол” бо теъдоди ҳазор нусха нашр кард.

Зиндонии маҳбаси занонаи Нораки Тоҷикистон Ороста Ниёз, ки панҷу ним соли ахирро дар пушти панҷараҳои оҳанин сипарӣ кардааст, китоби достонҳои худро бо номи “Панҷаи нарми шамол” бо теъдоди ҳазор нусха нашр кард. Ин китоб бо кӯмаки Кумитаи занон ва оила чоп шудааст. Ороста Ниёз, ки 24 сол дорад, соли 2010 дар ҳоле, ки 19-сола буд, бо ҷурми дуздӣ ва роҳзанӣ ба муддати 10 сол зиндонӣ шуд. Ӯ мисли ҳамаи зиндониён ҳукми додгоҳро ноодилона ва худро қурбонии макри дигарон мешуморад. Аммо додгоҳ мегӯяд, ки Ороста на танҳо дуздӣ кард, балки “ба одами аз роҳаш баромада ҳамла кардааст, ки ин роҳзанӣ ҳисоб мешавад”.

Ороста мегӯяд, “дарди зиндон, ки рӯзҳои хубаш башумор буду рӯзҳои бадаш хеле зиёд”, дар шеър ифода шуд: “Ин ҳамон лаҳзаҳои рӯъёие ҳастанд, ки маро ба худ мекашанд”, мегӯяд вай. Дар ҷараёни рӯз Ороста се соат фурсат дорад, ки дар ин муддат дарди дили худро рӯи коғаз бирезад ва бо ин, андаке ҳам бошад, аз фишори дарду алами сарнавишташ осуда шавад.

Дар бораи шоирии Ороста раҳбарияти Кумитаи занон аз як барномаи телевизионии “Равзанаи умед” хабардор шуд. Дар ин барнома духтари

Маҳфил оростӣ аз шамъи умеди дигарон,

Бехабар боз мани гумшуда пайдо шудаам.

зиндонӣ дар бораи дарси касбомӯзиаш дар маҳбас ва, аз ҷумла, истеъдоди шоириаш нақл кард. Дар давоми ин солҳо, ӯ ҳамчунин қиссаҳои пушти паҷараро дар китоби дигаре бо номи “Дарвозабони ғам” ҷамъ овардааст ва мехоҳад онро низ нашр карда ба хонандааш тақдим кунад.

Ороста як зиндонии қаторӣ аст. Дар як мукотибааш бо хабарнигори Озодӣ аз зиндон ӯ нақл кард, ки рӯзаш соати 6 субҳ бо занги умумӣ шурӯъ мешавад, се бор дар рӯз дар санҷиши ҳисобӣ ҳамроҳ бо занони дигар дар бораи будани худ дар зиндон гузориш медиҳад ва 8 соат дар рӯз кор мекунад. Дар паҳлӯи ӯ даҳҳо занону духтарони дигар, ки барои қаллобиву дуздӣ, куштор, қочоқи маводи мухаддир ва хариду фурӯши инсон айбдор шудаанд, мӯҳлати худро сипарӣ мекунанд.

Дар муддати беш аз 5 соли зиндон бо афви раиси ҷумҳурӣ мӯҳлати ҳукми Оростаро ду дафъа ихтисор карда, то 6,5 сол расондаанд ва ӯ ҳоло интизор аст, ки баъди як сол ба озодӣ мебарояд. Рӯзҳои рӯшани зиндагиаш дар маҳбас, ба гуфтаи ӯ, лаҳзаҳои эҷоди шеър, марҳилаҳои касбомӯзиаш дар дарсҳои компютер, дӯзандагӣ, қаннодиву ороишгарӣ мебошанд. Вай мегӯяд, агар рӯзҳои аввали баъди зиндонӣ шуданаш дар ҳолати шоку ноумедӣ ва тарси зиёд фикр мекард, ки танҳо роҳаш баъди зиндон – муҳоҷирати корӣ дар Русия мешавад, ҳоло бо дилпурӣ медонад, ки соҳиби касбу кор аст ва орзу дорад корхонаи хусусии худро боз кунад. Шеъргӯӣ бошад, барояш як василаи ором кардани рӯҳу равон, фирор аз сӯҳбатҳои беҳуда бо зиндониҳо ва ҳам талоши дарки мавқеи худ дар зиндагӣ шудааст.

Ҳамин шеър буд, ки дили хешовандонаш ба ӯ дубора гарм шуд ва баъди барномаи телевизионӣ амаку тағоҳояш ҳам акнун ба дидорбинии ӯ меоянд. Худи ин духтар мегӯяд, такягоҳи аслиаш волидон мебошанд, ки бо онҳо метавонад дар ду моҳ як бор то се шабонарӯз мулоқот кунад. Ҳарчанд, дар оғоз, баъди зиндонӣ шуданаш онҳо ҳам як муддат аз ӯ фосила гирифтанд.

Ороста дар шеъраш васфи озодиву модар, ватану диёр ва, ба қавли

Оқибат мешиканам ҳалқаи занҷири ҷафо,

Лек занҷири ҷафои ту бувад дар поям.

Пеши чашмам ҳама дам Юсуфӣ, зебо тобӣ,

Дар нигоҳи одамон пири Зулайхо шудаам.

Маҳфил оростӣ аз шамъи умеди дигарон,

Бехабар боз мани гумшуда пайдо шудаам.

худаш, “дӯстон” мекунад. Агарчи ӯ дар мавзуи ишқ бештар шеър эҷод кардааст, аммо мегӯяд, худаш намедонад ин хитобҳо ба кӣ аст. Зеро ҳанӯз фурсати ошиқ шуданро пайдо накарда, дар синнӣ 19-солагӣ зиндонӣ шуд. “Ман оила надорам, духтари хона ҳастам”, таъкид мекунад ӯ. Ороста мегӯяд, дарк мекунад, ки барояш баъди зиндон шояд барпо кардани оила душвор шавад, вале тарҷеҳ медиҳад, ҳоло дар ин бора фикр накунад. Бештар шеър мегӯяд.

Нахустин китоби шеърҳои Ороста Ниёз бо номи "Панҷаи нарми шамол" ба теъдоди 1000 нусха охири моҳи июн нашр ва ба муассисаи ислоҳии занон дар шаҳри Норак тақдим шуд. Барои нашри китобаш Ороста ба Раёсати муассисаи ислоҳии Норак нома навишт ва бар асоси номаи ӯ Кумитаи кор бо занон чопи китобро бар дӯшӣ худ гирифт.

Китоби дигари Ороста "Дарвозабони ғам", ки зиндагии ӯро дар зиндон қисса мекунад, омодаи чоп аст. Ин китобаш қарор аст моҳи оянда бо дастгирии як соҳибкор нашр шавад. Китобҳои дигари ин эҷодкори зиндонӣ “Нигоҳе ба зиндон" ва "Пушти панҷара ханӯзам" аз шеъру рубоиҳо иборат мебошанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG