Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як зани 100-солаи сокини Кӯлоб дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳамроҳи аҳли хонаводааш зидди фашизм ҷангид ва падару хоҳарро аз даст дод.

Як зани 100-солаи сокини Тоҷикистон дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳамроҳи аҳли хонаводааш зидди фашизм ҷангид ва падару хоҳарро аз даст дод. Ин зан дар соли 1942 бо ихтиёри худ ба артиш пайваст ва ба ҳайси алоқачӣ дар ҷангҳои Ленинград (Санкт-Петербурги имрӯза) то хатми ҷанг зидди фашим ҷангид. Хабари ҳамлаи душманонро ба марказ мерасондам Антонина Ястребова, сокини 100-солаи Кӯлоб рӯзи 7 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ замони дар ҷанг будан ва зидди Гитлер ҷангиданашро қисса кард. Вай гуфт, вақте ба ҷанг рафт, дар хонадон духтари бузург буд, баъди ду соли дар ҷанг иштирок кардани падар ӯ низ ба ин саф пайваст.

Ӯ мегӯяд, ки дар баробари падар хоҳари ӯгаи ӯ Марина низ дар ҷанг буд. "Падарам ва хоҳари ӯгаям дар як набард дар шаҳри Ижевск аз тири фашистон кушта шуданд. Падарам Пётр Ясребов ду сол пеш аз ман ба Ҷанги бузургӣ ватанӣ даъват шуда буд. Мо дар шӯъбаи алоқа хабарросон будем ва ҳамлаи душманонро ба марказ мерасонидем", - қисса кард хонум Ястребова. Медал аз дасти Сталин Ҳоло ин зан даврони пирӣ меронад ва гоҳе аз сурудҳое, ки дар замони ҷанг аз худ карда буд, мехонаду гоҳе қиссаҳое ба ёдаш аз ҷанг меояд, ки онҳоро ба насли нав қисса мекунад.

Замони ҷанг ӯ ба як ҷавон бо номи Иван, ки ӯ ҳам ба ҳайси алоқачӣ зидди Германияи фашистӣ меҷангид, ошиқ шуд ва баъди ҷанг бо ӯ оила барпо кард. Баъди хатми ҷанг соли 1947 ба Тоҷикистон омада дар риштаи иқтисод таҳсил, дар заводи пахтаи Кӯлоб кор кард ва дигар нахост ба Русия баргардад. Ҳарчанд бародараш ӯро пайваста ба Маскав барои идомаи зиндагӣ даъват мекард. Се сол пеш тамоми иртиботи хонум Ястребова бо хешовандонаш дар Русия канда шуд ва ӯ дигар намедонад, ки кӣ зинда асту чӣ ҳоле дорад. Дар хонааш дар Кӯлоб танҳо ба сар мебарад ва духтари 21-солаи ҳамсояаш ба ӯ нигоҳубин мекунад. Маҳтоббӣ Баротова, набераи Антонина Ястребова дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ӯ 12 сол дошт, ки ин зан ӯро ба фарзандӣ хонд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG