Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзномаи «Гардиан», чопи Лондон, навиштааст, изҳороти раиси ҷумҳури Русия Димитрий Медведев, меросбар ва идомадиҳандаи кори Путин имкон дорад дар ояндаи наздик барои аврупоиҳо нохушиҳоро ба дунбол дошта бошад.

Рӯзнома дар ин бора бо таваҷҷӯҳ аз нақшаву иқдомоти ахири Русия дар мавриди таъсиси 6 гурӯҳи тайёраҳои низомии посбон ва навсозии флоти киштиҳои зериобии атомӣ ибрози назар кардааст. Ҳамин рӯзнома навиштааст, ин дар ҳолест, ки кишварҳои Аврупоӣ бовар карданианд, ки замони таззодҳои Шарқу Ғарб поин ёфтааст. Ба қавли «Гардиан», ҳамзамон эъломи пешниҳоди таъсиси сохторҳои нави амниятӣ дар Аврупо аз сӯи Русия, ки тақрибан имкон дорад Эътилофи Атлантики Шимолӣ ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро иваз кунад, намоиши нерӯи афзояндаи Маскав мебошад. Ва афзудааст, фишори Русия ба ҳамсояҳои саркаши худ, ба мисли Гурҷистон ва кишварҳои Балтик, ин огаҳӣ аз он аст, ки ба истилоҳ, «хирс баргаштааст». «Гардиан» менависад, Русия мушаки байниқоравии «Булава-М»-ро озмоиш кардааст, ки қудрати бартарӣ ба ҳама гуна системаҳои зиддимушакӣ дорад. Ва бо ин Маскав ба Ҷорҷ Буш ва шарикони аврупои шарқиаш ишорат мекунад, ки радарҳои «ҷанги сайёравиатон»-ро ҳар қадар метавонед дуртар андозед.

Аммо нашрияи «Файнэншл таймс»-и Олмон, ҳамноми рӯзномаи бритониёӣ, ба таҳлили вазъи иқтисодии Русия пардохта, менависад, таваррум дар Русия ҳамарӯза ба қуллаҳои навтар мерасад ва афзоиши қиммати маҳсулот ба дунболи қишри қашшоқи мардум сокинони миёнаҳоли ин кишварро зери хатари қашшоқӣ гузоштааст. Ва навиштааст, дар ҳамин ҳол ҳукумат ва Бонки марказии Русия нотавонии худро намоиш медиҳанд. Дар робита афзудааст, ҳукумати Русия ва бонки марказии ин кишвар аз сӯи созмон ва институтҳои молиявӣ зери интиқод қарор гирифтааст. Ва ба қавли рӯзнома, бонки марказии Русия дар чунин вазъи мушкили таваррум ҳам кӯшиши афзоиши қурби рублро надорад, зеро дар он сурат қиммати маҳсулоти аз Русия содиршаванда низ ба маротиб меафзояд. Ва дар робита ҳукумати Русия роҳи дигарро пеш гирифт ва эълом дошт, ки нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи монанд ба тухм, орд ва нон то интиҳои соли 2008 бетағйир боқӣ мемонад ва ҳамзамон боҷи гумрукӣ аз содироти ғалларо афзоиш дод.

«Ди тсайт», нашрияи дигари олмонӣ дар як матлаб навиштааст, донишмандони пажӯҳишгоҳи ба номи Солкаи шаҳри Ла Ҷоле дар мавриди ду дору ва ё дармоне хабар додаанд, ки дар ибтидо барои табобати мушакҳои бадан аз арофия ва кам кардани равғани бадан истифода мешуд. Аммо менависад, истифодаи ин дармон ҳаракат ва тобоварии мушкҳои озмоиширо ба маротиб афзудааст. Ва донишмандон аз он хавф мебаранд, ки ин дармонҳо шояд дар бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин аз сӯи варзишгарон истифода шавад. Ва низ таъкид бар он мекунанд, ки кашфи ин дармонҳо дар вуҷуди инсон хеле мушкил аст. Ва рӯзнома ишорат кардааст, ки то чанд рӯзи дигар боқӣ ба оғози бозиҳои олимпӣ рушан мегардад, ки мубориза бо варзишгарони ғайривоқеъӣ, ки аз дармонҳои мамнӯъ истифода мекунанд, хеле мушкил мегардад.

Ва ҳамчунин рӯзномаи бритониёии «Таймс» бо таваҷҷӯҳ ба бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин менависад, агар кадоме аз мардҳои чиноӣ бар сар хаёли онро дорад, ки чун гузашта ҳоло ҳам субҳ бо риши натарошида, даҳони ношуста, бо либосҳои хонагӣ ба мағозаи наздиктарин меравад, сахт иштибоҳ хоҳад кард, зеро Чин барои баргузории бозиҳои олимпӣ ҳато ба этикаи сокинон таваҷҷӯҳ карда ва дар робита дар кучаҳои Пекин пулисе пайдо шудааст, ки ба либоспушиву симои мардум ҳам назора мекунанд. Ҳатто либосеро занону мардони чиноӣ маъмулан либоси зебо унвон мекунанд, хилофи талаботи ин пулис будааст. Ба навиштаи рӯзнома, ҷуроби сафед ва туфлии сиёҳ пушидан иҷоза нест, поҷомаи чармин, ранги рушан барои нохунҳо манъ аст. «Таймс» афзудааст, 15 миллион сокини Пекин аз кумиссиюни вижа дастури рафтор ва фарҳанги либоспушӣ, усули дурусти фишурдани даст, сигоркашӣ ва дар навбат истоданро гирифтаанд. Ва мақомоти Чин ин ҳамаро нокифоя дониста, барои 4 миллион хонаводаи Пекин дар робита китобчае ба нашр расондаанд. Ва ин дастур ба 36 бахши ахлоқ ва этикаи либоспушӣ иртибот дорад, ки дар 9 саҳифаи сомонаи интернетӣ нашр шудааст.

XS
SM
MD
LG