Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон дар ойинаи матбуот


Рӯзномаи амрикоии «Вашингтон пост» аз қавли вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс навишааст, ҳатто пирӯзӣ дар Ироқ ва Афғонистон ба ҷанги тулонӣ бо гуруҳҳои экстремистӣ хотима нахоҳад дод.

Рӯзномаи амрикоии «Вашингтон пост» афзудааст, аз ин хотир мубориза бо «Ал-Қоида» ва дигар гурӯҳҳои экстремистиву терористӣ ҳадафи аслии низомии Амрико барои даҳ соли минбаъда бояд бошад. Ба қавли рӯзнома, ин ҳадафҳои «стратегияи нави миллии дифоъи Амрикост, ки Гейтс онро ба тасвиб расондааст. Ба навиштаи «Washington post», Гейтс ба мисли вазири собиқи дифоъ Рамсфелд истилоҳи ҷанги дарозмуддатро истифода кардааст ва гуфтааст, дар ин ҷанг бо гурӯҳҳои ифротгарои экстремистӣ аз усулҳои ғайримаъмулӣ истифода бояд кард. Ва барои пирӯзӣ, ба қавли Гейтс, бар изофаи захоири низомӣ, ба истилоҳ, аз «нерӯи нарм» низ мешавад кор гирифт. Ҳамчунин рӯзнома назари коршиносони низомӣ ба ин стратегияи нави миллии дифоъии Амрикоро ба нашр расондааст.

Аммо рӯзномаи бритониёии «Гардиан» бо таваҷҷӯҳ ба рақобатҳои қаблазинтихоботии номзадҳоии демократ ва ҷумҳурихоҳони Амрико ба курсии раёсатҷумҳурии ин кишвар матлабе нашр карда ва навиштааст, ҷумҳурихоҳон рақиби худ Барак Обамаро дар як филми кӯтоҳи телевизионӣ ба ҳунарманд Бритни Спирс ва тоҷир Пэрис Хилтон муқоиса мекунанд. Ба қавли рӯзнома, Ҷон Маккейн дар муқобили рақиби демократи худ Обама гуфтааст, ӯ сиёсатмадори ҷиддӣ нест ва ба ҷои он, ки дар Қасри сафед ҷаласа гузаронад, беҳтар аст, ки рӯи гилеми сурх қадам занад. Рӯзнома менависад, ролики телевизонии омодакардаи ҷумҳурихоҳон, ки 30 сония идома мекунад, аз истиқболи анбӯҳи 200 ҳазорнафара аз Обама дар Берлин шурӯъ шуда, ба дунбол сароянда Спирс ва Хилтон рӯи навор меоянд. Ва ба қавли рӯзнома вақте Обамаро дар робита ба ин ролик суол карданд, ӯ гуфтааст, «аз Маккейн бояд суол кард, ки ӯ тарафдори чӣ аст, на муқобили кадом коре. Чунин ба назар намерасад, ки Маккейн ҳатто барои манфиати худ чизе гуфта наметавонад». Аммо ба навиштаи «Вашингтон пост», ҳанӯз маълум нест, ки ин усули муборизаи Макккейн то кадом андоза муфид хоҳад буд, аммо чизи маълум ин аст, ки назархоҳии ахири «Геллап» нишон додааст, ки 61 дарсади интихобкунандагони сини аз 18 то 29 сола аз Обама пуштибонӣ мекунанд, дар ҳоле ки ҷонибдорони Маккейн танҳо 39 дарсад ҳастанд.

Рӯзномаи олмонии «Ҳандесбллат» навиштааст, ки пас аз экспедитсияи пурсарусадои русҳо ба Қутби шимол дар соли гузашта, ки дар ин эспедитсия парчами Русия зери бистари уқёнуси Яхбастаи шимолӣ насб гардид, донишмандони Конодо низ бо ҳадафи таҳқиқоте рӯ ба ин минтақаи кашфнашудаи саршор аз захоири нафту газ шудааст. Ва менависад, инак баҳсҳои миёни донишмандон ва муҳаққиқон дар робита ба мансубияти қаламрави Қутби Шимол ба сиёсат табдил шудааст ва акнун кишварҳои ҳавзаи ин уқёнус пойгаҳе барои дарёфти захоири ғании табии бистари уқёнуси яхбастаи шимолиро оғоз кардаанд. Ба навиштаи рӯзнома, Конодо, Русия, Дания, Иёлоти Муттаҳида ва Норвей мехоҳанд, на танҳо Қутби Шимол, ҳамчунин уқёнуси атрофи онро миёни ҳам тақсим кунанд, ки ҳудуди 14 милион километри мураббаъ аст. Ва низ рӯзнома бо ишора ба маълумоти пажӯҳишгоҳи Алфред Вегенери Бремени Олмон навиштааст, пойгаҳи кишварҳо барои дастраси ба захоиру ҳудудҳои қутби шимол дар ҳолест, ки суръати обшавии пиряхҳо дар ин минтақа ба маротиб афзудааст ва эҳтимол пас аз тобистони имсол майдони пиряхҳои қутби шимол то марзи 4, 3 миллион километри мураббаъ поин шавад. Дар ҳоле, ки майдони пиряхҳо дар соли 1980 7 миллион километри мураббаъ будааст.

Ва рӯзномаи дигари инглисии «Сан» навиштааст, як муҳоҷири ғайриқонуни рус ба қасри маликаи Британия роҳ ёфта, хидмат мекард ва ҳатто ба Малика чой таҳия кардааст. Ба қавли рӯзнома, Игор Голованови 32-солаи рус ба ҳайати хидматгорони маликаи Иглистон ду сол қабл ворид шуда, дар қасри Букингем хонае ҳам пайдо намуда, ҳатто бо раҳбарони давлатҳо, аз ҷумла сарвазир Гордон Браун сӯҳбатҳо мекардааст. Мавриди ба кор гирифтани ӯ ҳатто ба санади сабти муҳоҷиратии ӯ таваҷҷӯҳ накардаанд, аммо бо гузашти ду сол пас аз он, ки мақомоти интизомии қасри малика огаҳ шуданд, ӯро аз кор ронда ва огаҳ карданд, ки ба зудӣ қаламрави Бритониёро тарк кунад. Ва аммо боз ҳам пас аз тафтиши ҷиддӣ Игорро иҷоза доданд, ки барои зиндагӣ дар Бритониё монад ва феълан дар як гӯшаи ҷанубӣ Лондон зиндагӣ мекардааст.
XS
SM
MD
LG