Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъ аз солҳои 60-и қарни гузашта фаъолони муҳити зист меуфтанд, ки афзоиши торафти ҷамъият дар ҷаҳон боиси мушкили камбуди ғизо хоҳад шуд.

Аммо баъд, вақте, ба истилоҳ "инқилоби сабз" рух доду донишмандон ба афзоиши ғизо ва муҳити зист саҳмгузориҳо карданд, хатарҳои камбуди хӯрок гӯё фаромӯш шуд. Аммо акнун, мегӯянд, ки ғайриинтизор ояндаи дур хеле наздик омадааст. Бо афзоиши аҳолӣ ва болоравии ниёзмандиҳои ғизо қимати хӯрок ҳам якбора боло меравад. Тибқи арзёбиҳои Дафтари ғизо ва кишоварзии СММ, қимати озуқа соли 2007 40 дарсад боло рафт ва ҳанӯз ҳам дар ҳоли болоравӣ мебошад.

Дар айни замон, захираҳои ғизо ҳам рӯ ба коҳиш овардааст. Масалан, захираи ҷаҳонии ғалла аз 18 то 12 ҳафта коҳиш ёфта, гандум аз 11 ба 8 ҳафта расидааст. Аз вокунишҳои аввалини кишварҳои содиркунандаи ғалла ин манъи фурӯши он ба кишварҳои дигар шуд. Яке аз кишварҳое, ки ахиран даст ба чунин иқдом зад, Қазоқистон, бузургтарин содиркунандаи ғалла дар Осиёи Марказӣ буд, ки тасмими он ҷумҳуриҳои Қирғизистону Тоҷикистон ва Озарбойҷонро дар назар мегирифт.

Раиси барномаи осиёии Созмони ҷаҳонии ғизо Тони Банбурӣ дар ин замина рӯзи 22 апрел чунин изҳори назар кард: "Содиркунандаҳои ғизо дар баробари ин мушкил қарор доранд ва даст ба коҳиши мизони содирот задаанд. Бо ин кори худ, онҳо кишварҳои дигар, мисли Филлипин ва ё Созмони ҷаҳонии ғизоро дар шароити душвор қарор медиҳанд, ки бояд дар бозорҳои озод молро харидорӣ кунанд. Дар айни замон, мо имкони харидории ғалларо барои Афғонистон бо маллағи 78 миллион долларе, ки донорҳо ба мо додаанд, надорем. Мо онро харида наметавонем. Айнан ҳамин ҳолат дар Тимори Шарқӣ мушоҳида мешавад. Онҳо наметавонанд ғизои мавриди ниёзи худ, яъне биринҷро дар бозорҳои тиҷоратӣ ба даст оваранд".

Ба андешаи як мутахассиси захираҳои ғизо Абдурризо Аббосиён аз Созмони ҷаҳонии ғизо дар Рум, дар шароити кунунӣ ҷамъоварии захира метавонад як роҳи хуби ҳалли масъала бошад. Дар сурати бӯҳрон, ин захираҳо барои баэътидол овардани қиматҳо метавонад истифода шавад. Дар айни замон, вай эътироф мекунад, ки чунин методи кор паёмадҳои номатлуби иқтисодии худро барои кишвари захиракунандаи ғизо ҳам дошта метавонад.

Абдурризо Аббосиён гуфт, "мушкиле, ки мо ҳоло дорем, ин аст, ки агар кишварҳои бештар, ба вижа кишварҳои содиркунанда тасмими захира кардани ғизоро бигиранд, то ки дар оянда аз болоравии қиматҳо ҷилавгирӣ ба амал ояд, яъне ҳамон тавре ки мо дар ҳафтаву моҳҳои охир мушоҳида мекунем, бояд бидонем, ки ташкили чунин захирагоҳҳо маблағ мехоҳад, ва аз лиҳози иқтисодӣ албатта ин роҳи хеле хуби ҳимояти кишвари худ буда наметавонад".

Бо зикри ин, мутахассиси захираҳо дар Созмони ҷаҳонии ғизои Рум афзуд, ки алъон ҳеҷ як кишвари ҷаҳон, тавре даҳсолаҳо пеш дидан мумкин буд, дорои захираҳои фавқулолла зиёди маводи озуқа намебошад. Ҳоло, мегӯяд вай, тамоюли давлатҳои тавсеаёфта тағйир кардааст. Ӯ меафзояд, "агар шумо дар бораи маҳсулоти ғалла сӯҳбат кунед, мебинед, ки кишварҳои зиёди дар ҳоли рушд сиёсатҳои бештар маснуъии захираи ғизоро дунбол мекунанд. Сабаби ин хеле содда аст, яъне давлатҳои тавсеаёфта дорои системаи истеҳсол ва бозгардони маҳсулоти ғалла ҳастанд ва маъмулан бо содироти ғизо машғул намешаванд ва онҳо тамоюли ҳифзу нигаҳдории захираҳоро дар сатҳи хеле пойин дунбол мекунанд".

Ба андешаи оқои Аббосиён, ҳаҷми захираҳои хӯрок дар ҷаҳон нокофӣ нест, балки ин масъала бояд дар чаҳорчӯби як режими муайяни тиҷоратӣ баррасӣ шавад ва кишварҳоро аз гирифтани ҳар гуна иқдомоти барояшон муфид, аммо барои дигарҳо хатарзои мисли манъи содироти ғизо ҷилавгирӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG