Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамоиши иқтисодии Аврупо ва Осиёи Марказӣ


Дар охири моҳи октябр дар Истанбули Туркия нахустин маҷмаъи ҷаҳонии иқтисодӣ барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Ин маҷмаъ то 1-уми ноябр идома меёбад ва дар он намояндагони давлатҳову созмонҳои мухталифи байналмиллалӣ ва соҳибкорону бонкдорон ширкат хоҳанд кард. Коршиносон мегуянд, Истанбул барои он маҳали баргузории чунин маҷмаъи муҳими иқтсодӣ баргузида шудааст, ки ду қитъаи Осиё ва Аврупоро бо ҳам мепайвандад.

Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисодӣ бори нахуст дар чунин шакл баргузор мешавад ва интизор меравад, ки ширкаткунандагон дар зарфи се рузи кори он доираи васеъи масоили иқтисодиро барои ҳамкориҳои Аврупову Осиёи Марказӣ баррасӣ кунанд.

Кристоф Вебер-раиси маҷмаъи ҷаҳонии иқтисодӣ барои Аврупову Осиё мегӯяд, маҷмаъи иқтисодиии Туркия имкони хубест, ки дар он масъалаҳои иқтисодии ин ду минтақа ба баррасӣ гирифта шавад.

Оқои Кристов мегӯяд, ба ин далел доираи шрикаткунандагон низ дар ин маҷмаъ фаротар аст: "Мо ҳудуди 500 нафар ширкаткунадаро дар ин маҷмаъ мунтазирем. Раҳбарони тиҷоратӣ, мудирони молӣ, тақрибан 55 нафар аз шахсиятҳои иҷтимоъӣ ба шумули 10-12 нафар раҳбарони давлатҳову ҳукуматҳои минтақа, раҳбари вазоратхонаҳо, Бонкҳои Марказӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ширкат хоҳанд кард".

Мизбонии ин маҷмаъро ҳукумати Туркия бар ӯҳда хоҳад дошт ва дар маросими гузоиши он нахуствазири он кишвар суханронӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи оқои Кристоф, ҳадафи аслӣ ин аст, ки ширкаткунандагон аз ҳамаи равандҳои иқтисодӣ дар минтақа огаҳӣ пайдо кунанд ва барои ҳамкорӣ иттилоъоти зарурӣ дар ихтиёри онҳо қарор бигирад.

Бенита Сироне, ёвари раиси маҷмаъи ҷаҳонӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ин маврид мушаххастар суҳбат мекунад ва мегуяд, дар ин маҷмаъ бештар ба масъалаҳои минтақаӣ таваҷҷуҳ хоҳанд кард: "Коҳиши рушди иқтисодӣ, буҳрони молии сартосарӣ, таварруми пул дар бисёре аз кишварҳо ва камбуди об аз ҷумлаи масъалаҳои мавриди баҳс ба шумор мераванд. Илова бар ин, баъзе вижагиҳои минтақаӣ, аз қабили усули мудирият, ришвахорӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоъиди тиҷоративу соҳибкорӣ низ баррасӣ мешавад. Ҳамаи ин масъалаҳо бояд зери пушиш қарор бигирад".

Хонум Бенита Сироне мегӯяд, барои ҳали ин масъала бояд мёни қишрҳои мухталифи соҳибкорону тоҷирон, созмонҳои минтақаӣ, ва албатта миёни ҳукуматҳои минтақа ҳамкорӣ густариш ёбад. Коршиносон мегуянд, дар ин маҷмаъ нақши Туркия дар иқтисоди минтақа низ баррасӣ хоҳад шуд, зеро солҳои ахир Туркия аз лиҳози мавқеъияти ҷуғрофиёии худ ва ҳамкориҳои гуногунҷабҳааш бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа ба яке аз бозигарони калидӣ дар иқтисоди минтақа табдил ёфтааст. Ин кишвар дар минтақа бо ҳама ҳамкорӣ дорад ва бо ҳама забони гфтугуро ёфтааст.

Холид Абдулло Ҷаноҳӣ-раиси Бонки Итмор дар бораи нақши Туркия дар ин маҷмаъ чунин назар дорад: "Он гуна, ки ҳамаи мо мебинем, Туркия дар Ховари Миёна нақши хеле муҳим бозӣ мекунад. Имруз мо мебинем, ки Туркия миёни Ирон ва кишварҳои дигари ҷаҳон ва миёни Исроилу Сурия ба бозигари воқеъӣ табдил ёфтааст".

Оқои Ҷаноҳӣ мегӯяд, Туркия ҳамеша нақши пайвандгари миёни Аврупову Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёнаро доштааст. Гузашта аз ин, ҳоло ҷаҳон ба ду масъала таваҷҷӯҳ мекунад, яке сохторҳои тиҷоратӣ дар маҷмӯъ ва дигарӣ тиҷорат дар бахши кишоварзӣ. Кишварҳое, ки дар атрофи Туркия ҷойгиранд, дар ин бахшҳо ба сармоягузориҳои бештар ниёз доранд. Оқои Ҷаноҳӣ чунин мегӯяд:

"Дар бахши ниграрониҳои кишоварзӣ, амнияти ғизоӣ ҳоло дар ҷаҳон муҳим аст. Масалан, Қазоқистон аз қарни 19 ва қабл аз он, яъне қабл аз Шуравӣ Аврупоро тағзия мекунад. Ба ҳамин далел, мо бори дигар дар чунин кишварҳо ба тиҷорат дар бахши кишоварзӣ нигоҳе меафканем, зеро ба ақидаи мо ин хеле мӯҳим аст".

Дар маҷмаъи ҷаҳонии иқтсод барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Истанбул то ҳол ҳайате аз Тоҷикистон барои ширкат омода нашудааст. Вале Ғафурҷон Расулӣ, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, мегӯяд, равандҳои ахири молӣ дар ҷаҳон дар иқтисди Тоҷикистон низ асар хоҳад дошт. Масалан, дар бозорҳои ҷаҳонӣ поин рафтани нархи пахта ва алюминиюм дар Тоҷикистон беасар нахоҳад буд, зеро ин фаровардаҳо аз колоҳои аслии содиротии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Оқои Расулӣ мегӯяд, дар сурати густариши буҳрони молӣ ё иқтисодӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мумкин аст сармоягузорӣ дар Тоҷикистон низ коҳиш ёбад:

"Тоҷикистон бо бисёр кишварҳои ҷаҳон ва бо бисёр созмонҳои байналмиллалӣ робитаи ҳарруза дорад ва бисёр лоиҳаҳое ҳастанд, ки бо ширкати созмонҳои байналмиллалӣ ва баъзе кишварҳо иҷро мешаванд ва мо аз он бим дорем, ки ҳангоме, ки буҳрони молӣ дар ин кишварҳо доман паҳн мекунад, ҳиссаи ин созмонҳову кишварҳо шояд дпар иҷрои ин лоиҳаҳо дар Тоҷикистон камтар шавад".

Ду соли пеш низ дар Туркия як маҷмаъи иқтисодӣ баргузор шуд ва дар он танҳо масъалаҳои дохилии Туркияро баррасӣ карданд. Он вақт ширкаткунандагон тасмим гирифтанд, ки баъд аз ду сол дар чунин маҷмаъе дар Туркия масъалаҳои минтақаӣ матраҳ ва баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG