Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии Барак Обама дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикоро фавҷи табрикоти байнулмилалӣ дунбол мекунад.

Дар ҳоле ки аксари раҳбарони ҷаҳон дар баробари табрики пирӯзии Обама пиромуни равобити хубтар бо маъмурияти ӯ изҳори умед мекунанд, бисёриҳо ҳамчунин ба табиати таърихии пирӯзии Обама низ таъкид мекунанд, чунки Барак Обама нахустин раисиҷумҳури африқоитабори Амрико хоҳад шуд.

Раиси Кумиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо аз пирӯзии Барак Обама дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико истиқбол карда, ин пирӯзиро имконияте барои “муомилаи ҷадид барои ҷаҳони ҷадид” хонд. Ҷаҳоне, ки дар ҳоле ҳозир гирифтори бӯҳрони шадиди молист: “Ин барои Амрико як нуқтаи чархиш аст. Ва ин метавонад як нуқтаи чархиш барои тамоми дунё шавад. Фнълан вақти паймони наве миёни Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост.”

Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ, ки кишвараш раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад, дар номае ба Обама навишт, “дар ҳоли ҳозир, ки ҳама ҷаҳон ба чолишҳои бузурге рӯбарӯст, интихоби Обама умедвориҳои бузургеро дар Фаронса ва ҳамин тавр, дар Аврупо ва тамоми ҷаҳон бедор мекунад.”

Сарвазири Бритониё Гордон Браун Барак Обамаро барои “ сиёсати пурэнержӣ, арзишҳои прогрессивӣ ва дидгоҳаш ба оянда” муборакбод гуфт.

Бисёре аз раҳбарони ҷаҳон ба ин нукта ҳам таъкид мекунанд, ки Барак Обама нахустин амрикоии африқоитабор аст, ки ба баландтарин курсии Амрико хоҳад нишаст. Раисиҷумҳури Африқои ҷанубӣ Кгалема Мотланзе гуфт, ин ғалаба ба миллионҳо нафар дар Амрико ва Африқо умед медиҳад.

Раҳбари Афғонистон Ҳомиди Карзай изҳори умедворӣ кард, ки Барак Обама ба кишвараш сулҳу шукуфоӣ хоҳад овард. Ба бовари оқои Карзай, интихоби Обама Амрико ва ҷаҳонро вориди марҳалае хоҳад кард, ки фарқиятҳои нажодиву қавмӣ ва ранги пӯстро аз саҳнаҳои сиёсии ҷаҳон хоҳад рӯфт.

Сарвазири Австралия Кевин Радд гуфт, комёбии Барак Обама орзуи фаъоли маъруфи ҳуқуқи сиёҳпӯстони амрикоӣ Мартин Лютер Кингро ҷомаи амал пӯшонд.

Аксари раҳбарони ҷаҳон зимнан изҳори итминон кардаанд, ки равобити кишварҳояшон бо маъмурияти Барак Обама қавитар хоҳад шуд. Раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао хостори ба сатҳи наву баландтар расидани равобити Чину Амрико шуда, сарвазири Ҷопон Таро Асо тааҳҳуд супурда, ки бо раҳбари нави Амрико ҷиҳати тақвияти иттиҳоди Токиову Вошингтон кор хоҳад кард.

Президенти Русия Дмитрий Медведев дар паёми солонааш умедворӣ кард, ки Обама ҷӯёи равобити хубтар бо Маскав хоҳад шуд.

Вазири хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зиборӣ пирӯзии Барак Обамаро имкони наве барои истиқрори мушорикати хуби Ироқу Амрико дар оянда номид. Обама, қарори маълум, мухолифи ҷанги таҳти раҳбарии Амрико дар Ироқ буд ва ба хуруҷи нирӯҳои Амрико дар зарфи 16 моҳи оянда даъват мекунад. Аммо Ҳушёр Зиборӣ гуфт, Бағдод мунтазири кадом тағйироти билофосила дар сиёсатҳои Амрико дар қиболи Ироқ нест.

Вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ ҳанӯз қабл аз эъломи натоиҷи интихоботи Амрико гуфт, маъмурияти ояндаи Амрико интихобе ба ҷуз аз бознигарии сиёсатҳои хориҷиаш, ба вижа дар қиболи Ховари Миёна надорад.

Сарвазири рафтагори Исроил Эҳуд Олмерт гуфт, ӯ мутмаин ҳаст, ки равобити Исроилу Амрико дар аҳди Барак Обама боз ҳам тақвият хоҳад ёфт. Раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос, ба навбаи худ, аз Барак Обама даъват кард, талошҳо ба хотири расидан ба қарордоди сулҳи Ховари Миёнаро суръат бубахшад.

Пирӯзии Обама, ҳамин тавр, дар миёни мардуми оддӣ дар саросари ҷаҳон низ хуш истиқбол шуд. Аз ҷумла дар зодгоҳи падараш – кишвари африқоии Кения. Содиқ Обама, бародари ӯгайи Барак Обама, дар Когелои Кения ба Ройтерс гуфт: “Мо хушҳолем, мо имрӯз пирӯзии бародари худро дар хонаи падарамон ҷашн мегирем. Тавре мебинед, ҳама хушҳоланд. Ин як хабари хеле олист.”

Раисиҷумҳури Кения Мваӣ Кибакӣ 6 ноябрро ба хотири таҷлил аз пирӯзии Барак Обама рӯзи таътили миллӣ эълон кардааст. Зимнан дар Ҷопон ду минтақа Обама ном дорад. Хабари ғалабаи номзади демократ дар интихоботи Амрико дар ин ду мавзеъ шӯру қиёми бемислеро ба по кард.

Садҳо хонандаи як мактаб дар канори Ҷакарта, пойтахти Индонезӣ, ки Барак Обама дар даврони тифлӣ 4 сол дар он ҷо таҳсил кардааст, шаби дароз мижа таҳ накарда, бо шунидани хабари пирӯзии ҳаммактаби худ зери борон ба рақс омаданд.

Натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико билофосила ба бозорҳои молии дунё низ таъсир гузошта, тақвияти қурби доллари амрикоӣ ва афзоиши қиматҳо дар бозорҳои бурси Осиёро ба дунбол доштааст. Аммо бозорҳои Аврупо рӯзи чоршанбе бо уфти башиддати қиматҳо ба тиҷорат шурӯъ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG