Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба хушунат печидани эътирозҳо дар Мянмар


Нирӯҳои амниятии Мянмар бо талоши пароканда кардани тазоҳурот дар кӯчаҳои Йангун аз калтакҳо ва гази ашковар истифода карда, дар бархе аз маҳалҳои шаҳр садои тирандозӣ низ ба гӯш расидааст.

Хабаргузориҳо ба нақл аз манобеъи маҳаллӣ ҳамчунин аз ҳалокати чандин нафар, ба шумули роҳибони буддоӣ, ки аз ташкилкунандагони раҳпаймоӣ мебошанд, иттилоъ додаанд. Дар ҳоле ки полис даҳҳо нафар аз эътирозгаронро боздошт кардаву дар мошинҳо ба самти номаълум мебарад, ҳазорон нафар аз иҷрои дастури полис саркашӣ мекунанд. Яке аз роҳибон дар садри гурӯҳи шариконаш дар ҳоле шиор мезанад, ки тамошогарон аз пойфишории ӯ дар баробари полис истиқбол мекунанд.

Задухӯрдҳои имрӯза замоне шурӯъ шуданд, ки ҳукумати ҳарбии Мянмар қуюди шабгардӣ ва манъи ҳамоишҳои оммавиро эълон кард. Хабарҳое расидаанд, ки даҳҳо нафар аз фаъолони ҳуқуқи инсон ва ба вижа онҳое ки раҳпаймоиро бо обу озуқа таъмин мекарданд, ба ҳабс гирифта шудаанд.

Бритониё хостори даъвати фаврии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид гардид, то дар он вазъи Мянмар баррасӣ шавад. Ин даъват аз ҳаросе ба миён омадааст, ки мумкин аст, рӯйдодҳои соли 1988 дар Мянмар такрор шаванд. Дар саркӯб кардани эътирозгарон дар он вақт зиёда аз 3 ҳазор нафар аз тарафдорони Сан Су Чи, раҳбари ҳаракати демократӣ ва барандаи Ҷоизаи Нобел кушта шуда, ҳазорон нафари дигар ба шумули Сан Су Чи зиндонӣ гаштанд. Су Чи 19 сол боз дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад.

Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки таҳримҳои зидди Бирмаи собиқро ба мартиб қавитар хоҳад кард. Фаронса, Олмон, Ҷопон ва Сингопур ба ҳукуматдорони Мянмар ҳушдор дода буданд, ки коре бар зидди намоишгарон накунад.

Ҳукумати ҳарбии Мянмар вуруди ҳама гуна хабарнигорони хориҷиро ба кишвар манъ карданд ва тафсилоти рӯйдодҳои ахир дар шакли порчаҳои видеоӣ, акс ва иттилоъ асосан аз манобеъи маҳаллӣ ва умдатан ба воситаи интернет нашр мешаванд. Ин ҳам як тафовути дигари рӯйдодҳои ахир аз ҳодисаҳои соли 1988 аст. Аммо ин иттилоъ танҳо аз Йангун расида, вазъ дар дигар манотиқи Мянмар, ки низ оғуштаи намоишу раҳпаймоиҳост, номаълум боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG