Пайвандҳои дастрасӣ

Дар маҳалли Рошорви ноҳияи Рушон маросими ба истифода дода шудани як канали обгузар баргузор гардид.

Раиси вилояти Бадахшон Қодир Қосим анҷоми сохтмони каналро омили муҳим дар роҳи ҳалли мушкилоти камбизоатии сокинони ин минтақаи кӯҳистонӣ арзёбӣ карда гуфт, ки оби канал барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 800 ҳектор замини дашти Рошорв шароит муҳайё сохтааст. Вай гуфт, дар шароити кӯҳистон барои тахту ҳамвор намудан ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ҳар як ҳектор замин то 35 ҳазор сомонӣ масраф мешавад, аммо бо дастрасӣ ба об дашти Рошорв дигар ба хароҷоти дигари иловагӣ ниёз надорад.

Сохтмони канали Рошорв бо дарозии 6,5 километр бо кӯмаки молии ТАСИФ, Бунёди Оғохон, Созмони Аврупо, Созмони хамкорихои филиали Олмон ва Департаменти кишоварзии Амрико анҷом шудааст. Барои анҷоми ин тарҳ 460 ҳазор доллар, аз ҷумла 14 ҳазор доллар саҳмияи сокинони минтақа, сарф шудааст.

Баҳром Додихудоев, як тан аз сокинони кӯҳансоли маҳаллӣ, ки дар гузашта солиёни зиёд роҳбарии риштаи кишоварзии ноҳияро бар душ доштааст, изҳор намуд, ки масъалаи азхудкунии заминҳои Рошорв ҳанӯз дар солҳои 60-уми асри гузашта ба миён гузошта шуда буд, аммо се бор кӯшиши сохтмони канал, бинобар мавқеияти номувофиқи ҷуғрофӣ ва мушкилоти интиқоли техника, бенатиҷа анҷом ёфт.

Пошанбе Ашурмамадов, як тан аз сокинони маҳаллӣ, ки аз аввал то охир дар сохтмони канал кор кардааст, гуфт, дар оғози кор коргарон дар баъзе ҷойҳо ҳатто маҷбур буданд, бо ресмон ба поён овезон шуда, бо даст пайраҳа дуруст кунанд. Ва дар натича 3 нафар сокини маҳаллӣ қурбон шудааст.

Маросими кушодашавии канали об

Гуфта мешавад, бо кушода шудани канал аллакай 53 хонавода аз деҳоти гирду атроф довталаби гирифтани хонаҷой ва ширкат кардан дар азхудкунии заминҳои дашти Рошорв гардидаанд.

Тибки арқоми мутахассисон, дар дашти Рошорв ва гирду атрофи он дар мачмуъ 1200 ҳектор заминро обёрӣ ва кишт намудан мумкин буда, захоири он на фақат барои таъмини сокинони махалли Рошорв, балки қариб нисфи мардуми вилоят кифоят мекунад.

XS
SM
MD
LG