Пайвандҳои дастрасӣ

М.Данзон: "Вазъи беҳдоштии Тоҷикистон бӯҳронист"


Марк Данзон, мудири дафтари Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Аврупо, ҳини суҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе

Марк Данзон, мудири дафтари Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Аврупо, ҳини суҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе

Зимистони қаҳратун ва бесобиқа, ки тӯли се моҳи ахир Тоҷикистонро раҳо намекунад, арсаи беҳдоштии ин кишварро бо бӯҳрони шадид мувоҷеҳ кардааст.

Бо чунин суханронӣ имрӯз, 19 феврал, дар ҳузури хабарнигорон Марк Данзон, мудири дафтари минтақаии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Аврупо, дар хатми мулоқоти худ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, вазъи беҳдоштӣ дар ин кишварро бӯҳронӣ арзёбӣ кард. Вай гуфт, арсаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ниёз ба як ислоҳоти бунёдӣ дорад ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳамроҳ бо давлати ин кишвар барномаи навсозии ин системаро таҳия хоҳад кард.

Ӯ афзуд, бӯҳрони пешомада ошкор кард, ки арсаи нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон ба таҷдид ва ислоҳоти амиқ ниёз дорад. Ва то ҷое маълум мешавад, барномаи ислоҳотро дар давраҳои баландмуҳлат ва миёнамуҳлат метавон амалӣ кард. Ба қавли вай, Созмони ҷаҳонии беҳдошт тасмим гирифтааст бо ҷалби сармоя ва дастгирии ҷомеаи байнулмилал давлати Тоҷикистон ва вазорати тандурстии ин кишварро барои рафъи мушкилоти мавҷуда кӯмак кунад.

Мудири дафтари минтақаии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Аврупо дар посух ба ин суол, ки мушаххасан ин созмон чи кӯмакҳоеро дар доираи барномаи таҳияшаванда барои Тоҷикистон дар назар дорад, гуфт, ин ёриҳоро метавон ба се марҳала қисмат кард. Нахуст ин созмон талош хоҳад кард, ки бештари муассисоти табобатӣ ва бемористонҳо, ки дар пайи ин бӯҳрон аз фаъолият бозмондаанд, дубора фаъол шаванд ва шароити табобати маризонро фароҳам кунанд. Ва дар ин марҳала ҳамчунин таҷдид ва навсозии беморхонаҳо низ дар назар гирифта мешавад.

Вай гуфт, дар марҳалаи дигар бояд як низоми муназзам ва муносиби иттиллоотӣ ва таҳлилӣ ташкил карда шавад. Зеро бидуни иттилои дақиқ ва мувассақ дар бораи вазъи мавҷуда имкони пеш бурдани кор ночиз хоҳад буд ва аз сӯи дигар танҳо дар асоси иттиллои санҷидашуда метавон ба иқдоме даст зад. Аммо ин корро метавон дар доираи барномаҳои дарозмуддат анҷом дод. Ва ниҳоят кӯмак барои таъминоти дору, таҷҳизоти тиббӣ ва ғизо, ки мо онро дар ҳоли ҳозир ба роҳ монда ва танҳо дар ҳамин давраи барои 18 ҳазор нафар дору ва васоили дармонӣ ёрӣ расонидем.

Ин дар ҳолест, ки ба бовари бархе аз соҳибназарон ислоҳоти арсаи тандурустии Тоҷикистон ҳатто бо кӯмак ва дастгирии созмонҳои байнулмилалӣ низ номуваффақ хоҳад буд. Зеро, мегӯянд ин коршиносон, дар ин арса фасод амиқан реша давонида ва аз сӯи дигар маоши нокофӣ барои табибон ислоҳоти соҳаро ғайримумкин мегардонад. Аз тарафи дигар дар буҷаи давлат барои табобати як нафар дар як сол ҳудуди 6 доллар пешбинӣ шудааст, ки ин маблағ ба ҳеҷ сурат кофӣ нахоҳад буд.

Давлат барои ислоҳоти арсаи беҳдоштӣ талошҳоеро анҷом дод, ки яке аз онҳо роҳандозии табобати пулакӣ дар муассисоти пизишкӣ буд. Аммо ба далели он ки беш аз 70 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон дар зери хатти фақр ба сар мебарад ва ин иқдом эътирозҳоро ба дунбол овард, давлат маҷбур шуд иҷрои ин барномаро ба давраҳои баъдӣ мавқуф гузорад.

Дар ҳамин ҳол масъулони вазорати тандурустии Тоҷикистон низ бо ишора ба фалокати башарии пешомада дар кишвар тасдиқ мекунанд, ки барои рафъи чунин мушкилӣ арсаи тандурустии кишвар омода нест.

Ба иттиллои манобеи вазорати ҳифзи сиҳати оммаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир муассисоти беҳдоштии кишвар ба 150 миллион доллар кӯмаки изтирорӣ, аз ҷумла ба дастгоҳҳои гармидиҳӣ, дору ва таҷҳизоти табобатӣ, ниёз дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Созмони ҷахонии беҳдошт барои рафъи пайомадҳои сармои шадид ва бӯҳрони энержии моҳҳои ахир ба бемористонҳои Тоҷикистон 25 дастгоҳи тавлиди гармӣ, 2 ҳазор кампал ва дар ҳаҷми 300 ҳазор доллар дору ва таҷҳизоти табобатӣ ёрӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG