Пайвандҳои дастрасӣ

Ислом Каримов, президенти Узбакистони дорои захираи бузурги гази табиӣ мегӯяд, ки бӯҳрони саросарии иқтисодӣ ба ҳаёти мардуми ин кишвар таъсир нахоҳад гузошт, вале қашшоқиву бекорӣ ҳазорҳо шаҳрванди Узбакистонро ба Тоҷикистону Қирғизистони ҳамсоя равона кардааст.

Ҳар рӯз дар деҳаи Патар, воқеъ дар марзи миёни Узбакистону Тоҷикистон, даҳҳо марди ҷавону миёнаумр ҷамъ мешаванд. Онҳо мардикороне мебошанд, ки дар ҷустуҷӯи шуғли муваққат аз Узбакистон ба Тоҷикистон омадаанд. Шерқузии 45-сола барои таъмини рӯзгори ҳафт узви оилааш ба ҳар кори имконпазир ҳозир аст. Вай мегӯяд, "баъзан ман фақат 2 доллар дар рӯзе ба даст меорам. Вобаста ба он, ки чӣ коре пайдо мешавад. Баъзан 3 доллар дар рӯзе ба даст меорам. Даромади ман ба корам вобаста аст. Зудтар тамом кунам, зудтар пуламро медиҳанд".

Шаҳрвандони Узбакистон, ки дар манотиқи наздимарзӣ иқомат доранд, метавонанд бидуни раводиди сафар панҷ рӯзро дар Тоҷикистон сипарӣ намоянд. Шерқузӣ мегӯяд, ӯ дар охири ҳафта ба хонааш бармегардад, то рӯзи душанбе барои кор боз ба Тоҷикистон ояд.

Касе ҳисоб накардааст, ки чӣ миқдоре аз шаҳрвандони узбакистонӣ дар Тоҷикистон мардикорӣ мекунанд. Мансабдорони маҳаллӣ мегӯянд, ки шумори онҳо чандин ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамин гуна дар вилоятҳои Ошу Ҷалолободи Қирғизистон ҳам ҳазорҳо шаҳрванди Узбакистон мардикорӣ мекунанду пешбинӣ мешавад, ки бо амиқрафти бӯҳрон шумори мардикорони узбак афзоиш меёбад.

Узбакистон бо 27 миллимон аҳолӣ ҷумҳурии сераҳолитарини Осиёи Марказӣ мебошад. Соли гузашта вақте бӯҳрони саросарӣ паҳншавӣ дар гӯшаҳои мухталифи оламро оғоз намуд, президенти Узбакистон Ислом Каримов исрор меварзид, ки ҳукумат тамоми василаҳои ҷилавгирӣ аз сар задани бшҳрон дар Узбакистонро дар ихтиёр дорад. Моҳи декабр ҳам Каримов ин суханонашро такрор карда буд:

"Солҳои гузашта мо саривақт пояи мустаҳками низоми иқтисодиву молиро гузошта, ҷиҳози қобили эътимоди низоми бонкиро танзим кардаем. Бо фармони ахири раисҷумҳури кишвар, ки ҳадаф аз он коҳиши паёмади бӯҳрони саросарии моли мебошад, мо ба низоми бонкиву молӣ маблағи иловагӣ таъмин намуда, сектори воқеии иқтисод, воҳидҳои саноатӣ ва ширкатҳоро таҳким мебахшем".

Ҳоло ҳам бисёриҳо интизоранд, ки ин ваъда иҷро мешавад.
Расман дар Узбакистон камтар аз 1 дарсад аҳолӣ бекор аст. Аммо коршиносони узбак мегӯянд, дар мавсимӣ корӣ то панҷ миллион шаҳрванди Узбакистон ба Русияву Қазоқистон барои мардикорӣ мераванд. Шумори зиёди онҳо иҷозати шуғл надоранду аз ҷониби полису гурӯҳҳои ҷиноӣ азият мебинанд.

Вале мардуми ин кишвар таъқиби хунини эътирозҳои мардумӣ дар моҳи маи соли 2005-ум дар шаҳри Андиҷонро дар хотир дошта, аз вазъи бади худ дастаҷамъӣ шикоят намекунанд. Дар Андиҷон нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Узбакистон аз силоҳ кор гирифта, даҳҳо эътирозгарро ба қатл расонда буданд.

Дар ҳамин ҳол шореҳи мустақили узбак Камолиддин Рабимов мегӯяд, ки агар ҳукумат чораҳои фаврӣ наандешад, ва сатҳи некуаҳволии мардум дар ҳамин сатҳи поин боқӣ монад, таркиши иҷтимоӣ ва вуқуи ҳар гуна ҳодисаи ногувор имконпазир хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG