Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримов ва Ислом: Сарнавишти ояндаи Узбакистон


Ислом Каримов 17 сол аст, ки дар Узбакистон президентӣ мекунад
Ислом Каримов 17 сол аст, ки дар Узбакистон президентӣ мекунад

Пояи ҳокимиятдории 17-солаи президенти Узбакистон Ислом Каримов на танҳо таъқиб, балки ҳамчунон пуштибонии пешвоҳои баргузидаи мухталиф аст.

Аксарият бар ин назаранд, ки духтари президент Гулнора Каримова вориси раёсатҷумҳурии падараш хоҳад шуд, вале ӯ бояд муттафиқони падарашро мутмаин кунад, ки сазовори раҳбарии сулола аст.

Дар як пажӯҳише, ки ахиран маҷаллаи британиявии "Jane's" ба табъ расондааст, дар баробари ин хулосаҳо таъкид гардидааст, ки исломгароҳои Узбакистон аз нокомиҳои иҷтимоиву иқтисодии режими Каримов барои пешбурди барномаҳояшон истифода мебаранд.

Тақрибан 17 сол инҷониб Ислом Каримов раёсатҷумҳурии Узбакистонро бар дӯш дошта, назорати шадид рӯи кишвару ҳукуматашро ҷорӣ кардааст. Вале шореҳ Марк Галеоттӣ мегӯяд, ки аз раҳбарии бомуваффақияти Каримов мардуми Узбакистон нафъе набардоштаву бар илова дар Узбакистон исломгароии ифротӣ ба як василаи баёни эътироз табдил ёфтааст.

Моҳи декабри соли 2007-ум дар як интихоботи ба қавли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо саршор аз камбудӣ Каримов бори сеюм президенти Узбакистон интихоб шуд. Ӯ рӯи парламенти иборат аз ду маҷлис, ҳукми адлия ва ҳукуматҳои маҳаллӣ нуфузи бузург дорад.

Муаллифони гузориш дар маҷаллаи Jane's меафзоянд, ки дар баробари иҷбору таҳдид президент Каримов пуштибонӣ аз гурӯҳҳои мухталифи минтақавӣ ва ниҳодҳои давлатиро низ фаромӯш намекунад. Ӯ баъзан гурӯҳҳоро зидди ҳам шӯронида, баъзан имкон медиҳад, ки аз ҳисоби фасоду дуздӣ ва фаъолиятҳои иқтисодии зери сарпарастии ҳукумат сарватманд шаванд.

Каримов ва муттафиқонаш умед доранд, ки бо пешбурди сиёсати ба истилоҳ "узбакикунонӣ" аз дастгирии мардуми ин кишвар баҳраманд мешаванд. Ҳукумати зери раҳбарии Каримов худро ҳамчун ҳомии истиқлоли Узбакистон, тамомияти арзии ин кишвар ва сипар бар зидди терроризм ҷилвагар мекунад.

's мегӯяд, ки феълан чизе ба ҳокимиятдории Каримов таҳдид намекунад, вале Узбакистон бо ду мушкили дарозмуддат мувоҷеҳ аст: Мушкили аввал виросати қудрат аст. Каримови 70-сола то ҳол ҳеҷ нишон надодааст, ки рӯзе ба истеъфо меравад.

Аксарият бар ин назаранд, ки духтари Ислом Каримова Гулнора вориси раёсатҷумҳурии падараш хоҳад буд

Jane

Шореҳон тахмин мекунанд, ки шояд духтари 35 солаи ӯ Гулнора Каримова ба ин маснад пешбарӣ шавад. Муҳассили донишгоҳи Ҳарвард ва доктори донишгоҳи Тошканд духтари бузурги Каримов назорати чандин муассисаи фоидавори Узбакистонро таҳти назорат қарор дода, ахиран раҳбарии бахши фарҳангии вазорати корҳои хориҷии ин кишварро бар ӯҳда гирифт. Вале ин ба истилоҳ "маликаи Узбакистон" дар миёни мардуми одӣ ва баргузидаҳои ин кишвар эътибори зиёд касб накардааст.

Сониян, ба қавли маҷаллаи Jane's баъзе пешрафтҳои Узбакистон боиси ноором шудани мувозинати сиёсии ин кишвар мегардад. Узбакистон иддао дорад, ки соли 2007-ум афзоиши иқтисоди ин кишвар ба 9,5 дарсад мусовӣ буд. Дар ин иртибот шореҳони хориҷӣ иброз доштаанд, ки зоҳиран ин афзоиш аз 3 дарсад бештар набуд. Ба ҳар сурат Узбакистон аз болоравии нархи тилло, гази табиӣ ва пахта манфиати муайяне бардоштааст, вале ба қавли маҷаллаи британиявӣ тақсими ин даромад баробар набудааст.

Ибтидои соли 2008-ум таварруми Узбакистон ба 11 дарсад наздик шуда буд. Ба қавли СММ аз се як ҳиссаи 26 миллион аҳолии Узбакистон дар фақру нодорӣ ба сар мебаранд. Jane's навиштааст, ки дар саҳнаи сиёсии Узбакистон нерӯҳои нав пайдо шудаанд. Баъзе аз ин нерӯҳо роҳи муросо бо ҳукуматро пеш гирифтаанд, вале дигарон саъй доранд соҳаи нуфузашонро собит намоянд. Зоҳиран ҳамин нерӯҳои маҳаллӣ, ки аз дастрасӣ ба захираҳо маҳрум шуда буданд, моҳи маи соли 2005-ум дар водии Фарғона бар зидди ҳукумати Каримов қиём намуданд.

Ба навиштаи Jane's дар ҳоле, ки мухолифини дунявии Каримов таҳти таъқибу фишор қарор дошта, бархе ҳам муҳоҷиратро ихтиёр намудаанд, равшанфикрони узбак хавф доранд, ки исломгароҳои ифротӣ нокомиҳои ҳукуматро барои пешбурди сиёсаташон кор хоҳанд гирифт. Муаалифони гузориш хулоса кардаанд, ки барканоршавии Каримов аз сари қудрат, ки ҳатман рӯзе ба вуқӯъ хоҳад пайваст ва ба вижа дар ҳоле, ки ҷои ӯро як хонуми русзабони муҳассили Ғарб ишғол намояд, имкон дорад ин эътирозҳоро рӯи об барорад.

XS
SM
MD
LG