Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов китоби наверо ба нашр расондааст, ки “Маънавиёт нирӯи мағлубнашаванда аст” ном дорад.

Китобнависӣ, тавре ба назар мерасад, барои раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба як кори ба истилоҳ “мӯд” табдил ёфтааст. Ва ин раҳбарон одатан навиштаҳои худро як ҷузъи муҳими барномаҳои таълимӣ чӣ дар мактабҳо ва чӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои худ мегардонанд.

Китоби раҳбарони замон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамин тавр ҳатман куллия дафтарҳои кори раҳбарони зинаҳои поёнтар дар ин кишварҳоро зиннат медиҳад. Аммо дар китоби наваш ба баҳси масоили маънавиёт пардохтани Ислом Каримов мояи тамасхур ва ришханди ба вижа фаъолони ҳуқуқи башар шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ мардум осори президентҳоро китобҳое меноманд, ки касе онҳоро намехонад. Аммо раҳбарони ин минтақа, бо ин вуҷуд, даст аз таълифи китоб намебардоранд.

Охирин чунин китоб аз раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов аст, ки таҳти унвони “Маънавиёт нирӯи мағлубнашаванда аст” аз дасти чоп берун омад. Чунин унвони китоб барои муаллифе, ки аз худкоматарин раҳбарони Осиёи Марказӣ шинохта шудааст, албатта, дасти кам кинояомез аст. Ислом Каримов аммо дар байни руъасои ҷумҳуриҳои минтақа аз нависандагони пурмаҳсул шинохта шуда, китобҳои то кунун навиштааш бо теъдоди беш аз 30 миллион нусха нашр шудаанд.

Дар ҳафтаи гузашта телевизиони давлатии Узбакистон маросими муаррифии китоби нави Ислом Каримовро намоиш дод, ки дар он ширкаткунандагон китоби “Маънавиёт нирӯи мағлубнашаванда аст”-ро “ ҳамчун беҳтарин китоб пиромуни фалсафа ва маънавиёт аз замони Суқрот ба ин тараф” тавсиф мекарданд. Суқрот, қарори маълум, аз маъруфтарин донишмандони Юнони қадим ва аз асосгузорони фалсафаи Ғарб эътироф мешавад.

Маҳмуд Тоҳир, як шоири узбак, ки китоби нави Ислом Каримовро мутолиъа кардааст, мегӯяд, ин китоб “як роҳнамои маънавӣ нафақат барои миллати узбак, балки барои куллия миллатҳои дигари дунё низ” буда метавонад: “Дар тамоми давру замонҳо, мардуми соҳиби маънавиёти комил ба чароғи маънавии мардуми худ ва ҳамин тавр, вобаста ба дараҷаи дониши андӯхтаи худ, ба равшангари роҳи кулли башар мубаддал мешуданд. Ин китоб, пеш аз ҳама, ба тараққиёти ҷаҳон, ва сониян, ба ояндаи модар-Ватани мо – Узбакистон ва мардуми заҳматкаши он назар мекунад.”

Ба эҳтимоли ғолиб, харидорӣ ва мутолиъаи ин китоби президенти Узбакистон, амсоли китобҳои қаблан навиштаи Ислом Каримов, барои чӣ донишҷӯву чӣ профессор ҳатмӣ хоҳад шуд. Донишҷӯёни донишгоҳҳои Узбакистон ҳарсол мулзаманд аз китобҳои бешумори президент Каримов имтиҳон супоранд.

Китобҳои Ислом Каримов дар кулли донишгоҳҳо – чӣ дар бахши байторӣ ва чӣ дар риштаи муҳандисии роҳ – як ҷузъи муҳими барномаҳои таълимист. Донистани мазмуни китобҳои Каримов ҳатто барои довталабон як чизи ҳатмист ва онҳо ҳангоми вуруд ба донишгоҳ аз ин, ба истилоҳ, “фанн” низ имтиҳон месупоранд.

Китобнависӣ барои руъасои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мисли анъана шудааст. Тақрибан ҳамаи ҳамтоёни Ислом Каримов дар ин минтақа низ китобе аз худ навишта ва ё дасти кам маҷмӯъаи маърӯзаву суханрониҳои худро нашр кардаанд.

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар баробари даҳҳо мақолаи илмӣ ду китоб чоп кардааст, ки яке - “Стротежии истиқлолият” ва дуввумӣ - “Дар қалби АвроОсиё” ном доранд.

Исми Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар муқоваи чандин китоб пиромуни таърихи мардуми тоҷик ба ҳайси муаллиф омада ва 13 китоби ӯ ҳамроҳ бо 18 китобе, ки дар бораи ӯ навиштаанд, дар сайти расмии президенти Тоҷикистон дар як раф чида шудаанд. Китобҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дафтари кор ва манзили аксари мансабдорони тоҷикро зиннат дода, аломати изҳори садоқат ба раҳбар арзёбӣ мешавад. Вале Эмомалӣ Раҳмон, ба фарқ аз Ислом Каримов ё Сафармурод Ниёзов, раҳбари собиқи Туркманистон аз таълими ҳатмии осори худ дар макотиб ва донишгоҳҳо, ба ҳар сурат, андеша кардааст.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ки баъд аз фавти Ниёзов ба чавкии раёсати ҷумҳурии Туркманистон нишаст, ҳамагӣ чанд моҳ баъд аз расидан ба қудрат нахустин китобаш дар бораи низоми беҳдошти ин кишварро ба табъ расонд.

Аммо ҳеҷ яке аз раҳбарони Осиёи Марказӣ аз лиҳози шавқ ва алоқа ба навиштани китоб бо Сафармурод Ниёзов баробар намеояд. Китоби “Рӯҳнома”-и Туркманбошӣ, ки маҷмӯъаи иборат аз панду андарз, таърих ва тарҷумаи ҳоли ӯст, раҳнамои маънавии мардуми туркман ва асоси фарҳанг ва адабиёти он мардум таъйин шуда буд. Вуҷуди “Рӯҳнома” дар куллия муассисоти давлативу ғайридавлатӣ ва ҳатто дар масҷиду калисо ҳатмӣ буд ва вазорати маорифи Туркманистон омӯзиши ин китобро ба барномаи таълимии тамоми макотиб ва донишгоҳҳо ворид карда буд. Ҳатто ҳангоми гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ туркманҳо маҷбур буданд аз “Рӯҳнома” имтиҳон супоранд. Дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон ҳатто муҷассамаи ин китобро сохта буданд.

XS
SM
MD
LG