Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Курсиҳои норанҷиву сурху кабуди порлумони Укроин


Юлия Тимошенко дар бораи созиш миёни эътилофи ӯ ва ҳизби “Укроини мо” ба хотири таъсиси эътилофи ҳукмрон дар парлумон хабар дод.

Мувофиқа миёни ҳампаймонҳои собиқ аз замони “инқилоби норанҷӣ” баъди он ҳосил шуд, ки Комиссиюни марказии интихоботи Укроин расман натоиҷи райъдиҳӣ дар интихоботи порлумонии рӯзи 30 сентябрро эълон кард. Тибқи он, Эътилофи Юлия Тимошенко ва ҳизби “Укроини мо” – ҳизби пуштибон аз раисҷумҳур Виктор Юшенко дар маҷмӯъ 228 курсии Верховная Радаро соҳиб шуданд.

Ҳизби Манотиқи сарвазир Виктор Янукович ва Ҳизби Коммунисти Укроин дар якҷоягӣ 202 мандати парлумонро ба даст оварданд.

Коршиносон мегӯянд, вазъи кунунӣ қариб, ки такрори ҳаводиси се соли пеш аст, ки баъди пирӯзии инқилоби норанҷӣ эътилофи Виктор Юшенко ва Юлия Тимошенко сари қудрат омаданд. Ҳампаймонҳо эълом доштанд, ки ба хотири рушд ва шукуфоии кишвар даст ба ислоҳоти ҷиддӣ хоҳанд зад. Ва аммо ин эътилоф тӯлонӣ набуд.

Ба қавли коршиносон, ҳанӯз ҳам захмҳои ихтилофи миёни Юшенко ва Тимошенко тозаанд – моҳи сентябри соли 2005 Виктор Юшенко сарвазир Тимошенкоро аз маснади сарвазирӣ канор андохт. Ва ин ба Виктор Янукович, ки дар интихоботи такрории раёсати ҷумҳур мағлуб шуда буд, имкон дод, то раёсати кабинаи вазирони Укроинро бар дӯш гирад.

Ва аммо ба назар мерасад, баъди комёбии бесобиқааш дар интихоботи ахири парлумонӣ Юлия Тимошенко мутмаин аст, ки дубора дар курсии сарвазири Укроин менишинад.

Юлия Тимошенко мегӯяд, ки “норанҷиҳо” аз он чӣ солҳои қаблӣ рух дода буд, сабақ гирифтаанд. Дар сӯҳбат бо хабаргузории Ассошейтед Пресс ӯ изҳор кард, “мо дақиқан медонем, ки чӣ кор кунед, чӣ гуна кор кунем ва бо кадом даста кор кунем”.

Ва аммо иддае аз коршиносон ба гуфтаҳо бо назари шубҳа менигаранд. Таҳлилгари сиёсӣ Иван Лозовий ҳадс мезанад, ки эътилофи дуввум ҳам чун эътилофи аввал тулонӣ нахоҳад буд, зеро ба андешаи ҷаноби Лозовий, манфиатҳои Юшенко ва Тимошенко аз ҳам фарқ мекунанд ва ин фарқ дар интихоботи раисҷумҳур рушантар хоҳад шуд.

Бо ин ақида Ян Максимюк – коршиноси Радиои Озодӣ дар Укроин ҳам мувофиқ аст. Ӯ мегӯяд, агар парлумон барои дар мақоми сарвазири пазируфтани Юлия Тимошенко муваффақ нашавад, эҳтимол дорад эътилофи нав хело зуд аз байн равад.

Ҳанӯз рушан нест, ки нишасти нахустини парлумони нав кай баргузор мешавад. Ва аммо гуфта мешавад, теъдоди вакилони эътилофи ҳукмрон барои ба манфиати худ ҳал кардани ҳама гуна масоил кофӣ нест ва ҳатто, бигирем, маризии зуком метавонад таносуби неруҳо дар парлумонро тағйир диҳад ва ё дар пазируфтани пешниҳоди эътилофи ҳукмрон монеъ эҷод кунад. Барои ҳалли ин мушкил эътилофи ҳукмрон бояд ҳизби раиси собиқи Верховная Рада Владимир Литвинро, ки 20 курсии парлумонро дар ихтиёр дорад, ба сафи худ ҷалб кунад ва аммо музокирот бо ин неруи сиёсӣ то ҳол ноком анҷом ёфтанд.

XS
SM
MD
LG