Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи панҷшанбе додгоҳи олии Укроин судури натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумонии кишварро ба таъхир андохт ва ҳамроҳ бо он нақшаҳои ташкили ҳайати нави ҳукуматро низ ба мӯҳлати номуйян вогузор кард. Сабаби чунин таъхирандозӣ номаи шикоятии ҳизби коммунист будааст, ки мегӯяд, дар ҷараёни ҳисобу китоби раъйҳо мавридҳои тақаллуб ва қонуншиканиҳо роҳ доштааст.

Аммо аз ҳоло гуфта мешавад, ки шикояти коммунистҳо, ба эҳтимоли ғолиб, наметавонад ба натиҷаҳои интихобот, ки аз ҳоло маълум аст, таъсире расонад. Феълан, эътилофи Юшенкову Тимошенко 228 курсӣ ва ҳизби минтақаҳои нахуствазир Виктор Янукович 175 курсии парлумонро дар ихтиёр доранд.

Дирӯз Виктор Юшенко, раисҷумҳури ин кишвар, роҷеъ ба тавофуқ миёни ду ҳизби ғарбгарои пирӯз дар интихобот изҳорот дод ва гуфт, ки аъзои эътилоф барои пешбарии Юлия Тимошенко ба мансаби нахуствазирии кишвар тавофуқ ҳосил кардаанд.

Вале иддае аз коршиносон мегуянд, интизор меравад, Юлия Тимошенко нахуствазир ва намояндаи ҳизби "Украинаи мо" раиси парлумон интихоб шаванд. Ба гуфтаи онҳо, ҳизби Юлияи Тимошенко бахшҳои иқтисодии ҳукумат ва "Украинаи мо" бахши қудратиро таҳти назорат хоҳанд гирифт.

Ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар шароити ба мансаби нахуствазирӣ пазируфта шудани номзадии хонум Юлия Тимошенко аксар таҳлилгарони дохилӣ ба ҳалшавии мушкилоти воқеии иқтисодиву сиёсии кишвар боэҳтиёт менигаранд. Яке аз онҳо Кост Бондаренко аст, ки мегӯяд, хонум Тимошенко пеш аз ҳама як сиёсатмадор, сиёсатмадори суханфурӯш аст. Ба назари вай, Тимошенко шахсест, ки мафкураи соҳибкорӣ дорад ва ба ҳайси сиёсатмадор як шахси суханфурӯш аст, ки ба ҳар тараф ваъдаҳо медиҳад ва дар айни замон парво надорад, ки чӣ касе ин ваъдаҳоро иҷро хоҳад кард.

Аксари таҳлилгарон дар Украина мегӯянд, ки хонум Тимошенко курсии нахуствазириро чун як марҳилаи муваққат дар роҳи расидан ба мансаби раёсатҷумҳурӣ арзёбӣ мекунад. Виктор Юшенко ҳам хуб медонад, ки хонум Тимошенко дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2010 рақиби аслии вай хоҳад шуд ва умедвор аст, ки ба ҳайси мудири начандон кордон вай дар вазифаи раиси ҳукумат ба иштибоҳу камбудиҳо роҳ хоҳад дод.

Дар айни замон, таҳлилгарон, бо нигоҳ ба шахсияти хонум Тимошенко ва муборизаҳои сарсахтонаи вай барои қудрат мегӯянд, ки баъди таҷрибаҳои кории гузаштаи вай ба ҳайси муовини нахуствазир ва раиси ҳукумати Украина дар соли 2005, ҳамакнун вай бояд боёҳтиёт ҳаракат кунад.

XS
SM
MD
LG