Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз ихроҷи нерӯҳои ИМА аз Ироқ


Адмирал Майк Муллен, раҳбари ситоди муштараки қувваҳои мусаллаҳи Амрико
Адмирал Майк Муллен, раҳбари ситоди муштараки қувваҳои мусаллаҳи Амрико

Раҳбари ситоди муштараки қувваҳои мусаллаҳи ИМА мегӯяд, таъйини муҳлати ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқ “пайомадҳои ниҳоят хатарнок” хоҳад дошт.

Зимни мусоҳиба бо телевизиони “Фокс Нюс” адмирал Майк Муллен, раҳбари ситоди муштараки қувваҳои мусаллаҳи Амрико, гуфт, таъйини давраи дусола барои ихроҷи нерӯҳо метавонад пешрафтҳои сиёсӣ ва иқтисодии ин кишварро ба хатар рӯ ба рӯ кунад.

Барак Обама, номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико, ки қарор аст ба Ироқ сафар кунад, мегӯяд, дар сурати интихобаш нерӯҳои Амрикоро дар зарфи 16 моҳ аз Ироқ ба ватанашон бармегардонад.

Бар асоси гузоришҳо, ин пешниҳод аз нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ будааст, вале як сухангӯи ҳукумати Ироқ гуфт, сухани нахуствазирро нодуруст фаҳмидаанд.

XS
SM
MD
LG