Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соле пеш дар Белгия ҳамлаҳои террористӣ рух дод


Як сол пеш дар ҳамин рӯз таркишҳои террористон дар Белгия ҷони 32 нафарро гирифта буд. Рӯзи 22 март дар Брюссел маросими поси хотири қурбониёни ба қавли сокинон "даҳшатноктарин ҳодисаҳо дар таърихи“ ин пойтахти аврупоӣ баргузор шуд. Дар маросиме, ки дар фурудгоҳи Завентем баргузор шуд, шоҳ Филипп, малика Матилда, нахуствазир Чарлз Майкл ва садҳо нафари дигар иштирок карданд. Дар як толори серодами ин фурудгоҳ бомбгузори маргталабе худро тарконда боиси кушта шудани 16 нафар шуд.

Баъди як лаҳзаи сукут дар соати 7:58 дақиқаи субҳ ҳамаи ширкатдорони ин маросим савори қатор ба истгоҳи Маелбек ҳаракат карданд. Дар ин истгоҳи метрои воқеъ дар маркази шаҳр соати 9:11 соле пеш бомбгузори маргталаби дигаре 16 нафари дигарро кушта буд. Баъди қироати номҳои қурбониёни ҳодисаҳои террористӣ, як масъули фурудгоҳи Брюссел гуфт, ки сокинони кишвар ҳеҷ гоҳ ин нафаронро, ки рӯзи 22 марти соли 2016 қурбон шудаанд, фаромӯш нахоҳанд кард.

Ларс Вейсманн, ҳамсари як зани дар фурудгоҳ кушташуда гуфт:

"Рӯзи 22 марти соли 2016 зиндагии мо чаппаву роста шуд. Дар ин рӯз ҳамсари зебоямро аз даст додам. Ман борҳо аз худ пурсидам, ки чӣ шуд? Чаро мо 10 дақиқа дер накардем? Чаро мошинро сусттар ҳаракат надодем? Чаро? Вале кори ношуданӣ шуд. Дар они воҳид тамоми ҷаҳони ман дигар шуд. Аз хурсандии ин ки ҳамроҳ ба дидани Ню-Йорк меравем, ба як даҳшат гирифтор шудам”.

Дар ҳодисаҳои соле пеш 320 нафар маҷрӯҳ шуданд ва муфаттишон гуфтанд, ки ин ҳодисаро шабакаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом додааст. Ҳамлаи ваҳшиёнаи куштори 130 сокини Парижро ноябри соли 2015 айни ҳамин гурӯҳ анҷом дода буд.

XS
SM
MD
LG