Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама Клинтонро дар Каролинаи Шимолӣ шикаст дод


Бино ба натиҷаҳои интихоботи муқаддамотии раисҷумҳури Амрико дар иёлати Каролинаи Шимолӣ, Обама бар Ҳ. Клинтон дастболо шудааст.

Дар ин иёлати бузурги Амрико 64 дарсади раъйдиҳандагон ба тарафдории Барак Обама овоз додаанд ва Ҳилларӣ Клинтон 36 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи натиҷаҳои муқаддамотии интихобот дар иёлати дигари ИМА - Индиана Ҳилларӣ Клинтон бо 52 дарсад ғолиб омада, ва Обама 48 дарсади раъйи интихобкунандагонро гирифтааст.

Раъйгириҳои муқаддамотӣ дар Индиана ва Каролинаи Шимолӣ аҳамияти калон дошт, чунки теъдоди ҷамъи вакилони интихоботии ин ду иёлат 187 нафар аст ва ҳам Ҳиларӣ Клинтон ва ҳам Барак Обама ба овози ҳар як аз ин вакилон ниёзманданд. Барои он ки довталаб аз ҷониби ҳамоиши демократҳо ҳамчун номзади расмии ҳизб дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пазируфта шавад, ӯро бояд 2025 вакили интихоботи тарафдорӣ намоянд.

Қабл аз раъйгириҳои Индиана ва Каролинаи Шимолӣ Обамаро 1745 ва собиқ хонуми аввалро 1608 вакили интихоботӣ ҷонибдорӣ мекарданд. Ва агар дар поёни маъракаи интихоботии муқаддамоти ҳеҷ кадоми онҳо ба ҷамъ кардани теъдоди зарурии ороъ ноил нагарданд, тасмими ниҳоиро супервакилони интихоботӣ, яъне мақомдорони ҳизби демократ хоҳанд гирифт. Аммо аз ин нишондод Ҳиларӣ бар Обама бартарӣ дорад, ҳамин тавр дар айни ҳол ба ҷониби сенатори иёлати Иллинойс 255 ва ба Клинтон 269 супервакили интихоботӣ овоз додаанд.

Дар пешорӯи раъйгириҳо дар Индиана ва Каролинаи Шимолӣ ҳарду довталаб маъракаҳои таблиғотии густарда ба роҳ монда, мавқеъи якдигарро мавриди интиқод қарор додаанд. Ҳамин тавр, Ҳиларӣ Клинтон дар ҳамоишҳои тарафдоронаш иброз дошт, ки ӯ ягона номзадест, ки метавонад намояндаи ҳизби мухолифи ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейнро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ шикаст диҳад. Барак Обама дар навбати худ бархурди Клинтон ба қазияи Эронро мавриди интиқод қарор дода гуфт, нуқтаи назари Ҳиларӣ аз мавқеъи Ҷорҷ Буш ҳеҷ тафовуте надорад ва ҳамон шеваи таҳдид ва гуфтугу аз роҳи зурии силоҳро дорад. Сенатори ӣёлати Иллинойс афзуд “ин забоне нест, ки мо дар айни ҳол бояд аз он истифода барем”.

Бо вуҷуди ин сенатор аз аёлати Ню Йорк, Клинтон, мавқеашро ҳимоят карда, изҳор дошт, ки ӯ пушаймон нест, ки ваъда додааст, агар Теҳрон Исроилро мавриди зарбаи ҳастаӣ қарор диҳад, Эронро нобуд хоҳад кард. Ҳилларӣ Клинтон бори дигар зимни маъракаи интихоботиаш пешниҳоди ба хотири коҳиши нархи сузишворӣ сарфи назар кардан аз молиёти бензин дар тули тобистонро такрор намуд, аммо Барак Обама ин тарҳи рақибашро низ ба боди интиқод кашида гуфт, аз ин роҳ мушкили умдаи афзоиши баҳои бензинро намешавад ҳал намуд ва ин пешниҳод сирф найрангбозӣ ва амали таблиғотист.

XS
SM
MD
LG