Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Авҷи рақобатҳо дар сабқати байни Обама ва Клинтон


Баҳси мустақими телевизионӣ миёни хонуми Клинтон ва ҷаноби Обама.

Баҳси мустақими телевизионӣ миёни хонуми Клинтон ва ҷаноби Обама.

Шиддати мубориза миёни ду муддаъии раёсатҷумҳурии Амрико аз Ҳизби демократ, Ҳилларӣ Клинтoн ва Барак Обама, дар аёлатҳои Оҳайо ва Тексас ба авҷи худ расид.

Охирин баҳси телевизионии онҳоро шореҳон ба шамшерзании лафзие монанд карданд, ки аз ҳар зарба оташ ба чаҳор сӯ мепарид. Рақибон ин бор бештар руи масъалаҳои марбут ба ҳифзи сиҳат, тиҷорати озод ва ҷанги Ироқ тамаркуз карданд.

Сенатор Обама ҳангоми ба нишони эҳтиром пӯшидани либоси миллии африқоӣ дар Кения, 27 августи соли 2006.
Баҳс дар ҳоле ҷараён гирифт, ки Обама нашри як акси худро дар интернет дар либоси шабеҳ ба пушиши мусулмонон ба ситоди хонуми Клитон пайванд дод. Дар он Обама дар сар саллаи сафед ва дар тан пушиши сафеди шабеҳ ба нимаиҳром дорад. Ходимони ситоди таблиғотии Кинтон пеш аз ин ҳам иттилоъеро нашр карда буданд, ки Обама эҳтимолан гузаштаи исломй дорад. Аммо хонуми Клинтон ҳама гуна пайванди ситодашро бо интишори ин акс рад кард ва дар посух Обамаро айбдор намуд, ки бо тафсири нодурусти барномаи тандурустии ӯ ба интихобкунандагон варақаҳои тӯҳматомез фиристодааст.

Таҳлилгарон ҳодисаҳои ахирро аломати яъси тарафдорони хонуми Клинтон номиданд ва мегӯянд, барои Ҳилларӣ пирӯзӣ дар Оҳайо ва Тексас ҳаётан муҳим аст, зеро бидуни он дар саҳна боқй монда наметавонад. Худи Клинтон батакрор аз корозмудагии хеш дар сиёсати хориҷӣ ҳарф зад ва гуфт: "Дар майдон бо сенатор Маккейн, ки зоҳиран номзади ҷумҳурихоҳон мешавад, ман беҳтар метавонам рӯбарӯ қарор бигирам ва як қатор масъалаҳоеро ҳал кунам, ки Амрико дар пеш дорад."

Аммо дар ҳамин баҳси мустақими телевзионӣ хонуми Клинтон, ки ҳарчанд вазъи феълии Русияро дуруст шарҳ дод, натавонист, номи перзиденти баргузидаи Путинро ба забон орад. Гоҳе ки ӯ паёпай бе зикри номи Медведев аз ӯ сухан гуфт, муҷрии намоиш дар телевзиони NBC, Тим Рассурт пурсид, оё Клинтон номи ин номзадро медонад. Бону Ҳилларӣ дар зикри номи Медведев хеле мушкилӣ кашид ва танҳо бо мадади журналист, тавонист онро ба забон орад.

Дар навбати худ Обама низ сиёсатдонии Клинтонро ҳадафи асосии зарбаҳои худ қарор дод. Вай гуфт: "Дар ҳоле ки вай Бушро танқид мекунад, ки қазовати бисёр бад дорад ва кишвар як чунин шахси дигар шабеҳи ӯро таҳаммул карда наметавонад, амалан хонуми Клинтон ба ин шахс кӯмак кард, то тасмими ҷанги Ироқро бигирад, ки барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз лиҳози стратегӣ тахрибгарона буд."

Дар ин байн, шореҳон бо тардиди хеле кам пирӯзии Обамаро дар Оҳайо ва Тексас пешгӯӣ мекунанд. Ҳатто на танҳо дар ин аёлат. Тибқи назарсанҷии CBS News ва New York Times 54 дарсади демократҳои Амрико аз Обама ва 38 дарсад аз Клинтон пуштибонӣ хоҳанд кард.

Дар ҳоли ҳозир шумори вакилони тарафдори Обама дар анҷумани ҳизбӣ аз вакилони ҳавохоҳи Клинтон наздик ба сад нафар бештар аст. Аммо тасмими қариб 600 вакил ҳанӯз маълум нест ва мубориза барои ҷалби онҳо идома дорад.
XS
SM
MD
LG