Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати Клинтон ва Обама шиддат мегирад


Ҳилларӣ Клинтон аз пирӯзии худ дар Пенсилвониё истиқбол мекунад
Ҳилларӣ Клинтон аз пирӯзии худ дар Пенсилвониё истиқбол мекунад

Таҳлилгарони сиёсӣ бар ин ақида буданд, ки Ҳилларӣ Клинтон барои идомаи мубориза барои номзадӣ ба президент интихоботи Пенсилвониёро бибарад.

Ва хонум Клинтон интихоботи Пенсилвониёро бурд. 55 дарсад рай ба даст овард, дар ҳоле, ки райи ба дастовардаи рақиби вай Барак Обама 10 дарсад камтар аст. Ин тафовут барои хонум Клинтон дилгармкунанда ба назар мерасад. Ба ҷонибдорӣ аз Барак Обама аслан табақаи миёна, ҷавонон ва шаҳрнишинони сиёҳпуст рай доданд, дар ҳоле, ки ба ҷонибдорӣ аз Ҳилларӣ Клинтон аксарияти мутлақи коргарони сафедпуст ва аҳолии солманд рай доданд ва тафовут ҳам ҳамин аст.

Шаби гузашта хонум Клинтон аз ҷонибдорони худ ташаккур кард ва қавл дод, ки то охири маъракаи интихоботӣ бо ҳамин руҳия муборизаро идома хоҳад дод. Вай гуфт, "барои мо дар пеш кор ҳануз зиёд аст. Агар шумо омода бошед, ман ҳам омодаам. Ман ҳоло метавонам пешпо хурам ва биафтам, вале то замоне, ки шумо дар паҳлуи ман ҳастед, қомати ман афрохта хоҳад буд. Зеро барои ман, саранҷом, масъала ин нест, ки мо метавонем ваъдаи Амрикоро иҷро кунем, балки масъала ин аст, ки мо ваъдаи Амрикоро иҷро хоҳем кард".

Пирӯзии хонум Клинтон дар ин марҳала вайро руҳбаланд мекунад, вале вай дар баробари муборизаи шадид бо Барак Обама қарор дорад. Обама аз ҷонибдорони худ хост бештар ба масоиле таваҷҷуҳ кунанд, ки бо Амрико созгор нест. Вай гуфт,

"гаҳ-гоҳе осон аст фаромуш кунем, ки ин маъракаи интихоботӣ дар бораи чист ва ҳамон лаҳза сари калобаро гум кунем. Осон аст худро бибозем, заъфияти фикр боло бигирад, дандон ба дандон бигзорем ва баҳс кунем, ки касе аз бохт эмин нест. Вале масъалаи аслӣ бояд ин бошад: Ду ҷанг, буҳрони иқтисодӣ ва хатар ба сайора. Ин масъалаҳо барои кишвари созгор нест".

Ҳатто бо назардошти натиҷаҳои интихоботи муқаддамотӣ дар Пенсилвониё Барак Обама аз лиҳози шумораи умумии раъй дар сафи пеш аст. 6-уми май дар аёлатҳои Каролинаи Шимолӣ ва Индиана интихоботи муқаддамотӣ барои интихоби номзади ҳизбӣ баргузор мешавад. Агар Ҳилларӣ Клинтон дар ин ду аёлати боқимонда низ пирузӣ ба даст орад, аз лиҳози шумораи намояндагони ҷонибдори худ наметавонад аз Барак Обама пеш гузарад. Ва ин масъала ба ҷаласаи ниҳоии моҳи августи Ҳизби Демократ хоҳад монд, ки барои интихоби намояндаи ҳизбӣ баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG