Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахсиси 600 миллиард доллар барои иқтисоди ИМА


Бонки марказии ИМА эълон кардааст, ки ба хотири рушди иқтисоди ин кишвар 600 миллиард доллари иловагӣ тахсис медиҳад. Коршиносону ходимони соҳаи бонкӣ ба ин тасмим баҳои мухталиф дода, баъзеҳо онро тарҳи хатарнок номидаанд.

Коршиносон мегӯянд, соли гузашта вуруди сармояи иловагӣ дар ҳоле ба амал омад, ки ИМА дар авҷи бӯҳрони молӣ қарор дошт, ҳоло бошад, ба гуфти онҳо, бояд имкон дод, ки ширкатҳо худашон роҳи рушдро пайдо кунанд.

Рӯзи чоршанбеи 3-юми ноябр Бонки марказии ИМА иброз дошт, ки ба хотири рушди иқтисод ва ба вижа низоми молии ин кишвар, ҳамчунин ба маблағи садҳо миллиард доллар қарзҳоро харидорӣ мекунад.

Кумитаи ташхиси сиёсати Бонки марказии ИМА изҳор намуд, ки то миёнаҳои соли оянда 600 миллиард доллар бо ҳадафи харидории бонд ё худ авроқи қарзаи ҳукуматӣ масраф намуда, аз ҳисоби поин нигаҳ доштани мафоди бонкӣ имкони дарёфти осони қарзро ҳифз хоҳад кард.

Роҳи коҳиши мизони бекорӣ

Тахмин мешавад, ки чунин вазъ боиси дарёфти қарзи бештар, афзоиши масрафи ширкатҳо ва билохира афзоиши суръати рушди иқтисод хоҳад гашт. Ҳамчунон ба фикри кумитаи ташхиси сиёсати Бонки марказии ИМА, ширкатҳо имкон меёбанд коргарони нав киро кунанд.
Феълан дар ИМА мизони бекорӣ то 10 дарсад боло рафтаву бонки марказӣ таъкид мекунад, ки суръати сусти рушди иқтисод имкон намедиҳад, ҷойҳои нави корӣ ба қадри кофӣ ташкил шавад.

Тибқи омори расмӣ дар моҳҳои июл, август ва сентябри соли равон суръати рушди иқтисоди ИМА 2%-ро ташкил дода буд. Аммо ба ақидаи иқтисоддонҳо барои поин бурдани мизони бекорӣ суръати рушд бояд дар як муддати тӯлонӣ ҳадди ақалл 3%-ро ташкил диҳад.
Бозорҳои молӣ дер боз интизори ин иқдоми Бонки марказии ИМА буданд ва вақте шоми чоршанбе садо зангӯлаи бозори Dow Jones-и ИМА баланд шуд, ҳам нишондиҳандаи фаъолияти ширкатҳо ва ҳам нархи нафт боло рафт.

Таъсири интихобот ба иқтисоди ИМА

Шореҳон бар ин назаранд, ки пирӯзии ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи миёндавраии Конгресси ИМА ба тақвияти эътимоди соҳибкорон кумак хоҳад кард. Дар натиҷаи овоздиҳии рӯзи 2-уми ноябр назорати Маҷлиси Намояндагон, яъне маҷлиси поёнии Конгресс ба дасти ҷумҳурихоҳон гузашт, ки ҳамчун пуштибони соҳибкорон шинохта мешаванд.

Соли 2009-ум дар авҷи бӯҳрони молӣ ИМА 1,7 триллион долларро ба иқтисоди ин кишвар ворид намуда, хоҷагии ин кишвар ва ба хусус бонкҳоро аз варшикастагӣ раҳо дод. Аммо баъзе иқтисоддонҳо ишора мекунанд, ки имрӯз вазъ дигар аст ва ҳоҷате барои тахсиси пули зиёд нест, зеро он кафолати пайдоиши ҷойҳои нави кориву суръатбахшии рушди иқтисод буда наметавонад.

Дигарон мегӯянд, ки сарфи назар аз рушди заиф бонки марказии ИМА бояд шароит фароҳам меовард, ки ширкатҳо бо имконоти дохилӣ роҳи беруншавӣ аз вазъи ногувор ва афзоиши рушдро дарёфт кунанд. Ин шореҳон хавф доранд, ки сармоягузорон дар ҷустуҷӯи фоидаи бештар пули худро ба бозорҳои Бразилия, Ҳиндустон ва дигар мамолики дар ҳоли рушд интиқол хоҳанд дод.

Бар илова нигаронии зиёд аз "мусобиқаи беқурбкунӣ"-и пулҳо ба гӯш мерасад. То ҷое маълум аст, бонкҳои марказии Аврупо, Британия, Япония ва дигар кишварҳои саноатӣ бо ҳадафи ташвиқи рушди иқтисодиву содирот имкони поинбарии қурби пулҳояшонро арзёбӣ доранд.
XS
SM
MD
LG