Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Русия ва Чин аз режими Зимбабве


Роберт Мугабе, раисҷумҳури Зимбабве

Роберт Мугабе, раисҷумҳури Зимбабве

Русия ва Чин тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои ҷорисозии таҳримҳо зидди режими Роберт Мугабе, раисҷумҳури Зимбабверо рад карданд.

Ин тарҳ, ки бо ибтикори намояндагони кишварҳои Ғарб дар СММ омода шудааст, ҷорисозии таҳримҳо алайҳи раисҷумҳури Зимбабве Роберт Мугабе ва иддае аз аъзоёни калидии ҳукумати ӯ ва ҳамчунин манъи фурӯши аслиҳа ба ин кишварро дар назар дорад.

Вале намояндаи Русия дар СММ Виталий Чуркин тарҳи қатъномаи мазкурро ҳамчун талоши дахолат ба масоили дохилии як кишвари мустақил унвон кард.

Роберт Мугабе бо тақаллубкориҳои шадид дар интихоботи раисиҷумҳури ин кишвар муттаҳам мешавад. Дар пайи даври аввали интихоботи раисҷумҳур дар ин кишвар, ки ду ҳафта қабл сурат гирифт, тарафдорони Роберт Мугабе пуштибонони мухолифинро мавриди лату кӯб, таҷовуз ва куштор қарор доданд.

Ва Мугабе, ки 28 сол аст дар Зимбабве сари қудрат мебошад, барои боз 5 соли дигар курсии раисҷумҳури Зимбабверо соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG